Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Копия 20191004_100140

Рӯзи 4 октябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Р.Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният намуданд. Қайд гардид, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Таъкид гардид, ки дар давраҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта равшанфикрони тоҷик барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ талош варзида, 22-июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар миқёси собиқ давлатҳои  Иттиҳоди Шуравӣ аввалин  ба ҳисоб мерафт. Баъдан соли 2009 қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Сипас Содиқов А.М. – сардори шуъбаи ҳифзи далатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ – ифтихори мо» баромад намуд. Зимни маърӯза аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ёддоварӣ  шуд, ки гуфтаанд: «Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад».

Дар қисмати муҳокимавӣ иштирокчиён вобаста ба маърӯза саволу ҷавоб карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки забони давлатӣ дар ҳифз ва рушди ҳувияти миллӣ, фарҳанг, ойину суннатҳои мардумӣ нақши муҳим дорад.

Дар интиҳои чорабинӣ Р.Ҳабибулозода ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, ҳамагонро барои пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ даъват намуданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ