Санади бунёдгузор дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

????????????????????????????????????

6 ноябри соли ҷорӣ аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 25 сол сипарӣ мегардад. Оид ба аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз борҳо олимону мутафаккирони соҳа ибрози ақида намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки «Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои  милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи  мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асос­ҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт».

1559296887_unnamedКонститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нисбатан душвор қабул шуд, вале, сарфи назар аз ин, ба Ҳукумати мамлакат зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки на танҳо Конститутсияи давраи гузариш, балки санади заминавии ҳуқуқиро, ки инкишофи босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин мекард ва то кунун таъмин менамояд, таҳия ва қабул намояд. Яъне, маҳз Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба сифати санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят, ба ягонагии давлат, таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи тоҷик боз намуд.

Барои Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ҳар як ҳарфи дар ин санади бузург дарҷгардида аҳамияти  хоса дорад. Ин аввалин конститутсияест, ки мардуми мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти комил дар Конститутсия эълон дошт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Масоили ҳуқуқи инсон дар маркази Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсияи амалкунанда боби алоҳида (боби дуюм) маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки дар маҷмӯъ, дарбаргирандаи 34 модда мебошад. Дар дигар моддаҳои Конститутсия низ масъалаҳое, ки ба вазъи ҳуқуқии инсон дахл доранд, зиёданд. Яъне, муҳтавои асосии Конститутсияи имрӯзаро маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад.

Агар, аз як ҷониб, мавқеи конститутсионии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ — асоси давлати ҳуқуқбунёд бошад, аз ҷониби дигар, ҳолат ё вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нишондиҳандаи дараҷаи  демократӣ будани давлат ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ба илова, Конститутсия консепсияи нави ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар худ дарҷ намудааст, ки дар он инсон ба таври мухтасар минбаъд чун шахсият баррасӣ мешавад. Вобаста ба ин, Конститутсия муқаррар менамояд, ки эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд уҳдадории давлат ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо ба воситаи Конститутсия, инчунин, бо принсипҳо ва меъёрҳои ба таври умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ кафолат дода мешаванд. Ин раванд, аз як ҷониб, аз воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ дарак диҳад, аз ҷониби дигар, ба ҳавасмандгардонии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона мегардад.

Месазад Эъломия дар бораи ҳуқуқ ба инкишофро, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, ёдовар шавем. Тибқи он инкишоф ин ҷараёни ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад, ки ба болоравии доимии вазъи зиндагии аҳолӣ дар асоси иштироки фаъолона, озодии онҳо дар ташкил ва тақсимоти оқилонаи мусоид равона гардидааст. Ҳамин тариқ, меъёрҳои байналмилалӣ ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро бевосита ба озодиҳои сиёсӣ ва инкишофи иқтисодии ҷомеа алоқаманд медонад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «ҳуқуқи табиӣ» — и инсон дарҷ гардидааст, чунки ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби давлат «туҳфа» не, балки эътироф мешаванд.

Ҳамин тавр, уҳдадориҳои давлат оид ба эътироф, риоя ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд онро мефаҳмонад, ки давлат:

— ҳуқуқ ва озодиҳои ҷудонашавандаи инсонро, ки аллакай ба ӯ аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд, эътироф менамояд;

— онҳоро риоя менамояд, яъне, барои амалишавии ҳуқуқҳои инсон шароит фароҳам меорад (мисол, давлат барои пешбурди интихоботи озод ва демократӣ ба интихобкунандагон шароит фароҳам меорад);

— ҳуқуқу озодиҳоро аз ҳама гуна муноқишаю вайронкуниҳо бо роҳи муқаррар намудани доираи васеи кафолат ва амалишавии онҳо, муайян кардани  намудҳои гуногуни ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ, ҳимоя менамояд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд пешбинӣ кардааст.

Арзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он нуқтаи назар муайян мегардад, ки он воситаи асосии меъёрии ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар қатори дигар афзалиятҳо ва ҳадафҳои давлат, таъмини манфиати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамеша дар мадди аввал меистад. Навоварии муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳз дар ҳамин маънӣ ифода меёбад, зеро то ин дам, дар таърихи ватани мо дар ягон маврид ба ҳуқуқи шахсият афзалият дода намешуд.

Маҳз бо истифода аз меъёрҳои Конститутсия, яъне, ба хотири татбиқи меъёри конститутсионӣ, хусусан, бо дарназардошти он ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ меҳвари сиёсати инсондӯстонаи давлати мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ва бахшида ба 25 — солагии ин санади бузург Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ба имзо расониданд, ки он ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ гардид. Хусусан, занон ва ноболиғон, ки барои ҷиноятҳои гуногун  маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ё баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда шуданд, ки ин боз як қадами устувор дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ҳамин тариқ, бисту панҷ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади тақдирсози миллат воқеан ҳам ҷавобгӯи манофеи халқи кишвар мебошад ва барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Пас, ҳар яки моро зарур аст, ки тибқи гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон амал намоем: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои  таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».

Умед Бобозода,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ

www.sadoimardum.tj

25-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

fa55c8bad0e242eb7986dc1135b50adb_XL

Бо роҳнамоиву иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат таҳия ва қабул гардид, ки дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ѓояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Яке аз масъалаи асосие, ки зимни таҳия ва қабули ҳеҷ як Конститутсия ва санадҳои ба он монанд истисно намегардад, ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳуқуқҳои инсон дар конститутсия ҷойгоҳи марказиро доро буда, аз ҷумла қисми таркибӣ ва ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз 10 боб ва 100 моддаи Конститутсияи Тоҷикистон як боб ва 34 модда ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз се як ҳиссаи матни онро ташкил медиҳанд.

Умедворем, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми асрҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ, таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлатамон ва роҳнамои халқи тамаддунсози тоҷик боқӣ мемонад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва ифтихору шарафмандӣ 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

Бо камоли эҳтиром,
роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон