Вохӯрӣ бо аҳолии шаҳри Турсунзода

IMG-20191224-WA0000

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 санаи 23 декабри соли ҷорӣ муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Бобохонов С. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Салихов З. ҷиҳати вохӯрӣ ва муколама бо аҳолӣ ба шаҳри Турсунзода сафар карданд.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар рафти чорабинӣ, ки дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ ва фаъолони маҳаллии шаҳр ҳузур доштанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар мавзӯъҳои эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, мавҷуд будани асосҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ, вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, нақши он дар таъмини татбиқи чораҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқи инсон, пешгирии зуроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, ҳуқуқи маъюбон ва Конвенсияи дар бораи ҳуқуқи маъюбон суханронӣ намуданд.

Дар ҷарраёни муҳокимаронӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳуқуқи инсон саволҳо дода шуд, аз ҷумла, вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ, зуроварӣ дар оила, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, никоҳи бармаҳал, ҳуқуқҳои кӯдакон, маскуншавии оилаҳо, алимент  ва ғайраҳо.

Дар қисмати хотимавӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиёни чорабинӣ ҷавобҳои мушаххас дода, хотиррасон намуданд, ки шаҳрвандон метавонанд оид ба вайрон  шудани ҳуқуқҳояшон ба Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар шаҳри Турсунзода ё бевосита ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ