Муҳоҷират ва ҳуқуқи инсон

article14008

Раванди муҳоҷират дар даврони ҷаҳонишавӣ ба як падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Тибқи иттилои бадастомада имрӯзҳо  тақрибан 258 миллион нафар одамон, ки мутаносибан 3% аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд дар хориҷи кишвар, яъне берун аз ватанашон зиндагонӣ мекунанд.

Новобаста аз он, ки қисме аз муҳоҷирон ихтиёран ватанашонро тарк кардаанд, аксарият маҷбур шудаанд бо якчанд сабабҳо, аз ҷумла, сатҳи пасти зиндагӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, маориф, таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ, хӯрокворӣ, манзил ва бад будани вазъи экологии маҳалли зисташон, ҳамчунин зери таъкиб гирифтор шуданашон аз тарафи давлат ва муноқишаҳои дохилӣ ҷои зисти доимии худро тарк кунанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирон ба қисми осебпазири аҳолӣ мансуб набошанд ҳам, дар бисёр ҳолатҳо ҳуқуқҳои онҳо поймол мегардад. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии онҳо, дастгиркунии худсарона, мавриди шиканҷа қарор гирифтан ва ҳамчунин халалдор шудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо аз ҷумла, ҳуқуқ ба саломатӣ, манзил, таҳсил ва ғайраҳо. Таъмин нагардидани ҳуқуқи муҳоҷирон дар бисёр ҳолатҳо ба зери табъиз қарор дода шуданашон вобастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои пешрафта давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, ножод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дода аст.

Аксарияти муҳоҷирон дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта, бо сабаби табъиз шуданашон ба ҳеҷ куҷо шикоят намекунанд ва аз ҳуқуқуқу озодиҳояшон бархурдор нестанд.

Бояд қайд намуд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт бо мақсади беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом дода, пеш аз оғози барномаи сафарӣ бо роҳбарону намояндагони диаспор, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷуёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот намуданд. Дар мулоқот қайд карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳаё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 назар ба соли 2013 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, қариб 50 фоиз кам гардида, тибқи омори расмӣ 484 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Бинобар ин зарур аст, ки дар байни муҳоҷирон корҳои иттилоотонӣ ва маърифатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, бо ҷалби намояндагиҳои давлатӣ дар хориҷи кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Раҷабов Ш.,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ