Иштирок дар чорабинии ҷамъиятӣ-варзишии дави миллӣ

IMG_20200314_081427Субҳи рӯзи 14 марти соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии оммавии дави миллӣ иштирок намуданд.

Ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ аз соли 2007 инҷониб бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар чорабинӣ ба таври дастаҷамъона сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе донишҷуёни макотиби олӣ ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар ин рӯз на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари ҷумҳурӣ чорабинии дави миллӣ гузаронида мешавад, ки садҳо ҳазор сокинону меҳмонони мамлакат дар баргузории он фаъолона саҳм мегузоранд.

Чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба таблиғи тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ