Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо машваратчии лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ”

Копия 20191002_111705

Санаи 2 октябри соли ҷорӣ Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо машваратчии лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ” ҷаноби Йеспер Элиас Лауридсен мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ нахуст Умед Бобозода оид ба вазифа, салоҳият, ваколат ва самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон назаррас мебошад.

Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қайд намуд, ки аз соли 2014 сар карда то имрӯз ҳамкориҳо байни мақомоти ВҲИ ва ТБ Хелветас Свисс Интеркооперейшн дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ барои амалигардонии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» амалӣ гардида  истодааст. Дар доираи Лоиҳа мазкур фаъолияти Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт фаро гирифта шудаанд.

Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт фаъолияташонро дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Низомнома дар бораи фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятӣ, дастуру супоришҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва талаботи Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» ба роҳ монда, ҷиҳати эътироф, эҳтиром, ҳимоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳм мегузоранд.

Ғайр аз фаъолияти дар боло зикргардида дар асоси банди 18-уми Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӯ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тасдиқ шудааст ва дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 ва 2019, инчунин Созишномаи ҳамкорӣ бо намояндагии Ассостсиатсияи Хелветас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» ба муносибати 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон соли 2018 дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Рашт, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Нуробод, ноҳияи Тоҷикобод, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияи Лахш мизҳои мудаввар дар мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ (суд, прокуратура, ШВКД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот) ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО баргузор карда шуд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин мизҳои мудаввар дар самти пешбурди ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифтанокии намояндагони МИМҲД ва шаҳрвандон дар ин самт муҳим буда, идома додани чунин иқдом ба манфиат мебошад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои зикргардида иштирокчиён ташкили чунин чорабиниҳо ва интихоб гаштани мавзӯҳои пешниҳодшударо мувофиқи мақсад шуморида, гарм истиқбол гирифтанд.

Саволҳои ҷониби ташриф бештар ба масъалаҳои идома додани ҳамкорӣ байни мақомоти ВҲИ ва ТБ Хелветас Свисс Интеркооперейшн, расонидани кӯмаки техникӣ ба мақомоти ВҲИ аз қабили ташкил ва баргузор намудани тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони дастгоҳи ВҲИ, ташкил ва баргузор намудани мизҳои мудаввар дар самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, инчунин амалигардонии Нақшаҳои миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайраҳо.

Дар охири мулоқот машваратчии лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ” ҷаноби Йеспер Элиас Лауридсен аз Умед Бобозода барои пазироии самимӣ, ҷавоб ба саволҳо ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки давом додани фаъолияти ҚҶ ВҲИ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиятҳои шаҳрвандон, бахусус қисми осебпазири ҷомеа ба ин ниҳод ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобилӣ дастгирӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ