Дастгирии соҳибкорӣ дар Паёми навбатӣ

45556788925_94a6312428_o-750x450Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  26 декабри соли 2019 ироа гардид, дар қатори дигар масъалаҳо ба масъалаҳои сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт низ диққати махсус дода шуд. Дар ин самт Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.

Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.

Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад». Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд ва ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  соҳибкорӣ, ки асоси пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, ба  Ҳукумати кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар масъалаи дастрасии соҳибкорон, махсусан, молистеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон қайд карда шуд, ки он то ҳанӯз ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки “Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешад.

Бонки миллӣ вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад. Инчунин, бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯӣ намояд».

Ҳамин тавр, мо кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифадорем, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ муайян намудаанд, сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати он саҳмгузор бошем.

Ҳамчунин ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, ки яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро мебошад, талош варзем.

М. Салоҳудинов,
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон