Давраи навбатии муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе

муколама барои боло 1

15 ноябри соли 2019 дар бинои муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаи навбатӣ оид ба ҳуқуқи инсон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Умед Бобозода низ тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: озодии иттиҳодияҳо ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи занон ва зуроварӣ дар оила, шиканҷа ва шароити нигоҳдошт дар муассисаҳои ислоҳӣ, озодии дин ва эътиқод, роҳ надодан ба табъиз, ҳамкориҳо дар доираи форумҳои бисёртарафа ва созмонҳои байналмилалӣ.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии омор, вазоратҳои адлия, фарҳанг, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занону оила ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Копия муколама барои поён 1

Дар ҷарраёни муҳокимаи масъалаҳои ҷойдоштаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён ва аъзоёни гурӯҳи корӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, як қатор тавсияҳою пешниҳодот вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида манзур гардиданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Муколамаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо аҳолии ноҳияи Рашт

Рашт

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати вохӯрӣ ва муколама бо аҳолӣ аз 11 то 13 ноябри соли ҷорӣ ба ноҳияи Рашт сафар намуд. Дар ин сафар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З., сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор – оид ба ҳуқуқи инсон  — Салоҳудинов М. ҳамроҳӣ намуданд.

Умед Бобозода дар рафти чорабинӣ, ки дар он Раиси ноҳияи Рашт ва намояндагони дигар сохторҳои ноҳиявӣ ҳузур доштанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар бораи эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ,  ҳамчунин вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва нақши он дар таъмини татбиқи чораҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқи инсон суханронӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода вобаста ба масъалаи риояи ҳолати гендерӣ ва таъмини ҳуқуқи занон ба корҳои хизмати давлатӣ ишора намуда, таъкид намуданд, ки масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замон мебошад, ки аз роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳратарм Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Дар ҷарраёни муҳокимаронӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳуқуқи инсон саволҳо дода шуд, аз ҷумла, вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатии шахсони гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати гурӯҳҳои шахсон, масъалаи бардоштани доғи судӣ баъд аз татбиқ гаштани қонуни мазкур нисбати шахсон ва ғайраҳо.

Дар қисмати хотимавӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиёни муколама ҷавобҳои мушаххас дода, хотирнишон намуд, ки тамоми шаҳрвандон метавонанд оид ба вайрон  шудани ҳуқуқҳояшон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар ҳама ҳолатҳо ва бевосита муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Ба истиқболи 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак

Копия Конвенсияи хукуки кудакКонвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои байналмилалие мебошад, ки ҳуқуқҳои бунёдии кӯдак ва аз ҷумла яке аз ҳуқуқҳои калидии ӯ — ҳуқуқ ба таҳсилро ба танзим медарорад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Конвенсияи мазкур бо қарори 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ  аз 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст.

Дар таърихи навини тоҷикон Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалие мебошад, ки онро Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви  комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расонидааст ва соли сипаришуда 25-солагии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия бо доир намудани як қатор чорабиниҳои илмиву оммавӣ ва маърифативу фароғатӣ ҷашн гирифта шуд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар доираи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил пайваста талош намуда, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Чунин талошҳои пешбарандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Қайдҳои хотимавии Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак вобаста ба Маърӯзаи муттаҳидаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Женева мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд, мусбӣ арзёбӣ шудаанд.

Кумита ҳусни тафоҳум ва муколамаи бунёдкоронаи Тоҷикистонро пазироӣ намуда, муваффақиятҳои ҷумҳуриро аз ҷумла дар пешбурди тадбирҳои қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва сиёсӣ, махсусан Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” (соли 2015) ва таъсис додани мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (2016) истиқбол намудааст.

Ҳамзамон, Кумита ҷиҳати боз ҳам тақвият додан ва таҳким бахшидани амалисозии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои дахлдор пешниҳод намудааст. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур моҳи апрели соли 2018 Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 тасдиқ ва роҳандозӣ карда шудааст.

Яке аз тавсияҳое, ки аз ҷониби Кумита пешниҳод шуда буд, андешидани чораҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, касбияти омӯзгорон ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба манотиқи деҳот ва дурдаст, инчунин ҷиҳати тақвият додани низоми таҳсилоти томактабӣ ва таъмини дастрасӣ ба он, аз ҷумла барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат буда, роҳҳои амалисозии он дар Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 инъикоси худро ёфтаанд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд шудааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома дода, мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамояд.

Дар қатори мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф дар Паёми Пешвои миллат ду проблемаи асосии ҳалталаб: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва нокифоя будани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар нишон дода шудаанд.

Сарвари давлат меҳнату заҳмати кормандони соҳаи маорифро баланд арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ғамхориро нисбати онҳо идома хоҳад дод. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд ва “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.

Санҷишу мониторингҳое, ки соли 2019 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 муассисаҳои томактабӣ, 12 муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 6 мактаб-интернат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  гузаронида шуданд, бори дигар нишон медиҳанд, ки чунин проблемаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ вуҷуд доранд.

Ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил дар Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2016-2020 яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Дар Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 низ бо мақсади ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК муқаррар шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ сол аз сол нуфуси аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд афзоиш меёбад ва чунин ҳолат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ пайваста чораандешӣ намояд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарки амиқи масъалаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва тибқи меъёрҳои муқарраргардида таъмин намудани хонандагон бо ҷойҳои нишаст пайваста фаъолият мекунад. Аз ҷумла, қабули Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи давлатии таъмини муассисањои тањсилоти умумии љумњурї бо кабинетњои фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї барои солњои 2018- 2020 ва дигар санадҳои дахлдори соҳавӣ барои амалисозии ҳадафҳои дар боло зикршуда равона шудааст.

Дар идомаи иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла ҷиҳати азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ такони тоза хоҳад бахшид.

Фаъолияти пайвастаи ВҲК ҶТ дар ин самт ба роҳ монда шудааст ва кормандони мақомоти ВҲИ ҶТ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ҳамчун самти афзалиятноки стратегӣ минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он барои солҳои 2018-2022 аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

А. Содиқов,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Копия 20191114_102702

 

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – У.Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак — Р.Ҳабибулозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Д.Муминзода, намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – А.Каримов, роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Умед Бобозода чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президент ҳамчун Сарвари давлат дар рушду нумуи кишвари соҳибистиқлоламон аҳамияти хоса дорад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки волоияти қонунро дар кишвар таъмин намуда, эътироф, риоя, ҳифз ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намоем.

Сипас намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Қодирӣ С. бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Зимни маърӯзаҳо аз таърихи пайдоиши мансаби президент, пайдоиши он дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, нақши президент дар пешрафти давлат ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёддоварӣ карда шуд.

Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯзаҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охир У.Бобозода ҳозиринро бо ин санаи муҳим табрик ва таҳният гуфта, барои боз ҳам содиқона дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамалакат даъват ба амал оварданд ва  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тансиҳатӣ, умри дароз ва амалӣ гардидани мақсадҳои некашонро таманно намуданд.

  Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

Санади бунёдгузор дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

????????????????????????????????????

6 ноябри соли ҷорӣ аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 25 сол сипарӣ мегардад. Оид ба аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз борҳо олимону мутафаккирони соҳа ибрози ақида намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки «Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои  милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи  мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асос­ҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт».

1559296887_unnamedКонститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нисбатан душвор қабул шуд, вале, сарфи назар аз ин, ба Ҳукумати мамлакат зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки на танҳо Конститутсияи давраи гузариш, балки санади заминавии ҳуқуқиро, ки инкишофи босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин мекард ва то кунун таъмин менамояд, таҳия ва қабул намояд. Яъне, маҳз Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба сифати санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят, ба ягонагии давлат, таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи тоҷик боз намуд.

Барои Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ҳар як ҳарфи дар ин санади бузург дарҷгардида аҳамияти  хоса дорад. Ин аввалин конститутсияест, ки мардуми мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти комил дар Конститутсия эълон дошт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Масоили ҳуқуқи инсон дар маркази Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсияи амалкунанда боби алоҳида (боби дуюм) маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки дар маҷмӯъ, дарбаргирандаи 34 модда мебошад. Дар дигар моддаҳои Конститутсия низ масъалаҳое, ки ба вазъи ҳуқуқии инсон дахл доранд, зиёданд. Яъне, муҳтавои асосии Конститутсияи имрӯзаро маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад.

Агар, аз як ҷониб, мавқеи конститутсионии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ — асоси давлати ҳуқуқбунёд бошад, аз ҷониби дигар, ҳолат ё вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нишондиҳандаи дараҷаи  демократӣ будани давлат ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ба илова, Конститутсия консепсияи нави ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар худ дарҷ намудааст, ки дар он инсон ба таври мухтасар минбаъд чун шахсият баррасӣ мешавад. Вобаста ба ин, Конститутсия муқаррар менамояд, ки эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд уҳдадории давлат ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо ба воситаи Конститутсия, инчунин, бо принсипҳо ва меъёрҳои ба таври умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ кафолат дода мешаванд. Ин раванд, аз як ҷониб, аз воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ дарак диҳад, аз ҷониби дигар, ба ҳавасмандгардонии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона мегардад.

Месазад Эъломия дар бораи ҳуқуқ ба инкишофро, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, ёдовар шавем. Тибқи он инкишоф ин ҷараёни ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад, ки ба болоравии доимии вазъи зиндагии аҳолӣ дар асоси иштироки фаъолона, озодии онҳо дар ташкил ва тақсимоти оқилонаи мусоид равона гардидааст. Ҳамин тариқ, меъёрҳои байналмилалӣ ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро бевосита ба озодиҳои сиёсӣ ва инкишофи иқтисодии ҷомеа алоқаманд медонад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «ҳуқуқи табиӣ» — и инсон дарҷ гардидааст, чунки ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби давлат «туҳфа» не, балки эътироф мешаванд.

Ҳамин тавр, уҳдадориҳои давлат оид ба эътироф, риоя ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд онро мефаҳмонад, ки давлат:

— ҳуқуқ ва озодиҳои ҷудонашавандаи инсонро, ки аллакай ба ӯ аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд, эътироф менамояд;

— онҳоро риоя менамояд, яъне, барои амалишавии ҳуқуқҳои инсон шароит фароҳам меорад (мисол, давлат барои пешбурди интихоботи озод ва демократӣ ба интихобкунандагон шароит фароҳам меорад);

— ҳуқуқу озодиҳоро аз ҳама гуна муноқишаю вайронкуниҳо бо роҳи муқаррар намудани доираи васеи кафолат ва амалишавии онҳо, муайян кардани  намудҳои гуногуни ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ, ҳимоя менамояд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд пешбинӣ кардааст.

Арзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он нуқтаи назар муайян мегардад, ки он воситаи асосии меъёрии ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар қатори дигар афзалиятҳо ва ҳадафҳои давлат, таъмини манфиати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамеша дар мадди аввал меистад. Навоварии муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳз дар ҳамин маънӣ ифода меёбад, зеро то ин дам, дар таърихи ватани мо дар ягон маврид ба ҳуқуқи шахсият афзалият дода намешуд.

Маҳз бо истифода аз меъёрҳои Конститутсия, яъне, ба хотири татбиқи меъёри конститутсионӣ, хусусан, бо дарназардошти он ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ меҳвари сиёсати инсондӯстонаи давлати мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ва бахшида ба 25 — солагии ин санади бузург Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ба имзо расониданд, ки он ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ гардид. Хусусан, занон ва ноболиғон, ки барои ҷиноятҳои гуногун  маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ё баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда шуданд, ки ин боз як қадами устувор дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ҳамин тариқ, бисту панҷ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади тақдирсози миллат воқеан ҳам ҷавобгӯи манофеи халқи кишвар мебошад ва барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Пас, ҳар яки моро зарур аст, ки тибқи гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон амал намоем: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои  таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».

Умед Бобозода,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ

www.sadoimardum.tj

25-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

fa55c8bad0e242eb7986dc1135b50adb_XL

Бо роҳнамоиву иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат таҳия ва қабул гардид, ки дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ѓояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Яке аз масъалаи асосие, ки зимни таҳия ва қабули ҳеҷ як Конститутсия ва санадҳои ба он монанд истисно намегардад, ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳуқуқҳои инсон дар конститутсия ҷойгоҳи марказиро доро буда, аз ҷумла қисми таркибӣ ва ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз 10 боб ва 100 моддаи Конститутсияи Тоҷикистон як боб ва 34 модда ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз се як ҳиссаи матни онро ташкил медиҳанд.

Умедворем, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми асрҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ, таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлатамон ва роҳнамои халқи тамаддунсози тоҷик боқӣ мемонад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва ифтихору шарафмандӣ 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

Бо камоли эҳтиром,
роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2019-11-04constitution4 ноябр дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда, мардуми шарафманди кишварро ба муносибати санаи фархунда самимона шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.

Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Мутаассифона, эълони истиқлол дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.

“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”, таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад намуд.

Ҷамъомади тантанавиро ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини идонаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.

04.11.2019, шаҳри Душанбе                    www.president.tj

Баргузории тренинг дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

 

Сафеддар тренинг

Рӯзҳои 29 октябр то 1 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд.

Тренинг аз ҷониби коршиносони миллӣ гузаронида шуда, дар он 22 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Тренинг дар мавзӯи «Муҳтавои Паймони баналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (ПБҲШС) аз ҷониби коршиносони миллӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани савияи дониши шахсони тамоси вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи барномаи тренинг бо истифода аз усулҳои интерактивӣ муҳтавои ПБҲШС; озодӣ аз шиканҷа, муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ; озодӣ аз ғуломӣ, нигоҳдории маҷбурӣ ва меҳнати маҷбурӣ; тавсияҳои хотимавии Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ вобаста ба маърӯзаи сеюми даварии Тоҷикистон оид ба иҷроиши ПБҲШС ва ғайраҳо мавриди омӯзиши иштирокчиён қарор гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи апрели соли ҷорӣ чунин тренинг гузаронида шуда буд ва дар оянда низ баргузории онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-таҷассумгари ҳуқуқу озодиҳои инсон.

 ОТКРЫТКА ТЕКСТ-1Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз ин комёбиҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳалли вазифаҳои муҳими дар назди давлат истода мусоидат намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, яке аз Кониститутсияҳои беҳтарин ба шумор меравад, ки тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар гирифтааст.

Моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.

Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсро инъикос намуда, барои рушди босуботи кишвар замина эҷод менамояд. Аз ин рӯ волоияти Конститутсия яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳим ба шумор рафта, тибқи моддаи 10 Кониститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Кониститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи наве дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оѓоз шуд. Тақвиятбахши гуфтаҳои боло моддаи 5 боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин муқаррароти Конститутсия ҳукуқ ва озодиҳои инсон инъикоси худро ёфтаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи эътирофи ҷудонопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор дорад. Он дар худ барои қонунгузорӣ ҳолати наверо оид ба муносибати давлат ба инсон ва шаҳрванд ҷой додааст.

Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Ин моддаи Конститутсия мазмун ва мундариҷаи боби 2-ро, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бахшида шудааст муайян мекунад. Принсипҳо ва меъёрҳои дар он мавҷудбуда, доираи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро бо назардошти таҷрибаи Конститутсионии давлатҳои тараққикарда ва меъёрҳои ба ҳуқуқи инсон бахшидашудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бисёр васеъ кардаанд.

Ҳамчунин ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз ташаббусҳои ҷадиде, ки дар мавриди амалисозии арзишҳои конститутсионӣ оид ба таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маънидод мешавад, ин таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бешубҳа ин чораи саривақтӣ буда, фаъолияти онҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона карда шудааст.

Чи тавре, ки дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақвият додани кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон» мебошад.

Чи тавре, ки аз мазмун ва мундариҷаи он бармеояд, таъсиси чунин ниҳоди давлатиро метавон ба сифати як механизми комилан наве арзёбӣ кард, ки дар мавриди фаъолияти самаранок бурданаш дар ин ҷода, метавонад ба яке аз фишангҳои муҳими таъсиррасонии мусбӣ дар самти татбиқ, риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар гардад.

Мавҷуд будани чунин сохтор, ин худ шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд воқеан механизми реалие, ки ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, арзи вуҷуд кард ва он дар ҳақиқат метавонад дар ин ҷода саҳми мусбӣ дошта бошад.

Давлатов Ҳ.
Сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ   

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

47431487232_5891d9765e_z

31 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода, шуда дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф намудани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудааст, вазифадор карданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қабул гардид.

Дар идомаи Маҷлис гузориши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022 шунида шуд.

Таъкид карда шуд, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.

Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритуз — маркази ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон раисони ноҳияҳо Зариф Назирӣ ва Ҷабборӣ Ғаффор гузориш доданд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҳисобот дод.

Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” ва Дар бораи “Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт” гузориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шунида шуд.

Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Дар охир баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дастурҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими сармо, захираи маводи хурока, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 —  солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалб карданд.

31.10.2019, шаҳри Душанбе             www.president.tj