Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Копия (2) 20191122_161253

Имрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — У. Бобозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатдории навин табрик ва таҳният намуданд.  Қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, ҳар сол 24 ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Нақши Парчам дар ҳаёти ҳар як давлат бузург буда, он ифодагаримустақилият ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Бинобар ин, эҳтироми волои Парчам  ин вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мизи мудаввар Раҳимов С. – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид баҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Парчам — шиносномаи давлату миллат» маърӯза намуд. Дар маърӯза аз таърихи парчаму парчамдории тоҷикон,  санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба Парчами имрӯзаи Тоҷикикстон ва ҷаовбгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати Парчам маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки асосҳои ҳуқуқии Парчами давлатиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд.

Дар ҷамбасти чорабинӣ У. Бобозода бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки эҳтироми Парчам  ин эҳтиром ба халқи Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, ватандорию ватандӯстӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ