Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

article14008

Рӯзи 4 декабри соли 2000 Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Мутаҳид 18 декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷират эълон кард ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷират дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» 18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон муқаррар шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ якчанд санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба имзо расонидааст, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, эътирофи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баёнгари гуфтаҳои боло мебошанд.

Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт бо мақсади беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом дода, пеш аз оғози барномаи сафарӣ бо роҳбарону намояндагони диаспор, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷуёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот намуданд.

Зимни  мулоқот қайд карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳаё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 назар ба соли 2013 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, қариб 50 фоиз кам гардида, тибқи омори расмӣ 484 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Вобаста ба уҳдадориҳо ҷиҳати иҷрои Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо рӯзҳои 3 — 4 апрели соли 2019 дар Женева гузориши даври дуюми Тоҷикистон шунида шуд.

Дар асоси гузориши мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо пешниҳод шудааст. Чиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур лоиҳаи Нақшаи милии амалҳо барои солҳои 2019 — 2024 таҳия гардида, барои чораандешӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур омода шуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шудааст.

БезымянныйВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар байни аҳолӣ корҳои иттилоотонӣ ва маърифатиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, ноҳияҳои Рашт, Бобоҷон Ғаффуров ва Ҷаббор Расулов баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Дар рафти чорабиниҳо ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии муҳоҷирати танзимнашуда, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷрони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ  диққати махсус дода шуд.

Бояд қайд кард, ки баргузории чорабиниҳои итттилоотӣ дар байни аҳолӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии муҳоҷирати танзимнашуда нақши муҳим дорад.

Шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон огаҳ бошанд. Пеш аз ҳама забон, урфу одат, қонунгузории давлати қабулкунандаро донанд ва онро риоя намоянд. Ба мамлакатҳое сафар кунанд, ки дар қонунгузории давлати бакортаъминкунанда ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо кафолат дода шуда бошад. Ғайр аз ин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати бакортаъминкунанда созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баста шуда бошанд, ки ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро таъмин карда тавонад. Барои мусоидат дар пайдо намудани ҷойи кори музднок, омодагии пеш аз сафар ва касбомӯзӣ аз хизматрасониҳои Агентиҳои бакортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода намоянд.

Раҷабов Ш.,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қисмҳои ҳарбии 07033, 12019 ва 08010-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_20191218_152438

Тибқи «Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» рӯзҳои 9-17 декабри соли ҷорӣ кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбии 07033, 12019 ва 08010-и вазорати мазкур ташриф оварданд.

Зимни ташриф барои афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии зикршуда дар мавзӯъҳои «Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ», «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» ва «Таҷрибаи Вазорати мудофиа оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар семинарҳо Низомов А.Б. — муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шаропов П.Р. — сармутахассиси ҳамин шуъба, Нурализода Р.Р. ва Насринов Р.И. – кормандони шуъбаи интизоми ҳарбӣ — Раёсат оид ба корҳои тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсидинзода Ф.С.- муовини командири қисми ҳарбии 07033, Шарипов А.А.-  муовини командири қисми ҳарбии 01019 ва Улуғова Р.Н. — ёрдамчии калони командири қисми ҳарбии 08010 баромад намуданд.

IMG_20191209_101307

Дар муҳокимаи маърӯзаҳо афсарону сарбозон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Инчунин зимни ташриф аз шароити нигоҳдошт, ҷойи хоб, ошхона, нуқтаҳои тиббӣ, утоқҳои фароғатӣ, китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҳоҷатхонаҳо, утоқҳои дастуруйшўӣ ва утоқҳо барои хабаргирандагон боздид ба амал баровада шуд.

Ёддовар бояд шуд, ки қаблан чунин семинарҳо дар қисмҳои ҳарбии 06870 ва 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Баргузории вохӯрӣ дар МТМУ №72 шаҳри Душанбе

54654654Рӯзи 17 декабри соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо ВМИ ҶТ, ВКД ҶТ ва МИҲД н.Фирдавсии ш.Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ — Маҳмадова Назокат ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва хайрамақдам намуд. Сипас Содиқов А. ва Маҷидов П. – кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои кӯдакон баромад намуданд.

Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки сомонаҳои интернетии ВҲИ ҶТ ва ВҲК ҶТ мунтазам фаъолият мекунанд ва ҳар як кӯдак ва ё дигар шахсони баркамол метавонанд тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тавассути интернет бо риояи талаботи Қонунҳои ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба мақомоти ВҲИ ҶТ муроҷиат намоянд.

Инчунин дар толор ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ВКД дар ноҳия бо иштироки Сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ВКД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз, кормандону ҷавонони фаъоли ин гурӯҳ дар ноҳия баргузор гардид.

Сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, Муовини Раиси ноҳия ва Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” баромад намуда, фаъолияти ҷавонони гурӯҳи мазкурро қаноатбахш хонда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолит таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар хонандагон ва чанде аз омӯзгорони МТМУ №72 иштирок намуданд. Вохӯрӣ дар муҳити озод ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

73

Дар интиҳо муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯриро ҷамъбаст намуда, барои ташкил кардани чунин як вохӯрии пурмуҳтаво ба роҳбарияти ВҲИ ҶТ, ВКД ҶТ ва ВМИ ҶТ аз номи МИҲД ноҳия Фирдавсӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ