Баргузории тренинг дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

??

Рӯзҳои 16-18 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд.

Тренинг дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон — ҳуҷҷатҳо, стандартҳо, механизми ҳимоя» бо ҷалби коршиносони миллӣ баргузор гардида, дар он 26 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

 Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани савияи дониши шахсони тамоси вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи барномаи тренинг бо истифода аз усулҳои интерактивӣ мавзӯъҳои озодии муттаҳид шудан, озодии ибрози ақида, ҳуқуқҳои кӯдак дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ғайраҳо мавриди омӯзиши иштирокчиён қарор гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки ин сеюмин тренинг дар доираи татбиқи давраи сеюми Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 мебошад ва баргузории боз ду тренинги дигар дар давоми сол ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ