Баргузории мизи мудаввар дар ноҳияи Айнӣ

1

Рӯзи 19 декабр дар ноҳияи Айнӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Ш. ва Давлатов Ҳ. бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва раисони ҷамоатҳои ноҳия чорабинии иттилоотӣ баргузор намуданд.

Дар оғози чорабинӣ сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Акбарова С. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда маълумот дод.

Сипас маърузачиён Раҷабов Ш. дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд” ва Давлатов Ҳ. дар мавзӯи “Масъалаҳои гендерӣ, зӯроварӣ дар оила, фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии никоҳҳои бармаҳал» баромад намуданд.

Дар рафти маърӯзаҳо ҳозирин фаъолона иштирок намуда, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд. Баромадкунандагон дар навбати худ ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дар охир вобаста ба дастовардҳо, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он муҳокимаронӣ баргузор гардид. Иштирокчиён изҳор намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани малака ва дониши касбиашон мусоидат менамояд ва аз ин рӯ дар оянда низ баргузор намудани чунин чорабиниҳои иттилоотиро мувофиқи мақсад шумориданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ