Баргузории мизҳои мудаввар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

image-0-02-0a-8427e9b3a9895ca52289c7bb6befac9546e06e75cdbce29b4849c11bf78c11d3-V
Рӯзҳои 3 декабр  дар толори китобхонаи шаҳри Кӯлоб ва 5 декабри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо иштироки Раҷабов Ш. – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатов Ҳ. — сармутахассиси ҳамин шуъба дар мавзӯъҳои “Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд» ва “Пешгирии зӯроварӣ дар оила, фарҳанги оиладорӣ ва никоҳҳои бармаҳал” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур кормандони бахши танзими анъана ва  ҷашну маросимҳо, бахши кор бо занон ва  оила, мақомоти андоз, нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён фаъолиятбаранда иштирок намуданд.

БезымянныйДар оғози чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Зарипова Х.,  мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Аҳмадов С. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда  маълумот доданд.

Сипас маърузачиён Раҷабов Ш. дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд” ва Давлатов Ҳ. дар  мавзӯи “Масъалаҳои гендерӣ зӯроварӣ дар оила, фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии никоҳҳои бармаҳал» баромад намуданд.

Дар охир   саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ оид ба дастовардҳо,  мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо баргузор гардид. Ба саволҳои иштирокчиён баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ