Муколамаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо аҳолии ноҳияи Рашт

Рашт

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати вохӯрӣ ва муколама бо аҳолӣ аз 11 то 13 ноябри соли ҷорӣ ба ноҳияи Рашт сафар намуд. Дар ин сафар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З., сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор – оид ба ҳуқуқи инсон  — Салоҳудинов М. ҳамроҳӣ намуданд.

Умед Бобозода дар рафти чорабинӣ, ки дар он Раиси ноҳияи Рашт ва намояндагони дигар сохторҳои ноҳиявӣ ҳузур доштанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар бораи эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ,  ҳамчунин вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва нақши он дар таъмини татбиқи чораҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқи инсон суханронӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода вобаста ба масъалаи риояи ҳолати гендерӣ ва таъмини ҳуқуқи занон ба корҳои хизмати давлатӣ ишора намуда, таъкид намуданд, ки масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замон мебошад, ки аз роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳратарм Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Дар ҷарраёни муҳокимаронӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳуқуқи инсон саволҳо дода шуд, аз ҷумла, вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатии шахсони гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати гурӯҳҳои шахсон, масъалаи бардоштани доғи судӣ баъд аз татбиқ гаштани қонуни мазкур нисбати шахсон ва ғайраҳо.

Дар қисмати хотимавӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиёни муколама ҷавобҳои мушаххас дода, хотирнишон намуд, ки тамоми шаҳрвандон метавонанд оид ба вайрон  шудани ҳуқуқҳояшон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар ҳама ҳолатҳо ва бевосита муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ