Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи сеюми Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо бахшида ба 75-солагии хотимаи Ҷанги бузурги ватанӣ ба тариқи онлайн-ҷаласа

??

Дар таърихи 29 апрели соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи сеюми Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо бахшида ба “75-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ”, ки ба тариқи онлайн-ҷаласа баргузор гардид, ширкат намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои аъзои Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо, аз ҷумла, омбудсменҳои давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Сербия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қазоқистон низ ширкат доштанд.

Мавзӯи онлайн-ҷаласа аз ду қисмат иборат буда, ба ҷашни 75-солагии Ҷанги бузурги ватанӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 бахшида шуда буд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба бузургдошти ғалабаи халқи шӯравӣ бар зидди фашизм, оид ба иштироки далеронаи тоҷикон дар мубориза ба исёнгарони фашизм, оид ба вазъи иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқии собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон, оид ба ташкили ҳамкориҳои мустаҳками ҳамаҷониба дар нигоҳдорӣ ва эмин доштани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таҳқиқотҳои таърихӣ ва гузоштани мерос барои насли оянда баромад ва пешниҳодҳо намуд.

Ҳамчунин дар кори онлайн-ҷаласа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба масъалаҳои пешгирӣ ва гузаронидани корҳои профилактикӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи коронавирус, оид ба таъсис ва фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии  сирояти коронавируси нав суханронӣ намуд.

Дар ҷарраёни муҳокимаи масъалаҳои ҷойдоштаи чорабинӣ аз ҷониби аъзоёни Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо ва иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, як қатор тавсияҳо ва пешниҳодот вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида манзур гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабри соли 2019 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Алянси Авруосиёгии омбудсменҳо гардид.