Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон

 

IMG_2985

Рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва шарикони рушд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои наврасон ва ҷавонон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — У.Бобозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният намуданд. У.Бобозода зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ҳамасола 10 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон низ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад.

Ин ҷашн ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардида буд вобастагӣ дорад. Санади мазкур дар таърихи инсоният нақши муҳим ва назаррас дошта, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст ва зиёда аз 70 сол мешавад, ки ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ Эъломияи мазкурро эътироф намуда, аксари санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид. Онҳо қисми  таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардида, қонунгузории миллӣ ба онҳо мутобиқ гардонида шуданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба ин ҷашн суханронӣ ва дар мавзӯъҳои «Таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии наврасон», «Ҳуқуқи инсон дар низоми таҳсили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Интегратсияи гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Амалигардони ҳуқуқ ба манзили муносиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳо маърӯзаҳо карда шуд.

Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба маърӯзаҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ  У.Бобозода ҳозиринро бо ин санаи муҳим табрик ва таҳният гуфта, ба кулли иштирокчиёни мизи мудаввар барои иштироки фаъолашон миннатдорӣ баён намуд.

IMGдоррапыра_2991

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ