Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умед Бобозода бо муовини Директори/Котиботи Зеркумита оид ба аккредитатсияи Шуъба оид ба институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавӣ дар дафтари РКОҲИ Созмони Милали Муттаҳид, Хонум Офарин Шоҳидзода

IMG_2846

Санаи 9 октябри соли 2019 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо муовини Директори/Котиботи Зеркумита оид ба аккредитатсияи Шуъба оид ба институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавӣ дар дафтари РКОҲИ Созмони Милали Муттаҳид (UNHCHR), Офарин Шоҳидзода мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот, нахуст Умед Бобозода ташрифи Хонум Офарин Шоҳидзодаро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайра мақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дод ва қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ назаррас мебошад.

Аз тарафи Хонум Офарин Шоҳидзода ҷиҳати қабул барои мулоқот ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин Қабулгоҳҳо ва Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.

Дар рафти мулоқот Хонум Офарин Шоҳидзода қайд намуд, ки корҳои амалӣ ва ваколати Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст хуб ба роҳ монда шудааст, вале баъзе аз масъалаҳои иловагӣ ҷой доранд, ки ҳалли худро талаб менамояд, махсусан ба идома додани фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятии ш. Исфара; зиёд кардани андозаи маблағи маоши кормандони Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ва Намояндагиҳои минтақавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Ҳамчунин тавсияҳо дода шуд, ки муқаррароти Принсипҳои Париж аз соли 1993 оид ба ҳуқуқи инсон барои истифодаи кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо забони тоҷикӣ таҳия карда шуда, дастрас бошад.

Вобаста ба масъалаи мазкур У. Бобозода қайд кард, ки раванди бо забони тоҷикӣ таҳия гаштани Принсипҳои Париж феълан дар ҳоли коркард ва таҳия қарор дорад ва ин масъала минбаъд ҳалли худро меёбад.

Зимни вохӯрӣ суханрониҳо вобаста ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бобати муроҷиатҳо ва тайёр кардани гузоришҳои алтернативӣ бевосита аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сохторҳои шартномавии СММ анҷом дода шуд.

Масъали дигаре, ки аз ҷониби Хонум Офарин Шоҳидзода пешниҳод гардид – ин ташкил ва раванд бахшидан ба оғози Лоиҳаи “Фаъолияти ҳамкориҳои техникӣ” аз оғози соли 2020 дар доираи ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аз ҷониби У. Бобозода ин ташаббус дастгирӣ ёфт ва таъкид карда шуд, ки чунин иқдом вобаста ба баланд бардоштани савияи фаъолнокӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифтанокии шаҳрвандон дар ин самт муҳим буда, идома додани чунин иқдом ба манфиати кор мебошад.

Дар охири мулоқот муовини Директори/Котиботи Зеркумита оид ба аккредитатсияи Шуъба оид ба институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавӣ дар дафтари РКОҲИ Созмони Милали Муттаҳид (UNHCHR) Хонум, Офарин Шоҳидзода аз Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва тақвият додани иқтидори минбаъдаи ВҲИ, изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиятҳои инсон ва шаҳрвандон, бахусус қисми осебпазири ҷомеа ба ин ниҳод ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобилӣ дастгирӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ