Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

article14008

Рӯзи 4 декабри соли 2000 Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Мутаҳид 18 декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷират эълон кард ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷират дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» 18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон муқаррар шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ якчанд санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба имзо расонидааст, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, эътирофи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баёнгари гуфтаҳои боло мебошанд.

Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт бо мақсади беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом дода, пеш аз оғози барномаи сафарӣ бо роҳбарону намояндагони диаспор, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷуёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот намуданд.

Зимни  мулоқот қайд карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳаё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 назар ба соли 2013 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, қариб 50 фоиз кам гардида, тибқи омори расмӣ 484 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Вобаста ба уҳдадориҳо ҷиҳати иҷрои Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо рӯзҳои 3 — 4 апрели соли 2019 дар Женева гузориши даври дуюми Тоҷикистон шунида шуд.

Дар асоси гузориши мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо пешниҳод шудааст. Чиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур лоиҳаи Нақшаи милии амалҳо барои солҳои 2019 — 2024 таҳия гардида, барои чораандешӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур омода шуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шудааст.

БезымянныйВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар байни аҳолӣ корҳои иттилоотонӣ ва маърифатиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, ноҳияҳои Рашт, Бобоҷон Ғаффуров ва Ҷаббор Расулов баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Дар рафти чорабиниҳо ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти пешгирии муҳоҷирати танзимнашуда, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷрони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ  диққати махсус дода шуд.

Бояд қайд кард, ки баргузории чорабиниҳои итттилоотӣ дар байни аҳолӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии муҳоҷирати танзимнашуда нақши муҳим дорад.

Шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон огаҳ бошанд. Пеш аз ҳама забон, урфу одат, қонунгузории давлати қабулкунандаро донанд ва онро риоя намоянд. Ба мамлакатҳое сафар кунанд, ки дар қонунгузории давлати бакортаъминкунанда ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо кафолат дода шуда бошад. Ғайр аз ин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати бакортаъминкунанда созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баста шуда бошанд, ки ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро таъмин карда тавонад. Барои мусоидат дар пайдо намудани ҷойи кори музднок, омодагии пеш аз сафар ва касбомӯзӣ аз хизматрасониҳои Агентиҳои бакортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода намоянд.

Раҷабов Ш.,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон