Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019

1Имрӯз дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2019  маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Нахуст У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса бо соли 2018 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад. Инчунин дар масъалаи қабули муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон  дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва оид ба дигар масъалаҳо кормандони шуъбаҳои мақомот баромад намуданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки соли сипаригашта мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла баргузории Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо”,  таҳия ва қабули “Харитаи роҳ оид ба ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи марказӣ” дар якҷоягӣ бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқизстон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, шомил шудан ба узвияти Алянси авруосиёии омбудсменҳо ва ғайраҳо.

2

Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, баргузории санҷишу мониторингҳо, иштирок дар семинару машваратҳо, иҷрои нақшаҳои корӣ ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Сипас  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои  соли 2020 дастурҳои  мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ