Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи сеюми Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо бахшида ба 75-солагии хотимаи Ҷанги бузурги ватанӣ ба тариқи онлайн-ҷаласа

??

Дар таърихи 29 апрели соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи сеюми Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо бахшида ба “75-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ”, ки ба тариқи онлайн-ҷаласа баргузор гардид, ширкат намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои аъзои Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо, аз ҷумла, омбудсменҳои давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Сербия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қазоқистон низ ширкат доштанд.

Мавзӯи онлайн-ҷаласа аз ду қисмат иборат буда, ба ҷашни 75-солагии Ҷанги бузурги ватанӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 бахшида шуда буд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба бузургдошти ғалабаи халқи шӯравӣ бар зидди фашизм, оид ба иштироки далеронаи тоҷикон дар мубориза ба исёнгарони фашизм, оид ба вазъи иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқии собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон, оид ба ташкили ҳамкориҳои мустаҳками ҳамаҷониба дар нигоҳдорӣ ва эмин доштани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таҳқиқотҳои таърихӣ ва гузоштани мерос барои насли оянда баромад ва пешниҳодҳо намуд.

Ҳамчунин дар кори онлайн-ҷаласа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба масъалаҳои пешгирӣ ва гузаронидани корҳои профилактикӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи коронавирус, оид ба таъсис ва фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии  сирояти коронавируси нав суханронӣ намуд.

Дар ҷарраёни муҳокимаи масъалаҳои ҷойдоштаи чорабинӣ аз ҷониби аъзоёни Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо ва иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, як қатор тавсияҳо ва пешниҳодот вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида манзур гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабри соли 2019 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо гардид.

«Таъсири манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ»

Вируси шакли нав, яъне короновирус (COVID-19) аввалин маротиба охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шудааст. Новобаста аз андешидани чораҳои зиддиэпидемикии ҳуқумати Чин пеши роҳи интиқол ва паҳншавии короновирус (COVID-19) гирифта нашуда, он имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо суръати баланд паҳн шуда истодааст. Тибқи гузориши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ҳоло дар беш аз 200 мамлакат сироятёбии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз 11 март соли 2020 ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ хурӯҷи онро пандемия эълон кард.

Бояд қайд намуд, ки дар мамлакатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия низ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19) тадбирҳои мушаххас андешида шуда, маҳдудиятҳои қатъӣ ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, фаъолияти муассисаву ташкилотҳо муваққатан, то бартараф шудани хавфи паҳншавии вируси мазкур баста шуда, гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ, сарҳадҳо баста ва парвози тайёраҳо низ маҳдуд карда шуда аст.

Таҳлили воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мазкур ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ низ таъсири манфӣ расонидааст. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, зиёд буда, онҳо мехоҳанд зудтар аз ин мушкилиҳо раҳоӣ ёбанд. Дар баробари ин баъзе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати қабулкунанда аз ваколатҳои худ суйистифода намуда, ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ медиҳанд, онҳоро беасос таҳқир менамоянд.

Чи тавре, ки маълум аст, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз фаъолият хӯҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, барои фаъолият иҷозатномаи махсус (литсензия) гирифтаанд. Бо ин мақсад онҳо аз бонкҳо маблаѓи муайяне қарз гирифта, умед доштанд, ки кор карда дар муҳлатҳои муайяншуда қарзро бармегардонанд. Аммо дар шароити имрӯза ба сабаби дар хона нишастан ва кор накардан имкони пардохти маблаѓи қарз, иҷорапулӣ, хурду хӯрок ва дигар хароҷотҳо ѓайриимкон буда, аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҳрони иқтисодӣ дучор гаштаанд.

Дар ин росто Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Москалкова Т. П. таҳти № 23-02/2 аз 7 апрели соли 2020 мактуб ирсол намудааст. Ҳамзамон маълумотҳои дар воситаҳои ахбори омма паҳншударо вобаста ба вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишварро пайгирӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо мусоидат менамояд.

Ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия низ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла 18 апрели соли 2020, таҳти № 274 Амри Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи андешидани чораҳои муваққатӣ ҷиҳати ба танзим даровардани вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд вобаста ба хатари паҳншавии вируси шакли нав, короновирус (COVID-19) дар Федератсияи Россия» ба тасвиб расид, ки тибқи он аз 15 март то 15 июни соли 2020 муҳлати бақайдгирӣ, будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Федератсияи Россия тамдид карда шуда, нисбати онҳо чораҳои маъмурии берункунӣ дар ин давра татбиқ карда намешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Дар ин самт аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия корҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Айни ҳол, пешниҳоди сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И. Сатторов барои муваққатан аз пардохти патент озод намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар баррасии Ҳукумати Федератсияи Россия қарор дорад ва умедворем, ки дар сурати дастгирӣ аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ баҳтар мегардад.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ш. Раҷабов

ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Сайёҳон аксаран маҳз барои тамошои чунин маконҳои хотирмон ба Тоҷикистон меоянд

2222-1Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола бо мақсади ҷалби ҷомеаи ҷаҳон барои ҳифзи мероси умумибашарии фарҳангӣ 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва ногоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ таҷлил мешавад.

Доир ба ҳифзи ёдргориҳои таърихию фарҳангӣ ва аҳамияти онҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат бо Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, номзади илмҳои таърих, аъзои Шӯрои таҳлилгарони мероси ғайриманқули ИДМ Шералӣ Хоҷаев ҳамсуҳбат гардид.

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ  мавҷуд мебошанд, — гуфт Шералӣ Хоҷаев. —  Намунаи боқимондаҳои иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ, дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри несториании Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайраҳо тавассути санъати волои меъморӣ, нигоришоти музайян, ороиши бадеии намои онҳо бо санг, гил ва хишт дар шакли кунгура, равоқ, тоқ, панҷара ва дохили онҳо бо гачкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси гаронбаҳои ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор мераванд. Бояд зикр кард, ки сайёҳон маҳз барои тамошои ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Қонун «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», соли 2006 Қонун «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» ба тасвиб расиданд. Санадҳои мазкур дар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гашта, масъалаҳои истифодаи дурусти онҳоро муайян мекунанд. Саҳми миллати тоҷик бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фарзандони  шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ  басо назаррас мебошад.

Ибтикори дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои  2019-2021 дар тафаккури мардум ва рӯзгорамон инқилоби воқеӣ ба амал овард ва дар ин самт фаъолияти хеле густурда ва назаррас анҷом ёфта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳё ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани ёдгориҳои мероси ғайримоддии миллати тоҷик ва истифодаи васеи туризми фарҳангӣ бемайлон кор бурда, дар ин самт дар ҳамкории зич бо дигар мақомоту ташкилотҳо барои гузаронидани тамоми чорабиниҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ фаъолона иштирок меварзад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат иброз доштанд, «таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни мамлакат мебошад».

Ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи муҳими давлатӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Вазорати фарҳанг мақоми ваколатдор дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар мамлакат буда, шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии он ҳифзу нигоҳдошт, истифода, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро  назорат менамояд.

Тавре ба ҷаҳониён исбот гаштааст, Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқи тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор доранд.

Аз ҷониби кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат» омода гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 феҳристи мазкур бо номнависии 3416 адад ёдгориҳои ғайриманқул ба тавсиб расид. Аз ин теъдоди ёдгориҳо 70% он ёдгориҳои бостонӣ ва боқимонда ёдгориҳои меъморӣ ва монументалӣ мебошанд.

Ба ёдгориҳои таъриху фарҳанг инҳо дохил мешаванд:

иншооти сохтмонӣ — мавзеъҳо ва иншооти сохтмонии дорои арзиши таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ ва ғайраҳо, мисли мақбараи Сомониён, ки дар маркази нахустин пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Бухоро воқеъ аст;

ёдгориҳои динӣ — масҷидҳо, мадрасаҳо, оромгоҳҳо, ибодатгоҳҳо, мазорҳо, мақбараҳо, манораҳо ва ғайраҳо, мисли оромгоҳҳои Хоҷа Дурбад ва Хоҷа Ҳаллоҷӣ дар Шаҳритус ва ё оромгоҳ- Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус, маҷмааи ду оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар ноҳияи Турсунзода ва дигарҳо;

истиқоматгоҳҳои қадима — мавзеъҳое, ки тамаддуни ҷамъияти инсониро (аз пайдоиш то имрўз) таҷассум менамоянд, мисли шаҳркадаи Саразм дар ноҳияи Панҷакент,  Димнаи (Қасри ҳокимони Ҳулбук) дар  ноҳияи Восеъ ва дигарҳо;

асарҳои санъати монументалӣ— муҷассамаҳо ва пайкараву нимпайкараҳо, мисли Буддо дар ҳолати нирванае, ки дар Аҷинатеппа бозёфт шудааст;

объектҳои мероси бостонӣ — харобаи шаҳрҳо – Шаҳракаи Панҷакенти қадим, истеҳкомҳои бостонӣ, боқимондаи иншооти гидротехникии қадимӣ, роҳҳо, устохонаҳо, қабрҳои қадима, тасвиру навиштаҷоти рӯи санг ва харсангҳо (петроглифҳо) – Ғори Шахта,  манораҳо – манораҳои саргаҳи Зарафшон, қалъаҳо – Қалъаи Хуҷанд, Қалаи Хуҷанд, кӯшкҳо, харобаҳо, маҷмааҳои меъморӣ Маҷмааи меъмории Хазрати Шоҳ, Маҷмааи таърихӣ – мемории Шайх Муслиҳиддин ва ғайраҳо. Бозёфтҳои ашёи ороиши кандакорӣ (порчаҳои гаҷкорӣ, ки ҳар гуна нақшҳои барҷастаи ҳайвоноти афсонавии одамшакл, нақшу нигорҳои ҳандасагӣ, наботот ва ғайра доранд;

бозёфтҳои бостонӣ — тангаҳо, лавозимоти рўзғор, лавозимоти (олоти меҳнат), сарулибос ва ғайраҳо, мисли Хазинаи Аму дарё.

Яке аз воситаҳои дигари ҳифозати осори гузаштаи ниёгон- ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз рӯи таҳлилҳо, ҷиҳати фаъолнокии сайёҳӣ мамнуъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз ҳамин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр мавридҳо барои  сайёҳон ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки дар онҳо урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нигоҳдорӣ шудаанд, мегарданд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ  ҳоло яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатии нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.

Ҳамчунин шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти  давлатҳои  Конвенсияи Гаагаро эътироф намуда, соли 1954  ва моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна Тоҷикистон ба ЮНЕСКО аъзо гардид, ки ин нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар минтақа, балки ҷаҳон хеле баланд намуд.

  Ба ҷаҳониён маълум гардидааст, ки  шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷоти ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои «Қуръони Карим» бо хати куфии шукуфо, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайраҳо қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик  мебошанд, ки ҳамчун мероси нодири фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Давоми соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ зиёда аз 90 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ  тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои  тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи  мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ карда мешаванд. Мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии мамлакат баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани  сарватҳои таърихию фарҳангии  халқи тоҷик ба шумор меравад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии  Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад.

18.04.2020 www.khovar.tj

ЭЪЛОН!

IMG_3398

Ба иттилои ҳамагон расонида мешавад, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2020 №35-ф ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 10, ошёнаи дуюми бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида шуд.

Барои иттилои бештар бо телефони 221-79-89 дар тамос бошед.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе боздид намуданд

49741304343_c46b780913_c6 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.

Зимни боздид аз боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ин иқдомҳои созанда даҳҳо адад боғҳои замонавии фарҳангию фароғатӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯзҳо макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидааст.

Аз ҷумла, Боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат таъсис ёфта, боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кули ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, чанд рӯз пеш дар саросари мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” ҷамъбаст гардид ва беҳтаринҳо аз руи бахши беҳтарин гулгашт, беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва беҳтарин композитсияи гулҳо муайян гардиданд.

Дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии пойтахт Боғи Аҳмади Дониш бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.

Барои назаррабо кардани боғ аз ҷониби кормандони ин муассиса қариб як миллион дона гули лола шинонида шуд.

Фаввораҳо, роҳравҳои гулпуш, чароғҳои ранга, нишастгоҳҳо, дарахтони нодири ба саломатии инсон фоидаовар аз ороишоти асосии боғи Аҳмади Дониш ба ҳисоб меравад.

Боғи мазкур бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Аҳмади Дониш” номгузорӣ шуда, соли 2018 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Боғи мазкур дар майдони қариб 3 гектар бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта шуд.

Моҳи ноябри соли 2017 Сарвари давлат аз ҷараёни бунёди боғ  шинос шуда буданд.

Корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонида шудааст.

Дар озмуни “Сайри гули лола” дар бахши беҳтарин композитсияи гулҳо Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ҷойи дуюм ва Боғи ба номи Куруши Кабир ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои гулҳо дар боғи ба номи Куруши Кабир шинос шуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии захираҳои моддӣ, ки муассиси ин боғ мебошанд, барои минбаъд ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва баҳри шаҳрвандон муҳайё сохтани имкони мусоиди истироҳату фароғат дастуру маслиҳатҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 январи соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.

Дар асоси супориши Пешвои миллат дар ин ҷо майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси руйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта шуд.

Боғ баъди азнавсозӣ бо тарҳи хеле зебову муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар рафти азнавсозии боғ бошад, 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гаштанд.

Тадбири азнавсозии боғ ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти кишвар ба роҳ монда шудааст.

Дар ин мавсим аз ҷониби кормандони боғ 552 ҳазор адад 26 намуди гули лола шинонида шуд, ки хеле назаррабо аст.

Дар озмуни “Сайри гули лола” дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” ва  Муассисаи давлатии илмии “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон”-и Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Дар Боғи Ирам низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гулҳои ороишёфтаи боғ шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии бевоситаи барномаи базми гули лола гардид, ки он аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар як мавзеи зебои Боғи Ирам сабт мегардид.

Ҷавонон, иштирокчиёни барнома донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури Пешвои маҳбубашон дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хонданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат ба ҷавонон барои донишомӯзӣ, аз худ кардани илмҳои замони муосир ва забономӯзӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати кишвар барои таъмини зиндагии шоиста баҳри шаҳрвандон, бахусус ҷавонони ояндасоз ва ватандӯст равона карда мешавад.

Ҷавонон дар навбати худ ба Пешвои хирадманду инсондӯст изҳори сипос карданд.

Имрӯз ҳамчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо вазъи боғи Наврӯзгоҳ шинос шуданд.

Аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии Наврӯзгоҳ 357 ҳазор гули лолаи ҳарранга, дарахтони олу, гелос, магнолия шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Ёдовар мешавем, ки боғи Наврӯзгоҳ 19 марти соли 2014 аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд.

Дар маҷмуъ боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.

Месазад таъкид намуд, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳими зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо доданд.

06.04.2020 шаҳри Душанбе www.prezident.tj

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

Sarazm-210x140Дар Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм, ки яке аз ёдгориҳои нодири бостонӣ дар Осиёи Миёна аст, 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар партави дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои пайваста ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд. Ин хатсайрҳо натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо шарикони рушд ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ буда, ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, инчунин баҳри тарғиби мавзеъҳои назаррабои мамлакат равона шудаанд», — изҳор доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Бино ба иттилои масъулини Кумита, аксари хатсайрҳои сайёҳӣ дар заминаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва экологию кӯҳии мамлакат  таҳия гардида, бо назардошти талаботу дархости сайёҳон ва мавсими сайру саёҳат аз 6 то 15 рӯзро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, хатсайре, ки аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Чил меҳроб” таҳия гардид, аз 8 то 11 рӯзро дар бар гирифта, тавассути шаҳру минтақаҳои Душанбе – Бохтар – Ҳисор – Норак — Ромит – Панҷакент – Истаравшан – Хуҷанд — Душанбе амалӣ мегардад.

Хатсайри дигар аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Артуч” таҳия гардида, он ба самти сайёҳии кӯҳнавардӣ равона гардидааст ва аз 6 то 8 рӯзро дар бар мегирад.

Ҳамин тавр, хатсайри минбаъда аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Чимтарға Тревел” таҳия гардида, тариқи минтақаҳои Хуҷанд-Панҷакент-Душанбе-Помир то 12 рӯзро ташкил медиҳад. Хатсайри дигар аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Саёҳати кӯҳҳои Фон” таҳия гардида, тавассути кӯлҳои Тоҷикистон ва кӯҳҳои Фон давоми 12 рӯз амалӣ карда мешавад.

Инчунин аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Ориент Адвентур” тавассути минтақаҳои Душанбе-Хуҷанд-кӯҳҳои Фон-Ҳафткӯл-Аҷинатеппа-Саразм-Помир, хатсайри шашум ҷип-тур аз тарафи  ширкати сайёҳии ҶДММ “Саёҳати кӯҳҳои Помир” тавассути минтақаҳои Душанбе-Ҳисор-Қалъаи Хумб-Вахон-чашмаи Биби Фотимаи Заҳро-Мурғоб-Қарокӯл аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Панҷакент интур” тавассути минтақаҳои Душанбе-Искандаркӯл-кӯли Аловуддин-кӯли Мутния-кӯли Калон-кӯли Чуқурак-Панҷакент-Марғгузор-Душанбе, ки 7 рӯзро дар бар мегирад, роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Саразм 5500” хатсайри дигаре таҳия гардида, давоми 5 рӯз тавассути минтақаҳои Хуҷанд-Истаравшан-Панҷакент-Искандаркӯл-Ҳафткӯл амалӣ карда мешавад. Инчунин аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Ҳафткӯл” давоми 8 рӯз тавассути минтақаҳои Душанбе — Искандаркӯл — Саразм- Ҳафткӯл — қалъаи Қаҳқаҳа — Хуҷанд, ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Зарафшон” давоми 6 рӯз тавассути минтақаҳои Хуҷанд-Истаравшан-Ҳафткӯл-Искандаркӯл-Душанбе,  ҶДММ “Зарафшон Меҷистик Тревел” давоми 10 рӯз тавассути минтақаҳои Душанбе-Искандаркӯл-Панҷакент-кӯли Марғгузор-Истаравшан-Хуҷанд ва  ҶДММ “Кӯҳандиз” давоми 10 рӯз тавассути минтақаҳои Душанбе-Ҳисор-Бохтар-Вахш-Кӯлоб-Душанбе-Искандаркӯл-Хуҷанд-Истаравшан-Панҷакент-Душанбе хатсайрҳои нав амалӣ карда мешаванд.

Маҷмӯи хатсайрҳои мазкур дар шакли буклет бо дастгирии шарикони рушд аз нашр бароварда шуда, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ миёни дӯстдорони саёҳати Тоҷикистон ба таври васеъ паҳн карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри бостонии Саразм яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна буда, 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд.

01.04.2020 www.khovar.tj

Маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-04-16majlisi_hukumat16 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарӣ гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, коҳиш додани таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, таъмини амнияти кишоварзии ҷумҳурӣ, дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳншавии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, муовинони Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи кишту кори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карданд.

Таъкид гардид, ки дар асоси супориши Сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус ба иқтисоди миллӣ қабул гардида, ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода шуд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ доир ба ҷорӣ намудани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешад.

Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, қисми даромади буҷет ва истифодаи имконияту манбаъҳои иловагӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, танзими бозори асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо, пешниҳоди сабукиҳои қарзию бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон чораҳои дахлдор андешанд.

Супоришҳои дигар ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии паҳншавии коронавирус ҷиҳати аз имрӯз андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус, орд, равғани растанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва мунтазам таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба таъсиси иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти соҳа дар ҳамаи фаслҳои сол, махсусан, зимистону баҳор бо истифодаи мақсадноки сардхонаву гармхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо дар хоҷагиҳои ҷамъиятию аҳолӣ, супоришҳо дода шуд.

Вобаста ба ин ва бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тамоми сохторҳои соҳаи кишоварзии мамлакат супориши қатъӣ ва фаврӣ дода шуд, ки нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро то 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60 фоиз зиёд намуда, истеҳсолу захираи орду равғанро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои Президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ васеъ ба роҳ монанд.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҳамкории судмандро бо роҳбарони кишварҳои дахлдор доир ба имкониятҳои содироти меваю сабзавоти истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои шарики тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ба Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба роҳ монад.

Тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.

16.04.2020 шаҳри Душанбе    www.prezident.tj