Модар — азизтарин шахс дар рӯи замин

модарМодар шахси муқаддас аст. Вақте, ки симои ӯро пеши назар меорем, ҳис менамоем, ки аз чашмонаш, аз тамоми ҳастиаш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётро равшан месозад.

Модар роҳнамои фарзанд буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷушест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин калимаи «Модар» аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз сӯбҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварда занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

«Модар» дар зери ин панҷ ҳарф чӣ кадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз Модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз Модар аст, маҳз бо туфайли ҷонбозиҳои Модар мо ба дунё омадаем.

Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин ҳаёт номашро ба забон мегирему мегуем: Модар, Модарҷон!

Меҳру муҳаббати самимии Модар ва шабзиндадориҳои ӯро бо ҳеҷ чиз баробар карда намешавад. Калимаи «Модар» калимаест, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон якхел оҳанги навозишкорона дорад. Новобаста аз он, ки синни инсон ба чанде, расида бошад хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон ба дуои Модар ниёз дорад.

Модар бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нест, ҳар як тори муятро мепарастам, зеро муи чун шаб сиёҳу рӯи чун моҳ сапедат барои ба камол расидани чигарбандонат сапед гаштаву дар рухсораҳои гули садбаргат ожангҳо падид омадаанд. Тамоми умр баҳри пешравию саодатмандии рузгори фарзандонат кушиш кардаӣ ва ба зиндагии мо шукӯҳу шаҳомат бахшидаӣ.

Модар арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорист. Зеро, меҳрубонтарин шахси рӯи олам аст ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгир асту дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони Модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст. Модар дар вақти ба дунё овардани тифли худ бо марг даст ба гиребон мешавад. Баъди ба дунё омадани ӯ тамоми ранҷи кашидааш аз сараш дур шуда, аз ду чашмони сиёҳаш ашк мерезад ва мегуяд фарзандам тамоми ҳастиям аст.

Оре, давлати фарзанд Модар аст. Симои ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро тасвир намуда, номашро то авҷи Сураӣё баровардаанд. Модар ба чунин қадрдониҳо сазовор аст.

Бале, зиндагӣ худ шеъру достон аст, ки бо «аллаи» Модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта, Модарро мисли Ватан медонем. Ҳар фарзанде, ки қиммати Модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад ва дасти дуояш калиди дари хушбахтиҳо мегардад.

Дигар бузургии Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ дар қатори чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллии худ  мебошад.

Бале, ҳақ бар, ҷониби гуфтаҳои болост. Дар ҳақиқат Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, қимматбаландтарин шахси рӯи олам аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми Модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбордории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Оре беҳуда нагуфтаанд:

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид,
Дар ду ҷаҳон он надида рӯи хуш,
Теғаи нигоҳ ҳар ки ба рӯяш кашид.

Мо аз канори Модар дар олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори Модар, худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Модар мехоҳад, ки фарзандаш хуб ба воя расида, мададгору асои даврони пириаш гардад. Инсон маҳз баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад.

Аҷаб дунёи рангину зебо дорад «Модар».
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ, ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Пас аз гузашти солҳо аз кардаю накардаи худ пушаймон гашта, ӯро ҳаргиз дигар намеёбем.

 

Ҳ.Давлатов,
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон