Модар — оғози зиндагӣ

модарМодар асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози корҳои нави ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғози зиндагӣ ва ҳаёт мебошад.

Саодату сарфарозии мо инсонҳо аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи онҳо сарчашма мегирад. Танҳо зани нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо тоҷикон ба шумор меравад.

Яъне, ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қиммат ва эҳтироми модар, ҳамчун оғози зиндагӣ ва парварандаи арзишҳои волои умуминсонӣ, ба монанди муҳаббат, дӯстӣ, адолат, тарбиятгари фарзанди поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ, ватандӯст ва ватанпарвар расида, ба ӯ арҷ мегузоранд.

Барои қадр, эҳтиром ва фидокории модарон дар Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8-уми март «Рӯзи Модар» эълон гардида, дар қатори дигар идҳо рӯзи модар дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани «Рӯзи Модар» дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланд доштани модар дар ҷумҳурӣ мебошад.

Мо ворисони аҷдоди шарафманди хеш бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршараферо ба хотири арҷгузорӣ ба номи муқаддаси модар пеш гирифтаем. Албата, ин роҳи бобарор моро ба амалишавии ҳадафҳои ояндаамон дар пешрафти ҷомеа оварда мерасонад. Дар симои модар мо сиёсатмадори шинохта, донишманди асил ва мурабии наслҳоро мебинем, ки боиси ифтихор аст.

 Ҳамзамон, рисолати аслии модар сабурии ӯст. Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Инчунин, бузургии модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзандон, инчунин таълимдиҳандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Оре, модар сазовори ҳама эҳтиром ва арҷгузорӣ мебошад.

Дар зиндагӣ ягон шахс ҷои модарро иваз карда наметавонад. Новобаста аз синну сол ҳар яки мо ба навозиш ва дуои модар ниёз дорем.

Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Лоиқ Шералӣ аст, ки гуфтааст:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Ҳар яке моро зарур аст, ки дар зиндагӣ накӯкор бошем, ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. Модарро иззату эҳтиром кунем, ба қадри меҳнати шабонарӯзиаш, ки дар овони тифлӣ ба мо кардааст бирасем, талош варзем, ки модарон аз рафтору амалҳои мо розӣ бошанд.

М.Салоҳудинов,
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон