Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

тамошои Паём

Дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,  роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайянкунандаи дурнамои рушди давлат барои соли 2020 ва солҳои минбаъда мебошад.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногун ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ва мақсаднок доданд, ки дар асос ва баҳри иҷрои онҳо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул карда мешаванд ва онҳо дар беҳ гардидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ ва дар мҷмӯъ ба пешрафти Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ироагардидаро сармашқи кори худ қарор дода, барои иҷрои онҳо саъю талош меварзанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ