Конститутсияи Тоҷикистон санади ҳимояткунандаи ҳуқуқи инсон аст

Картинки по запросу фото конституции таджикистана6 ноябри соли 2019 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Дар ин рӯз Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул карда шуд. Дар таҳия ва муҳокимаи он мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ, одамони касбу кори гуногун фаъолона иштирок карданд.

Қабули Конститутсия пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дуюмин рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба шумор меравад, ки он дар саҳифаи таърих ҳамчун рӯзи қабули  Конститутсия сабт гардидааст. Халқи Тоҷикистон бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсия ҳамасола таҷлил менамоянд.

Конститутсияи Тоҷикистон дар давоми 25 соли мавҷудияти худ аз санҷиши вақт бомуваффақият гузашта,  гарави устуворӣ ва ризоят дар мамлакат гардид.

Конститутсия қонуни асосии муқарраркунандаи давлат, санади махсус ва дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад, ки он принсипҳо, қоидаҳои асосӣ ва муҳимро муайян мекунад ва онҳо дар қонунҳои алоҳида мушаххас карда мешаванд.

Дар Конститутсия маротибаи нахуст ғояҳо ва принсипҳое ворид карда шуданд, ки барои ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз ақидаҳои сиёсиашон якхел муҳим буданд. Ин принсипҳо инҳоянд: арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, устувории сиёсӣ ва тақсимнопазирии ҳудуди давлат,  хусусияти иҷтимоӣ ва дунявӣ доштани давлат, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, эътироф ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият ва дигарҳо, ки ба ҳамдигарфаҳмии ҷомеа оварда мерасонанд.

Якумин маротиба дар Конститутсия дар ҷойи аввал принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳуқуқи инсон ҷойгир карда шуданд. Мазмуни инсондӯстонаи Қонуни асосии мамлакат ва  дастоварди аз ҳама муҳими Конститутсия аз ин иборат аст, ки он эълон намуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Боби дуюми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шуда, давоми 25 сол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба мадди аввал гузошта мешавад.

 Дахлнопазир эътироф  гардидани ҳуқуқҳои фитрии инсон асоси Конститутсияро ташкил мекунанд. Ин он маъноро дорад, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи худро вобаста ба таваллуд пайдо мекунад ва онҳо аз ҷониби давлат тақдим нашудаанд ва давлат шаҳрвандони худро аз ин ҳуқуқҳо маҳрум карда наметавонад, аз ҷумла шаҳрвандии онҳоро.

Барои амалишавии ҳуқуқҳои фитрии инсон, ба мисли ҳуқуқ ба ҳаёт, ба озодӣ, ба ҳастии кофӣ, ба моликият, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, ба ҳифзи қадру қимат ва номи нек, ҳифзи модарию кӯдакӣ, пиронсолӣ ва дигарҳо фақат ҳолати таваллуд басанда аст,  доштани шахсият ва шаҳрвандӣ талаб карда намешавад.

Дар Конститутсия мазмуну моҳияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дарҷ гардид.

Яке аз хусусияти муҳими Конститутсия ин аст, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар моддаи 10 он омадааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Амали бевоситаи Конститутсия маънои онро дорад, ки судҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳангоми баррасии масъалаҳо ва қабули қарорҳо метавонанд бевосита меъёрҳои онро ба роҳбарӣ гиранд.

Ба туфайли Конститутсия дар ҷумҳурӣ падидаи Президент, Парламент, ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, ба озодии рафту омад, озодии сухан ва дигарҳо пайдо шуданд. Дар он забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ифодаи қонунии худро ёфтаанд.

Муҳимтарин талаботи Конститутсия ин буд, ки тибқи он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда шуд.

Дар Конститутсия ба ташкил ва бунёди ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аҳамияти махсус дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба туфайли Конститутсияи худ дар муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуд.

Муносибат нисбати шахси дигар новобаста аз вазъи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқии ӯ,  муносибат нисбати ҳуқуқи дигарон, ки бар ҳар як кас аз лаҳзаи таваллуд дода шудааст, муносибат нисбати озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиш ҳеҷ кас ҳуқуқи гирифтанро надорад – дар умум мазмун, мақсади ҳуқуқҳимоякунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунанд.

Пӯшида нест, ки  барои амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо эълон намудани онҳо басанда нестанд. Хусусияти хоси Конститутсияи Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сабт гардидаанд, ки инҳоянд:

аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (моддаи 5);

— бар ҳар кас кафолат дода шудани ҳифзи судӣ (моддаи 19) ва аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз гардидани ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд (моддаи 84);

— аз ёрии адвокат истифода намудан аз лаҳзаи дастгир шудан (моддаи 19);

-эътироф намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (моддаи 64);

-кафолат дода шудани таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 67);

-кафолат дода шудани ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ (моддаи 92);

-аз ҷониби давлат кафолат дода шудани ҳифзи судӣ барои ҷабрдида (моддаи 21) ва дигарҳо.

Конститутсия на фақат қонуни асосии давлат, инчунин арзиши махсус, рамзи ягонагии давлату ҷомеа мебошад. Барои он, ки иқтидори Конститутсия амалӣ гардад, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия мусоидат намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои худро донад ва ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Ашӯров М., сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ