Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-таҷассумгари ҳуқуқу озодиҳои инсон.

 ОТКРЫТКА ТЕКСТ-1Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз ин комёбиҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳалли вазифаҳои муҳими дар назди давлат истода мусоидат намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, яке аз Кониститутсияҳои беҳтарин ба шумор меравад, ки тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар гирифтааст.

Моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.

Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсро инъикос намуда, барои рушди босуботи кишвар замина эҷод менамояд. Аз ин рӯ волоияти Конститутсия яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳим ба шумор рафта, тибқи моддаи 10 Кониститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Кониститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи наве дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оѓоз шуд. Тақвиятбахши гуфтаҳои боло моддаи 5 боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин муқаррароти Конститутсия ҳукуқ ва озодиҳои инсон инъикоси худро ёфтаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи эътирофи ҷудонопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор дорад. Он дар худ барои қонунгузорӣ ҳолати наверо оид ба муносибати давлат ба инсон ва шаҳрванд ҷой додааст.

Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Ин моддаи Конститутсия мазмун ва мундариҷаи боби 2-ро, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бахшида шудааст муайян мекунад. Принсипҳо ва меъёрҳои дар он мавҷудбуда, доираи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро бо назардошти таҷрибаи Конститутсионии давлатҳои тараққикарда ва меъёрҳои ба ҳуқуқи инсон бахшидашудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бисёр васеъ кардаанд.

Ҳамчунин ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз ташаббусҳои ҷадиде, ки дар мавриди амалисозии арзишҳои конститутсионӣ оид ба таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маънидод мешавад, ин таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бешубҳа ин чораи саривақтӣ буда, фаъолияти онҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона карда шудааст.

Чи тавре, ки дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақвият додани кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон» мебошад.

Чи тавре, ки аз мазмун ва мундариҷаи он бармеояд, таъсиси чунин ниҳоди давлатиро метавон ба сифати як механизми комилан наве арзёбӣ кард, ки дар мавриди фаъолияти самаранок бурданаш дар ин ҷода, метавонад ба яке аз фишангҳои муҳими таъсиррасонии мусбӣ дар самти татбиқ, риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар гардад.

Мавҷуд будани чунин сохтор, ин худ шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд воқеан механизми реалие, ки ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, арзи вуҷуд кард ва он дар ҳақиқат метавонад дар ин ҷода саҳми мусбӣ дошта бошад.

Давлатов Ҳ.
Сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ