Ташкили ситоди дохилиидоравӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20-уми март дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, нақшаи кори ситод тасдиқ ва ҷаласаи якуми он баргузор гардид.

Зимни ҷаласа қайд карда шуд, ки хушбахтона дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифтор шудан ба COVID — 19 ба қайд гирифта нашудааст. Вале, ҳолати паҳншавии бемории мазкур дар ҷаҳон моро водор месозад, ки дар ин самт чораҳои пешгириро амалӣ намоем. Дар ин робита чораҳои пешгирии интиқол ва пайдоиши COVID — 19 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин ва кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки чорабиниҳои нақшаи кори ситод супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки ҷойҳои истифодаи умум тозаю озода нигоҳ дошта шуда, қоидаҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ риоя карда шаванд.

Тавсия дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз бемории COVID – 19 аз маводҳои зиддиуфунӣ истифода бурда, барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои паҳн сохтани ҳар гуна овозаҳои беасос дар байни аҳолӣ мусоидат карда шавад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ