Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи муолиҷавии ЯС 3/13-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20191205_103723

Рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи ҳуқуқи инсон  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак — Нидоев Ҳусниддин ва Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Салихов Зафар ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи муолиҷавии ЯС 3/13-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид У. Бобозода аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон дидан намуд. Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои маҳкумшудагон шароитҳо муҳайё шудааст.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон инчунин бо маҳкумшудагон мулоқот намуда, онҳоро ба рӯзи ҳуқуқи инсон табрик намуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар оянда низ ташриф ба муассисаҳои ислоҳиро ба назар гирифтааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ