Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-таҷассумгари ҳуқуқу озодиҳои инсон.

 ОТКРЫТКА ТЕКСТ-1Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз ин комёбиҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳалли вазифаҳои муҳими дар назди давлат истода мусоидат намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, яке аз Кониститутсияҳои беҳтарин ба шумор меравад, ки тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар гирифтааст.

Моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.

Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсро инъикос намуда, барои рушди босуботи кишвар замина эҷод менамояд. Аз ин рӯ волоияти Конститутсия яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳим ба шумор рафта, тибқи моддаи 10 Кониститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Кониститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи наве дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оѓоз шуд. Тақвиятбахши гуфтаҳои боло моддаи 5 боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин муқаррароти Конститутсия ҳукуқ ва озодиҳои инсон инъикоси худро ёфтаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи эътирофи ҷудонопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор дорад. Он дар худ барои қонунгузорӣ ҳолати наверо оид ба муносибати давлат ба инсон ва шаҳрванд ҷой додааст.

Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Ин моддаи Конститутсия мазмун ва мундариҷаи боби 2-ро, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бахшида шудааст муайян мекунад. Принсипҳо ва меъёрҳои дар он мавҷудбуда, доираи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро бо назардошти таҷрибаи Конститутсионии давлатҳои тараққикарда ва меъёрҳои ба ҳуқуқи инсон бахшидашудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бисёр васеъ кардаанд.

Ҳамчунин ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз ташаббусҳои ҷадиде, ки дар мавриди амалисозии арзишҳои конститутсионӣ оид ба таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маънидод мешавад, ин таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бешубҳа ин чораи саривақтӣ буда, фаъолияти онҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона карда шудааст.

Чи тавре, ки дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақвият додани кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон» мебошад.

Чи тавре, ки аз мазмун ва мундариҷаи он бармеояд, таъсиси чунин ниҳоди давлатиро метавон ба сифати як механизми комилан наве арзёбӣ кард, ки дар мавриди фаъолияти самаранок бурданаш дар ин ҷода, метавонад ба яке аз фишангҳои муҳими таъсиррасонии мусбӣ дар самти татбиқ, риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар гардад.

Мавҷуд будани чунин сохтор, ин худ шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд воқеан механизми реалие, ки ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, арзи вуҷуд кард ва он дар ҳақиқат метавонад дар ин ҷода саҳми мусбӣ дошта бошад.

Давлатов Ҳ.
Сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ   

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

47431487232_5891d9765e_z

31 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода, шуда дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф намудани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудааст, вазифадор карданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қабул гардид.

Дар идомаи Маҷлис гузориши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022 шунида шуд.

Таъкид карда шуд, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.

Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритуз — маркази ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон раисони ноҳияҳо Зариф Назирӣ ва Ҷабборӣ Ғаффор гузориш доданд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҳисобот дод.

Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” ва Дар бораи “Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт” гузориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шунида шуд.

Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Дар охир баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дастурҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими сармо, захираи маводи хурока, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 —  солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалб карданд.

31.10.2019, шаҳри Душанбе             www.president.tj