Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муҳоҷирати бехатар ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирон”

раштРӯзҳои 10 — 11 марти соли 2020 дар ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муҳоҷирати бехатар ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирон” бо ташаббус ва дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори семинари омӯзишӣ сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҷабов Шарафҷон ва дигар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолиятбаранда иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ коршиносони ташкилоти СБМ дар Тоҷикистон оид ба вазъи муҳоҷират дар сатҳи байналмилалӣ маълумот дода, ҳамзамон дар мавзӯҳои “Мафҳуми умумии муҳоҷират, субъектҳои муҳоҷират”, “Маълумот оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират”, “Реинтеграцияи муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Савдои одамон, мафҳумҳо ва доираи фарогирӣ” ва “Нақши ВАО дар инъикоси мавзӯҳои муҳоҷират” баромад намуда, вобаста ба мавзӯҳои баррасишаванда намоиши наворҳо баргузор гардиданд.

Дар рафти семинар коршиносон ба саволҳо иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дар охир мутахассисони соҳа низ вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳа ибрози ақида намуда, барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ