Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

47431487232_5891d9765e_z28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои навтаъингардидаи Ҳукумат ва раисони кумитаву идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин масъала вазири адлия Музаффар Ашуриён ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 қабул гардида, дар самти сиёсати ислоҳи маҳкумшудагон санади басо муҳим ва саривақтӣ буда, он барои рушди соҳаи истеҳсолӣ ва самаранок истифода бурдани муҳлати адои ҷазо мусоидат менамояд.

Фаъолияти меҳнатии маҳкумшудагон ҳамчун воситаи муҳимми тарбия, омили таҳкими тартибу интизом дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебошад. Меҳнати маҳкумшудагон ба фаъолияти муътадили муассисаи ислоҳӣ дар шароити муосир, қонеъ гардонидани талаботи худи маҳкумшудагон, соҳиби касби муайян гардидани онҳо, кумак расонидан ба оила ва ҷамъоварии пасандози зарурӣ барои ҷобаҷошавии онҳо баъди адои ҷазо низ имконият медиҳад.

Бо дар назар доштани ин ҳолат ва бо мақсади пешбурди истеҳсолот дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҷалби бештари маҳкумшудагон ба корҳои музднок, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ба талабот ҷавобгӯ намудани он Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатй дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 амалӣ шуда истодааст.

Ҳамчунин дар маҷлиси Ҳукумат дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳисобот дод.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” баррасӣ гардида, аз ҷумла, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино” ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Доир ба тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд. Тавре таъкид гардид, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.

Аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин барои татбиқи мақсадноки нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

28.02.2020, шаҳри Душанбе  www.prezident.tj

Мизи мудаввар бахшида ба тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

??

Рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 бо иштироки роҳбарият ва кормандон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – У.Бобозода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти бузурги Паём дар рушди босуботи ҷумҳурӣ ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон суханронӣ намуданд. Аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегие мебошад, ки дурнамои рушди давлати тоҷиконро барои соли 2020 ва солҳои минбаъда муайян месозад.

Инчунин муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳабибулозода Раҷабмо дар қисмати ифтитоҳӣ суханронӣ намуда, аҳамияти Паёми навбатиро дар рушд ва пешрафти ҳуқуқи инсон хусусан кӯдакон зикр намуданд.

Дар рафти чорабинӣ  иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паёмро мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода, бештар ба ҷанбаҳои пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар рафти мизи мудаввар аз тарафи кормандони мақомот дар мавзӯъҳои «Инъикоси масъалаҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ашӯров М. — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ), «Инъикоси масъалаҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Раҷабов Ш. — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ),  «Инъикоси масъалаҳои таълиму тарбия дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Содиқов А. — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак)  маърӯзаҳо карда шуданд.

Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар маърӯзаҳои пешниҳодшударо мавриди муҳокима қарор дода, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охири чорабинӣ У.Бобозода аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар иҷрои нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳмгузор бошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2019 таҳия гардиданд

Маърузаи ВХИ 2019Тибқи моддаи 24 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон дар соли 2019 таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин Маърӯзаҳо барои дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият менамоянд ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар матбуоти чопӣ ва электронӣ нашр карда мешаванд.

Дар маърӯзаҳо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, вазъи риоя ва таъмини ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд, ҳуқуқ ба муроҷиат, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқи маъюбон, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, фардият, озод будан аз шаклҳои бадтарини меҳнат ва ҳуқуқҳои кӯдакони бештар осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб, кӯдакон дар низоми адолати судӣ ва кӯдакони зери таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар баробари ин, дар маърӯзаҳо таҳлили вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мушкилоти ҷойдошта дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои анҷомдодашуда доир ба барқарорсозии ҳуқуқҳои халалдоршуда, тавсия ва пешниҳодҳо оид ба роҳҳои ҳалли камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда баён шудаанд. Хулосаҳо дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мониторингҳои гузаронидашуда, инчунин иттилооте, ки аз мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори омма ба даст омадаанд, пешниҳод карда шудаанд.

Мақсади асосии маърӯзаҳои мазкур ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва кӯдак дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, маърӯзаҳо тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст, чораҳои мушаххас андешанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон итминон дорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак омадаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2019

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2019

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихобот

unnamedИнтихоботи озод ва демократӣ яке аз арзишҳои тамаддуни муосир ва инъикоскунандаи ҳокимияти воқеии халқ ба шумор меравад.

Эъломияи ҳуқуқи инсон дар моддаи 21 эълон менамояд, ки «Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти давлатӣ бошад; ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра, бидуни сохтакорӣ, тавассути ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари баробар, ки овоздиҳии озодро таъмин менамоянд, ба амал бароварда шавад».

Дар моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст, ки «Ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъи табъиз ва маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пинҳонӣ ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, овоз диҳад ва интихоб шавад».

Мазмун ва принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқ ба интихобот инчунин дар Мулоҳизоти тартиби умумии  Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон аз соли 1996 № 25, Ҳуҷҷати Копенгаген (соли 1990), Кодекси амалияи беҳтарин дар соҳаи интихобот ва дигар санадҳои байналмилалӣ мустаҳкам карда шудааст.

Ҳуқуқи интихобот, ки дар моддаҳои 6 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, шакли ифодаи озоди иродаи халқ ва иштироки он дар раванди сиёсӣ мебошад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи интихобот — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ««Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигарҳо кафолати ҳуқуқи интихоботро тақвият дода, шаффофият ва дастрасии озоди овоздиҳиро баланд бардоштанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд ҷараён доранд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ фаъолият мебаранд, ки ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо тавассути озод баён намудани фикру мулоҳизаҳои худ оид ба вазъи иқтисодию сиёсии кишвар ва барномаҳои пешазинтихоботиашон шароит фароҳам овардаанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 баргузории интихобот яке аз вазифаҳои муҳими давлат ҳисобида шуда, вобаста ба ин дар Паём дастур дода шуд, ки он ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор карда шуда, аз ҳар фарди ҷомеа тақозо карда шуд, ки дар гузаронидани ин чорабиниҳои сиёсӣ фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро нишон диҳанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба риоя ва барқарорсозии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мебошад. Чунки ҳар гуна дур шудан аз қонунгузории интихоботӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро паст зада, нисбат ба ниҳоди ҳокимияти халқӣ бовариро коста мегардонад.

Бо мақсади баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва мониторинги рафти интихобот дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи чорабиниҳо таҳия карда шуд, ки масъалаҳои зеринро дарбар мегиранд: гузаронидани корҳои маърифатнокӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги интихоботӣ, мониторинги рафти интихобот, бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба ҳуқуқи интихоботӣ, мушоҳидаи амалҳои аъзои комиссияҳои интихоботӣ (супоридани бюллетенҳо, санҷиши ҳуҷҷати шаҳрвандон ва дигарҳо), санҷиши вазъи бино, кабинаҳо ва қуттиҳои овоздиҳӣ, санҷиши мавҷудияти шароит барои овоздиҳии маъюбон ва шахсони камҳаракат ва дигарҳо.

Барои қабул ва баррасии муроҷиатҳо вобаста ба интихобот қабули ҳаррӯзаи шаҳрвандон дар дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои интихоботӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориҳои судманди худро бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин миссияҳои мушоҳидон ба роҳ мондааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшад.

Аз натиҷаи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти мазкур маълумотномаи таҳлилӣ омода карда шуда, минбаъд натиҷаҳои онҳо дар Маърӯзаи навбатӣ пешниҳод мегардад.

Аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал бароварда мешавад, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ иштирок намоянд ва ба номзадии арзандаи худ овоз диҳанд.

М.Ашӯров,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои   шаҳрвандӣ   ва   сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

49568637112_88ce3f9d64_c-e158236168019422 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи — 27 соли таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

“Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем” — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор намуданд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори бистуҳафтсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.

 

22.02.2020, шаҳри Душанбе   www.prezident.tj

Мизи мудаввар бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20200221_150242 - копия

Рӯзи 21 феврали соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — У.Бобозода оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҳар як давлат дар ҳифзи суботу амнияти худ ба қувваҳои мусаллаҳ такя мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумхурӣ дар тули 27 соли фаъолияти худ ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ҳифзи марзу бум ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.

Сипас муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Р. Ҳабибулозода аз таърихи ташкил ва нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар суханронӣ намуда, инчунин зикр намуданд, ки барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Инчуни Нидоев Ҳ. – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бахшида ба 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ маърӯза намуданд. Қайд карда шуд, ки дар муддати 27 соли гузашта ба дӯши хизматчиёни ҳарбии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва сулҳу субот аз ҳалли онҳо вобаста буд ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати касбиашон бо сарбаландӣ баромаданд. Ҳамчунин аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёддовар шуданд, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”.

Баъдан кормандони мақомот вобаста ба аҳамият ва нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини субот ва оромии давлат мулоҳизаронӣ намуданд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар қатори дигар самтҳо, ба самти риояи ҳуқуқи хизматчиёнӣ ҳарбӣ низ пайваста мароқ зоҳир намуда, мониторингу чорабиниҳои мухталифро дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор менамояд.

Аз соли 2014 инҷониб аз тарафи Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторингҳо гузаронида мешавад. Инчунин кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии  «Дафтари озодихои шахрвандӣ» дар қисмҳои ҳарбии вазорат дар мавзӯъҳои «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ», «Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон», «Муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ» ва ғ. мизҳои мудаввар доир намудаанд.

Дар охири чорабинӣ У.Бобозода  ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрику таҳният намуда, онҳоро ба расидан ба қадри истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

49564336251_07c576673a_c-e1582276330733

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу менамоям.

Бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд.

Яъне давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд.

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт.

Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор карданд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд.

Минбаъд мо дар сохтори  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар марҳала ба марҳала Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамалро таъсис дода, ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ шурӯъ намудем.

Имрӯз намояндагони ҷузъу томҳои зикршуда ва дигар воҳидҳои низомӣ барои гузаштан аз паради ҳарбӣ саф кашидаанд, ки боиси ифтихору сарбаландӣ ва осудагии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд.

Муҳтарам афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омада, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ ва бехонумон мондани миллионҳо нафари дигар дар баъзе кишварҳои сайёра гардида истодаанд, моро водор месозанд, ки барои тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ба хусусияти таҳдиду хатарҳои муосир мутобиқ гардонидани қудрати мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва такмили сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии он минбаъд низ тадбирҳои зарурии иловагӣ андешем.

Бахусус, вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд.

Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд.

Дар ин раванд, ба роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фармондеҳони ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарур аст, ки ба масъалаи риояи ҳатмии талаботи қонун ва ойинномаҳои низомӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намоянд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва матонату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озод эътимод дорам ва бо ифтихору итминон иброз медорам, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипари боэътимод  ҳимоя мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бистуҳафтсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тансиҳативу хушбахтӣ, сарбаландиву саодат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷоъи Ватан!

21.02.2020, шаҳри Душанбе   www.prezident.tj

Масъалаи мубориза алайҳи терроризм дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

скачанные файлы (1)

Дар ҷаҳони имрӯза хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои ташвишовар буда, хусусиятҳои он аз ҷониби илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин ҷарраёни номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, барои пешгирии он тамоми кишварҳои ҷаҳон роҳу усулҳои мухталифи самарабахшро истифода карда истодаанд.

Воқеист, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ-террористӣ моро водор месозад, ки тамоми кӯшишҳоямонро бар зидди  ин амалҳои номатлуб равона намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки 26 декабри соли 2019 ироа намуданд, қайд карданд, ки “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмиллалӣ ба душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки ҳамаи арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба амалҳои нопоки худ аз ваҳшониятҳо руй намегардонад”.

Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат аз минбарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид намудаанд, ки «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Терроризм тули солҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёдро аз худ боқӣ мондааст ва монеи инкишофи озодонаи ҷомеаи ором гардидааст. Махсусан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин ҳодисаҳо бетараф намебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳони имрӯза гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ ба ҳам муттаҳид кардааст: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст кардани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, баъдан ин амалҳо ва ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоварад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кишварҳои дунё – ин мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.

Мо, ҷавонон ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро‚ ки ҳамзамон вайронкунии кулли ҳуқуқи инсон низ ба ҳисоб меравад‚ ҳамаҷониба маҳкум менамоем‚  барои ҳифзи Ватани хеш ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дар ин самт ва дигар самтҳо пайгирӣ намоем.

 

Қурбонов А.,
нозир-коргузори Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Омбудсмени Ҷумҳурии Гурҷистон хонум Нино Ломджария

????????????????????????????????????

Рӯзи 14 феврали соли 2020 дар доираи нақшаи сафари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя аз табъиз» ба шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Омбудсмени Ҷумҳурии Гурҷистон хонум Нино Ломджария вохӯрӣ ва мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин дигар намояндагони гурӯҳи кории дар боло зикргардида аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои марбути таҳлили қонунгузории миллии Гурҷистон дар бораи манъ ва ҳимоя аз табъиз, масъалаҳои вобаста ба амалишавӣ ва татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ ва амалии қонунгузории ҳимоя аз табъиз мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд. Мубодилаи андешаҳо бобати таҷрибаи фаъолият ва мандати Омбудсменҳои ду кишвар, Ҷумҳурии Гурҷистон, чун мақомоти дорандаи мақоми «А»-и Алянси Глобалии ниҳодҳои миллии ҳимояи ҳуқуқӣ (GANHRI) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ҳамчунин масъалаҳо вобаста ба минбаъд амалӣ намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Омбудсмени Ҷумҳурии Гурҷистон расидагӣ шуд.

Фото

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Иштирок дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Иштирок дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти  устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, соддагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии Равзанаи ягона барои амалиётҳои содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ, тибқи занҷираи “ашёи хом — истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш” ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар ин робита вобаста ба маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106-умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2020, то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ  7 фоиз, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, қабули “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида, тибқи механизми “Равзанаи ягона” оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ” дар шаҳри Душанбе ва аз 1-уми марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он давоми 10 рӯз  баррасӣ гардидани он, иттилоъ дода шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзнома Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ баромад намуда, аз ҷумла лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P-иро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин баромад карда, масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзанабону Негматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

12.02.2020, шаҳри Душанбе   www.prezident.tj