Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Роҳнамои стратегии Тоҷикистон

Копия (2) 49277942896_677c161c7f_5k

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро, Паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Дар Паёми навбатӣ, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид Пешвои муаззами миллат рушди иқтисоди кишвар, даромади пулии аҳолӣ, бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ, сатҳи камбизоатӣ, нишондиҳандаҳои дарозумрӣ, фавт, афзоиши аҳолӣ ва саҳми бахши хусусиро дар тайи ҳафт соли охир натиҷагирӣ намуда, зикр карданд, ки: «Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.

Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.

Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.»

Нишондиҳандаҳои мазкур самараи идоракунии хирадмандонаи Президент дар вазъияти буҳрони ҷаҳонӣ ва пешгирии хавфҳои воқеию эҳтимолӣ ба сиёсат ва иқтисодиёти кишвар мебошад. Чунин сиёсат имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон хавфҳои мавҷударо бо камтарин ҳисорот ба иқтисоди кишвар паси сар намояд. Ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар ин робита Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд.»

Ислоҳоту иқдомҳои саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи сиёсати давлатӣ самараи хуб ба бор овард. Зимни бардошт аз Паём маълум мешавад, ки дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуда, дар солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил додааст.

Яке аз чунин иқдомот такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин соҳаҳо мебошад, ки бо таъкиди Пешвои миллат бояд корҳо дар ин самт идома ёбанд, ки дар навбати худ барои рушди устувор мусоидат намояд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар эътибори ҷиддӣ дода, таъкид намуданд, ки соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз ёфта, ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ имкони мусоид фароҳам месозад.

Зимни ироаи Паём таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019, 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловват-соат) афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Вобаста  ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ таъкидҳои муфид низ дода, Пешвои миллат қайд намуданд, ки амалисозии яке аз ҳадафҳои дигари муҳими Тоҷикистон – истиқлолияти энергетикӣ пайваста зери таваҷҷуҳ қарор дорад.

Дар Паёми солона Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва махсусан сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши  технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъкид намуданд. Зеро, маҳз пешрафти босуръати илму техника дар раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дигаргуниҳои назаррасро ба бор меорад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки мақомоти дахлдор «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Ҳамчунин дар баробари тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Пешвои миллат мутолиаи китобҳои бадеиро муҳим арзёбӣ намуданд. Бо ин пешниҳод Сарвари давлат нақши китобҳои бадеиро дар баробари баланд бардоштани дониши назариявӣ, ба талқини ғояҳои инсондӯстона дар байни ҷавонон, дӯст доштани оила, Ватан, падару модар, эҳтироми устод ва инсон низ таъкид намуданд.

Дар раванди рушди технологияи рақамӣ шавқ ва алоқамандии ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ коста гардидааст. Бо назардошти ин, ин дастури Пешвои миллат саривақтӣ ва муҳим мебошад, зеро дар рӯҳия инсондӯстӣ ва ҳимоят аз арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.

Гузашта аз ин, бо ин васила ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба мероси пурғановати ниёгони хеш ба таври шоиста баҳо дода, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ талоши бештар менамояд.

Аз Паёми Пешвои миллат қишрҳои ҷомеа ва намояндагони касбу кор ва соҳаҳои гуногун самтҳои ба худ алоқамандро интизор мешаванд. Зеро, таҷрибаи ироаи Паём ва механизмҳои минбаъдаи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз он бармеоянд нишон медиҳанд, ки нисбат ба амалисозии онҳо бархурд ва муносибати масъулона сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз, самтҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида якдигарро пурра намуда, бо ҳам алоқаманд буда, дар маҷмӯъ ба амалисозии яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон – таъмини зиндагии шоиста нигаронида шудаанд.

С.Қодирӣ,
сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ
ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон