Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар шаҳри Душанбе

Мактаби 65

15 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50 — уми қарни гузашта сохта шуда буд, қомат афрохтааст.

Иншооти чорошёнаи навбунёдро сохтмончиён замонавӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд намудаанд.

Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут – 2000” — ум дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ анҷом додааст.

Бинои таълимӣ дар масоҳати 1820 метри мураббаъ бунёд шуда, он барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии иншоот бо фарогирии қитъаҳои сабзкоришуда бошад, 5500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки бино аз 38 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, маҷлисгоҳ бо 344 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Китобхонаи муассиса дорои 3600 нусха китоби дарсӣ, 1400 нусха китоби бадеӣ, 1000 нусха китоби бачагона ва 450 нусха дастурҳои таълимӣ аст. Қироатхонаи китобхона бо 40 ҷойи нишаст ва 7 компютер фарогири миқдори зиёди китобҳои гуногуни электронӣ мебошад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур маълум гардид, ки синфхонаҳои фаннии он, аз ҷумла синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика ва биология пурра бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ 30 компютер васлу насб гардидааст, ки ҳар кадоми он ба шабакаи интернет пайваст аст.

Ошхонаи муассиса, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад ва дар он бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба хонандагону омӯзгорон хизмат расонида мешавад.

Дар ошёнаи дуюми бино барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон гӯшаи шоҳмотбозӣ ва дар ошёнаи сеюм ҷиҳати тарғиби фарҳанги миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Дар таҳхона синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва анбору буғхона ҷойгир мебошад. Низоми гармидиҳии муассиса ба шабакаи муттамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст аст.

Ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи музкур бо 32 адад камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар як вақт имкони сабти ҳам навор ва ҳам садоро бо сифати баланд доранд, назорат карда мешавад.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошад, дар доираи нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба муҳассилин ва омӯзгорон маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълимиро дар муассисаи навбунёд беҳтарин унвон доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат аз омӯзгорон масъулиятшиносӣ дар корҳои таълим ва истифодаи самараноки имконияти муосирро талаб карда, хонандагонро ба донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят намуданд.

15.01.2020, шаҳри Душанбе   www.president.tj

Ифтитоҳи истгоҳи обполоӣ дар КВД “Обу корези Душанбе”

Президент Обу корез15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии “Худҷореъ”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” оғози расмӣ бахшиданд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии марҳилаи аввали иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор нафарро қонеъ мекард.

Акнун бо ифтитоҳи марҳилаи дуюми иншоот иқтидори истеҳсоли оби тоза дар як шабонарӯз зиёд ва сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки обполакҳо бо истифода аз навтарин технологияи соҳа сохта шудаанд ва ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполоӣ иборат мебошад. Инфрасохтори истгоҳи обполоӣ бо бартариҳои зиёд аз дигар лоиҳаҳо тафовут дорад. Он дар масоҳати ками замин ҷойгир шуда, оби нӯшокиро бо сифати баланд коркард менамояд, ки ин бартарии асосии лоиҳаи мазкур мебошад.

Зимни боздид аз истгоҳи обполоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба баланд бардоштани сифати об ва таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ҷалб намуданд.

Ба андешаи Пешвои миллат Тоҷикистон кишвари сероб аст ва дар шароити имрӯза бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда, бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обӣ оқилона истифода гардад.

Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши обтозакунӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ оғоз гардида буд.

Лоиҳакаш ва паймонкори истгоҳи обполоӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Ширкати муштараки олмонию итолиёвии Людвиг Пффайфер — Эмит (“Ludwig Pfeiffer — Emit”) буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ҳамин ширкатҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтаззами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тоза ҳавзҳои танзими шабонарӯзии Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” аҳамияти калон доранд.

Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обтакшинкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.

Дар коркарду безараргардонии оби нӯшокии барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад.

Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи гипохлориди натрий — маҳлул барои безараргардонии оби нӯшокӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар коргоҳ се хатти истеҳсолӣ васлу насб гардидааст ва маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла, омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои кимиёвӣ тайёр мешавад.

Аз руи ҳисоби мутахассисон баҳри иқтидори солонаи иншоот ва коркарди пурраи оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.

Илова ба корҳои анҷомдодашуда дар ин иншоот ҳамчунин сохтмони бинои маъмурӣ, бинои истгоҳи трансформаторӣ, коргоҳи автоматикии коагулятсия ва флокулятсия, бунёди амбори пойгоҳ ва кашонидани хатти қубури қутраш аз 1000 то 1600 миллиметр дар масофаи 1,1 километр иҷро гардидааст.

Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо мақсади таъмин намудани сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардид.

15.01.2020, шаҳри Душанбе     www.president.tj