Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари бахши ченаки инсонии Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо

Копия 20191216_100608Санаи 16 декабри соли 2019 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Умед Бобозода бо Роҳбари бахши ченаки инсонии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо ҷаноби Роберт Ҳойер ва ҳайати намояндагии онҳо, аз ҷумла Сардори шуъба оид ба ҳуқуқи инсон хонум Фридерика Бер, Сардори шуъба оид ба волоияти қонун ҷаноби Эрнис Исаматов, Сардори шуъба оид ба масоили гендерӣ ва муқовимат ба савдои одамон хонум Виолета Велкоска мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот, Умед Бобозода ташрифи ҷаноби Роберт Ҳойерро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайра мақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Ҷаноби Роберт Ҳойер низ дар навбати худ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати мулоқот арзи сипос намуд.

Зимни вохӯрӣ суханрониҳо вобаста ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи ченаки инсонӣ, хусусан, дар бахши волоияти қонун, баланд бардоштани маърифатнокӣ дар самти баробарии гендерӣ, муқовимат ба савдои одамон, аққалиятҳои миллӣ, амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ташкили семинар ва тренингҳои иттилоотонӣ барои кормандони мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар самтҳои муҳим анҷом дода шуд.

Копия 20191216_100627

Аз ҷониби У. Бобозода қайд карда шуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъдаро бо Дафтари барномаҳои САҲА дар самтҳои алоҳида мувофиқи мақсад мешуморад, аз ҷумла, таъмини чорабиниҳо оид ба коркард ва амалисозии Барномаи навбатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2030, нашри маводи ёрирасон барои таълим ва омӯзиши фани ҳуқуқи инсон, баргузории чорабиниҳои аҳамиятноки соҳаи ҳуқуқи инсон, аз қабили семинар, конференсия ва мизҳои мудаввар, баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотонӣ-маърифатӣ байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарѓиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва монанди инҳо. Қайд карда шуд, ки пеша намудани чунин иқдомҳо вобаста ба баланд бардоштани савияи фаъолнокӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифтанокии шаҳрвандон дар ин самт муҳим буда, идома додани онҳо ба манфиати кор мебошад.

Дар охири мулоқот ҷаноби Роберт Ҳойер аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ