Рӯзи Модар муборак!

Рузи Модар муборак!

Модарону бонувони азиз!

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.

Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.

Дастгирии занону духтарон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид гардид. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки “…занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

Бо ифтихор ва шарафмандӣ тамоми модарон ва бонувони азизро бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар фаъолияти басо пурмасъулатон комёбиҳо орзу менамоем.

Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!

Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

Бо камоли эҳтиром,
ро
ҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба 
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар

??

Рӯзи 6 марти соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи Модар» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сараввал бонувони мақомотро бо иди Модарон табрик намуданд. Қайд гардид, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Ин аст, ки бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз боло бардошта шуда, Ҳукумати кишвар вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳуқуқи занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт пайваста тадбирҳо меандешад.

Сипас аз ҷониби Давлатов Ҳ. — сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи “Модар — азизтарин шахс дар рӯи замин” маърӯза карда шуд.

Дар маърӯза аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии рӯзи занон дар саросари ҷаҳон ёдоварӣ гардида, қайд карда шуд, ки ҳуқуқи зан дар санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  ва оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ гардида, санади байналмилалии махсус яъне Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон қабул гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санадҳоро ба тасвиб расонида,  қонунгузории миллиро ба онҳо мутобиқ намудааст.

Бинобар ин ҷашни расмии давлатӣ эълон гардидани Рӯзи Модар яке аз иқдомҳои Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа мебошад.

Сипас дигар иштирокчиёни мизи мудаввар дар мавриди қадру манзалати зан – модар фикру мулоҳизаронӣ карда, бонувони мақомотро бо ин ҷашни пуршукуҳ табрик намуданд.

Дар охири чорабинӣ ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, У.Бобозода бори дигар онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки онҳо бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро таманно намуданд.

??

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ