Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040»

герб

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,
дақиқ вариёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармон медиҳам:
1. Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 январи соли 2020
№1445

Баргузории нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Копия IMG_3347

Санаи 30 январи соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, А.Сатторзода — Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, Умед Бобозода  баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зимни баромади худ У.Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуд, ки соли 2019 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳуқуқ ба меҳнат ва самтҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони масъул ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Нишасти матбуотӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, ба иштирокчиён шумораи нави «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Варақаи иттилоотӣ (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) омода ва дастрас карда шуд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо васоити ахбори омма  идома ва тавсеа меёбанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

АНОНС: Нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

пресса вао

30 январи  соли 2020 соати 1500 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «ХОВАР»,  нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019  баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар бо телефонҳо ва суроғаи электронии зерин тамос гиред: 221-73-17, 221-75-74, E-mail: info@ombudsman.tj

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Kasri-millatҲамватанони азиз!

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд.

Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд.

Ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор дорад.

Яъне мардуми мо аз замонҳои бисёр қадим дар ҳар фасли сол ҷашну ойинҳои хос доштаанд.

Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин ойинҳоро таҷлил карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода мекарданд.

Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, он пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад.

Ин ҷашни бостонӣ фардо фаро мерасад, ки ба ин муносибат, ҳамаи ҳамватанони азизро табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.

Ба нақли ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро бори нахуст шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст.

Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣ ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд.

Баробари ба поён расидани он аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд.

Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад.

Ҷашни Сада дар тӯли таърих борҳо ба мухолифати мутаассибон дучор шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон як андоза камранг доир мегардид.

Танҳо ба шарофати озодиву истиқлоли давлатӣ мо онро эҳё кардем ва соли панҷум аст, ки дар кишвари мо ин ойини мардумӣ ҷашн гирифта мешавад ва дар рӯзҳои баргузории он намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон ба маърази диққати мардум гузошта мешавад.

Ҳамзамон бо ин, бозиҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

Ин маъракаи воқеан халқӣ моро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳор оғоз намоем, ҷӯю заҳбурҳоро тоза кунем, ниҳолҳои мевадору ороишӣ шинонем ва тухмии серҳосил интихоб кунем.

Дар баробари ин, аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ карда, аз ҳозир барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар гардонидани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа замина гузорем.

Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли мардуми шарифи кишварро бо фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватани азизамон сулҳу сафо, файзу баракат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

25.01.2020, шаҳри Душанбе        www.president.tj

Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Рамзи 30-солании Истиклолияти давлатиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.

Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» васеъ истифода баранд.

23.01.2020, шаҳри Душанбе  www.prezident.tj

Тасдиқи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021

Рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз — кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.

23.01.2020, шаҳри Душанбе    www.prezident.tj

Дастгирии соҳибкорӣ дар Паёми навбатӣ

45556788925_94a6312428_o-750x450Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  26 декабри соли 2019 ироа гардид, дар қатори дигар масъалаҳо ба масъалаҳои сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт низ диққати махсус дода шуд. Дар ин самт Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.

Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.

Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад». Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд ва ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  соҳибкорӣ, ки асоси пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, ба  Ҳукумати кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар масъалаи дастрасии соҳибкорон, махсусан, молистеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон қайд карда шуд, ки он то ҳанӯз ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки “Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешад.

Бонки миллӣ вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад. Инчунин, бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯӣ намояд».

Ҳамин тавр, мо кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифадорем, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ муайян намудаанд, сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати он саҳмгузор бошем.

Ҳамчунин ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, ки яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро мебошад, талош варзем.

М. Салоҳудинов,
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент мачлиси васеи хукумат20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуд.

Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2019 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор руйдодҳои муҳими таърихӣ ба амал омаданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2019 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 3 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,7 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд.

Сарвазири мамлакат таъкид доштанд, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2019, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси  3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 27,6 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, 27 номгӯйи молҳое, ки  дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ  нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Натиҷаҳои бадастомада ҳоло ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботӣ сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Итминон аст, ки дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дахлдори сармоягузорӣ иқтидорҳои истеҳсолӣ барқарор мегарданд.

Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳо ҳамчунин вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии мамлакат, тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.

Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид гардид, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн.сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашуд.

Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи карзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 — 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъкид карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2019 ҳисобот дод.

Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ, иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ, таҳияи системаи муайяни таъини нафақа ба шахсони маъюб ва ба ҳисобгирии шахсони фавтида, инчунин назорати маблағҳои суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дастурҳои мушаххас доданд.

Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.

Новобаста аз пешравии кор дар соҳа қарздории ширкат, истифодаи ғайри мақсадноки неруи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номида шуд.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ, содироти он, коҳиш додани талафоти барқ ва ҷорӣ кардани технологияи нави пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, чораҳои мушаххас андешида шавад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ доданд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида, натиҷаи санҷишҳо, муайян кардани зарарҳои молиявӣ, барқарор намудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ, ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки соли гузашта дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1102 ва аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 308 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуд.

Аз маблағи умумии беш аз 918 миллион сомонии зарари молиявии аз ҷониби ҳар ду сохтор муайянкардашуда, 360,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан дар соҳаи молия ҷораҳои қатъӣ андешанд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳаҳо, волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси ин сохторҳоро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд.

Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.

Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳамчунин ҳисоботи Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд.

Сарвари давлат дастур доданд, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки солҳои 2020 ва 2021 дар қаламрави кишвар бургузор мегарданд, аз ҳозир тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Барои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмуъ татбиқи сиёсати хориҷии Роҳбарияти  давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Оид ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва вазири кишоварзӣ Иззат Сатторӣ шунида шуд.

Президенти мамлакат барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои кори соҳаи нақлиёти мамлакат, фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода  ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ шунида шуд.

Тавре таъкид ёфт, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ , Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ  ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.

Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Ҳуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Сарвари давлат аз масъулини соҳаҳои номбаршуда, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб карданд.

Сипас вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, Президенти академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз натиҷаҳои фаъолияти кормандони ин соҳаҳо ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои номбурда баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои дар паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода дастур дода шуд, ки дар доираи 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳар чи бештари ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ чораҳои бетаъхир андешад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Султон, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии содирот Шавкат Бобозода аз натиҷаҳои фаъолияти ин соҳаҳо дар соли 2019 ҳисобот доданд.

Сипас, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2019 гузориш дод.

Тавре тазаккур дода шуд, соли 2019 буҷети шаҳр дар ҳаҷми 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақша 54 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар се соли охир ба иқтисодиёти шаҳр 850 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти шаҳр ба 15 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 7,2 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20 фоиз баробар гардид.

Умуман, дар ин давра 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Соли 2019-ум 38 километр хатҳои гармигузар ба маблағи 62 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 4 баробар зиёд аст.

Дар се соли охир 160 километр шабакаҳои гармидиҳӣ ё 320 километр қубурҳои гармигузар ба маблағи 173 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои рушди кулли соҳаҳои пойтахти мамлакат ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хусус бунёди маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ”, ки дар ҳудуди 30 гектар ба нақша гирифта шудааст, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар гузориши раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2 миллиарду 404,3 миллион сомонӣ) 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба ҷойи 1 миллиарду 887,4 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1 миллиарду 924,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 37,26 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2019 ба соҳаи маориф 867,4 миллион сомонӣ маблагҳои буҷетӣ равона карда шудааст, ки нисбати соли қаблӣ 84,3 миллион сомонӣ ё 10,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 37 иншооти соҳаи маориф бо 4 ҳазору 761 ҷойи нишаст бунёд гардид.

Ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 451,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шудааст, ки нисбати соли қаблӣ 66,9 миллион сомонӣ ё 17,4 фоиз зиёд мебошад.

Соли равон дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ 121 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 18 толори варзишӣ, 101 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сарвари давлат ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри боз ҳам афзун гардонидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истифодаи мақсадноки ҳар порча замин супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни ҳисобот Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти иҷтимоии ғайрибуҷети 100,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷети вилояти Хатлон 1 миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 2,1 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо соли 2018 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар вилоят соли гузашта қариб 54 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки 104 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

Гардиши савдо дар вилоят ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 2 миллиарду 63 миллион сомонӣ баробар шуд.

Дар вилояти Хатлон 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои он дастур дод, ки дар соли 2020 бо истифодаи сарчашмаҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти ватаниро афзун намуда, ҷиҳати ҳар чи бештар содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ чораандешӣ намоянд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз номи сокинони вилоят ба Сарвари давлат барои ғамхориҳои пайваста ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи ободонию созандагӣ, бунёди роҳҳои байналмилалӣ, сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят изҳори сипос кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Тавре таъкид гардид, имрӯз корҳо барои оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро муваззаф кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд анҷом додани лоиҳаҳои сохтмонӣ  ва рушди саноати кӯҳӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои мушаххас андешанд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуданд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки соли 2020 тавассути иҷрои босифати нақшаҳои тарҳрезишуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар ҳаҷми 87,4 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши онро дар сатҳи 7,8 фоиз ва қисми даромади буҷетро дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин намояд.

Ба роҳбарони мақомоту идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки имконияту захираҳои мавҷударо барои иҷрои босифати барномаҳои қабулшуда самаранок истифода карда, ҷиҳати кам намудани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои берунӣ, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани истеҳсолот дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани саноатикунонии мамлакат чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҷиҳати иҷрои сифатноку ҳатмии нақшаи даромади буҷет дар соли 2020, пешбинии манбаъҳои воқеии андозбандӣ, иҷрои босифати нақшаи воридоти андозҳо дар маҳалҳо ва муайян намудани сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи баъзе намудҳои андоз, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо ба роҳбарони вазорату  идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳо тибқи супорише, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва сармоягузорӣ дода шуда буд, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ раванди таҳияи Кодекси андозро дар таҳрири нав суръат бахшанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти Вазорати молия муваззаф гардид, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа аз 1-уми сентябри соли 2020, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ эълон шуд, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати такмили низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳамкориро дар ин самт бо вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшад.

Ҷиҳати дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва сиёсати пуливу қарзӣ бо истифода аз усулҳои муосир ба таври қатъӣ Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти хароҷоти буҷет дар ҳамаи зинаҳои идораи давлатӣ, пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо бояд  зери назорати доимӣ қарор дошта бошад.

Вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ки қаноаткунанда нест, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва  роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдорро барои андешидани тадбирҳои иловагӣ вазифадор намуданд.

Вазорати кишоварзӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Бо дарназардошти эълон шудани бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф зарур шуморида шуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида шуда, мутахассисони ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ омода карда шаванд.

Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки барои таҷдиди сохтор ва таъмиру азнавсозии китобхонаҳо, таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр ва таҷҳизоти муосир, маводи тавсиявию методӣ, тарбияи мутахассисони касбӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкили курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” чораҳои муассир андешад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи «Нақшаи бисёрсоҳаи беҳбуди вазъи ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» – ро таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Тавре таъкид гардид, ки дар баробари мусбат ҷамъбаст гардидани соли 2019 ҳанӯз бисёр норасоиву камбудиҳо, аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, пурра истифода нагардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, дар сатҳи зарурӣ ҷалб накардани сармояи хориҷӣ, таъмин накардани ҳаҷми зарурии қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва дигар камбудиҳо ҷой доранд ва бояд ҳарчи зудтар ислоҳ карда шаванд.

Вобаста ба ин, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси Ҳукумат зикргардидаро дар давоми сол бартараф намоянд, дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлатро пурра ва босифат амалӣ гардонанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд ва корро дар самтҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои истеҳсоливу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ ҷоннок намоянд.

Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ бояд назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшударо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳар семоҳа оид ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бунёди иншооти гуногун, корҳои ободониву кабудизоркунӣ, хусусан, бунёди боғу токзорҳои нав, беҳдошти ҳолати истифодаи замин, захираҳои об, экология ва дигар корҳо ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намоянд.

Дар навбати худ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳалли масъалаҳои аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ гузошташударо вобаста ба корҳои ободониву бунёдкорӣ таъмин намоянд.

20.01.2020, шаҳри Душанбе           www.president.tj

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар шаҳри Душанбе

Мактаби 65

15 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50 — уми қарни гузашта сохта шуда буд, қомат афрохтааст.

Иншооти чорошёнаи навбунёдро сохтмончиён замонавӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд намудаанд.

Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут – 2000” — ум дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ анҷом додааст.

Бинои таълимӣ дар масоҳати 1820 метри мураббаъ бунёд шуда, он барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии иншоот бо фарогирии қитъаҳои сабзкоришуда бошад, 5500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки бино аз 38 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, маҷлисгоҳ бо 344 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Китобхонаи муассиса дорои 3600 нусха китоби дарсӣ, 1400 нусха китоби бадеӣ, 1000 нусха китоби бачагона ва 450 нусха дастурҳои таълимӣ аст. Қироатхонаи китобхона бо 40 ҷойи нишаст ва 7 компютер фарогири миқдори зиёди китобҳои гуногуни электронӣ мебошад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур маълум гардид, ки синфхонаҳои фаннии он, аз ҷумла синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика ва биология пурра бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ 30 компютер васлу насб гардидааст, ки ҳар кадоми он ба шабакаи интернет пайваст аст.

Ошхонаи муассиса, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад ва дар он бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба хонандагону омӯзгорон хизмат расонида мешавад.

Дар ошёнаи дуюми бино барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон гӯшаи шоҳмотбозӣ ва дар ошёнаи сеюм ҷиҳати тарғиби фарҳанги миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Дар таҳхона синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва анбору буғхона ҷойгир мебошад. Низоми гармидиҳии муассиса ба шабакаи муттамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст аст.

Ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи музкур бо 32 адад камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар як вақт имкони сабти ҳам навор ва ҳам садоро бо сифати баланд доранд, назорат карда мешавад.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошад, дар доираи нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба муҳассилин ва омӯзгорон маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълимиро дар муассисаи навбунёд беҳтарин унвон доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат аз омӯзгорон масъулиятшиносӣ дар корҳои таълим ва истифодаи самараноки имконияти муосирро талаб карда, хонандагонро ба донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят намуданд.

15.01.2020, шаҳри Душанбе   www.president.tj

Ифтитоҳи истгоҳи обполоӣ дар КВД “Обу корези Душанбе”

Президент Обу корез15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии “Худҷореъ”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” оғози расмӣ бахшиданд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии марҳилаи аввали иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор нафарро қонеъ мекард.

Акнун бо ифтитоҳи марҳилаи дуюми иншоот иқтидори истеҳсоли оби тоза дар як шабонарӯз зиёд ва сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки обполакҳо бо истифода аз навтарин технологияи соҳа сохта шудаанд ва ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполоӣ иборат мебошад. Инфрасохтори истгоҳи обполоӣ бо бартариҳои зиёд аз дигар лоиҳаҳо тафовут дорад. Он дар масоҳати ками замин ҷойгир шуда, оби нӯшокиро бо сифати баланд коркард менамояд, ки ин бартарии асосии лоиҳаи мазкур мебошад.

Зимни боздид аз истгоҳи обполоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба баланд бардоштани сифати об ва таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ҷалб намуданд.

Ба андешаи Пешвои миллат Тоҷикистон кишвари сероб аст ва дар шароити имрӯза бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда, бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обӣ оқилона истифода гардад.

Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши обтозакунӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ оғоз гардида буд.

Лоиҳакаш ва паймонкори истгоҳи обполоӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Ширкати муштараки олмонию итолиёвии Людвиг Пффайфер — Эмит (“Ludwig Pfeiffer — Emit”) буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ҳамин ширкатҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтаззами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тоза ҳавзҳои танзими шабонарӯзии Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” аҳамияти калон доранд.

Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обтакшинкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.

Дар коркарду безараргардонии оби нӯшокии барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад.

Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи гипохлориди натрий — маҳлул барои безараргардонии оби нӯшокӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар коргоҳ се хатти истеҳсолӣ васлу насб гардидааст ва маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла, омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои кимиёвӣ тайёр мешавад.

Аз руи ҳисоби мутахассисон баҳри иқтидори солонаи иншоот ва коркарди пурраи оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.

Илова ба корҳои анҷомдодашуда дар ин иншоот ҳамчунин сохтмони бинои маъмурӣ, бинои истгоҳи трансформаторӣ, коргоҳи автоматикии коагулятсия ва флокулятсия, бунёди амбори пойгоҳ ва кашонидани хатти қубури қутраш аз 1000 то 1600 миллиметр дар масофаи 1,1 километр иҷро гардидааст.

Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо мақсади таъмин намудани сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардид.

15.01.2020, шаҳри Душанбе     www.president.tj