Ташрифи кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбии 06870 ва 02615 — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG-0f6255ce3dfaf6329ed4356715e16d04-VТибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ кормандони мақомот дар якҷоягӣ бо намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии 06870 ва 02615-и Вазорати мазкур дар мавзӯи «Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ», «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад» ва «Таҷрибаи Вазорати мудофиа оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» семинарҳои омӯзишӣ гузарониданд.

IMG-2c4defdc1a7565ba3c68453dc381a5fa-VДар семинарҳои мазкур Низомов А.Б. — муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шаропов П.Р. — сармутахассиси ҳамин шуъба, Шарипов Ф.Ш. – муовини сардори шуъбаи интизоми ҳарбӣ — Раёсат оид ба корҳои тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири қисми ҳарбии 06870 ва муовини командири қисми ҳарбии 02615 баромад намуданд.

Дар рафти саволу ҷавоб бештар ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мазкур ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

IMG-ceb0ee4c258b174237c6a0937820eb23-VИнчунин, зимни ташриф аз шароити нигоҳдошт, ҷойи хоб, ошхона, нуқтаи тиббӣ, утоқи фароғатӣ, китобхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ҳоҷатхона, утоқи дастуруйшӯӣ ва утоқ барои хабаргирандагон боздид ба амал баровада шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ