Баргузории нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Копия IMG_3347

Санаи 30 январи соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, А.Сатторзода — Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, Умед Бобозода  баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зимни баромади худ У.Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуд, ки соли 2019 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳуқуқ ба меҳнат ва самтҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони масъул ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Нишасти матбуотӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, ба иштирокчиён шумораи нави «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Варақаи иттилоотӣ (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) омода ва дастрас карда шуд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо васоити ахбори омма  идома ва тавсеа меёбанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ