Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ»

 

IMG_2648

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Умед Бобозода рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ дар конфронси байналмилалии ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти мазкур ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аҳли нишастагони конфронс ва кормандони Маркази миллии қонунгузориро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, дар кору фаъолияти ояндаи мақомот муваффақиятҳои беназирро орзу намуда, ҷиҳати ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои сиёсати дохила ва хориҷа, хусусан дар самти ҳуқуқи инсон ибрози ақида намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс ҳачунин намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ширкат варзиданд.

Дар қисмати дуюми кори конфронс иштирок ва суханронии олимону муҳаққиқони ҷавон оид ба ҷанбаҳои низоми ҳуқуқи миллӣ мубодилаи афкор пешбинӣ карда шуд.

Кори конфронс бахшида ба масъалаҳои муҳими таҳкиму инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои инсон, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

IMG_2579

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ