Рӯзи ҳуқуқи инсон муборак, ҳамватанони азиз!

Banner

Ҳамасола 10 декабр дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон” ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ин рӯз вобаста аст ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардида буд. Нақши санади мазкур барои инсоният дар даврони имрӯза хеле муҳим ва назаррас мебошад.

Дар Тоҷикистон низ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Ҳар сол Рӯзи ҳуқуқи инсон ба мавзӯи муайяне бахшида мешавад. Имсол ин рӯз ба ҳуқуқҳои наврасону ҷавонон бахшида шудааст, ки асоси онро 30 – солагии қабули Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ташкил медиҳад.

Мақсади ҷашнгирии Рӯзи ҳуқуқи инсон ин пеш аз ҳама ба ҷомеа ва ҳар як фарди он расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ Эъломияи мазкурро эътироф намуда, аксари санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид. Онҳо қисми  таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардида, қонунгузории миллӣ ба онҳо мутобиқ гардонида шуданд.

Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда,  барои ҳар як шахс шароити зиндагонии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа мақсади олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният намуда, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва мувафақиятҳои комилро дар самти таъмини риоя ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон таманно менамоем.

Бо камоли эҳтиром,
роҳбарият
 ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
 инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон