«Таъсири манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ»

Вируси шакли нав, яъне короновирус (COVID-19) аввалин маротиба охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шудааст. Новобаста аз андешидани чораҳои зиддиэпидемикии ҳуқумати Чин пеши роҳи интиқол ва паҳншавии короновирус (COVID-19) гирифта нашуда, он имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо суръати баланд паҳн шуда истодааст. Тибқи гузориши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ҳоло дар беш аз 200 мамлакат сироятёбии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз 11 март соли 2020 ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ хурӯҷи онро пандемия эълон кард.

Бояд қайд намуд, ки дар мамлакатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия низ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19) тадбирҳои мушаххас андешида шуда, маҳдудиятҳои қатъӣ ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, фаъолияти муассисаву ташкилотҳо муваққатан, то бартараф шудани хавфи паҳншавии вируси мазкур баста шуда, гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ, сарҳадҳо баста ва парвози тайёраҳо низ маҳдуд карда шуда аст.

Таҳлили воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мазкур ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ низ таъсири манфӣ расонидааст. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, зиёд буда, онҳо мехоҳанд зудтар аз ин мушкилиҳо раҳоӣ ёбанд. Дар баробари ин баъзе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати қабулкунанда аз ваколатҳои худ суйистифода намуда, ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ медиҳанд, онҳоро беасос таҳқир менамоянд.

Чи тавре, ки маълум аст, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз фаъолият хӯҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, барои фаъолият иҷозатномаи махсус (литсензия) гирифтаанд. Бо ин мақсад онҳо аз бонкҳо маблаѓи муайяне қарз гирифта, умед доштанд, ки кор карда дар муҳлатҳои муайяншуда қарзро бармегардонанд. Аммо дар шароити имрӯза ба сабаби дар хона нишастан ва кор накардан имкони пардохти маблаѓи қарз, иҷорапулӣ, хурду хӯрок ва дигар хароҷотҳо ѓайриимкон буда, аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҳрони иқтисодӣ дучор гаштаанд.

Дар ин росто Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Москалкова Т. П. таҳти № 23-02/2 аз 7 апрели соли 2020 мактуб ирсол намудааст. Ҳамзамон маълумотҳои дар воситаҳои ахбори омма паҳншударо вобаста ба вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишварро пайгирӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо мусоидат менамояд.

Ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия низ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла 18 апрели соли 2020, таҳти № 274 Амри Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи андешидани чораҳои муваққатӣ ҷиҳати ба танзим даровардани вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд вобаста ба хатари паҳншавии вируси шакли нав, короновирус (COVID-19) дар Федератсияи Россия» ба тасвиб расид, ки тибқи он аз 15 март то 15 июни соли 2020 муҳлати бақайдгирӣ, будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Федератсияи Россия тамдид карда шуда, нисбати онҳо чораҳои маъмурии берункунӣ дар ин давра татбиқ карда намешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Дар ин самт аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия корҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Айни ҳол, пешниҳоди сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И. Сатторов барои муваққатан аз пардохти патент озод намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар баррасии Ҳукумати Федератсияи Россия қарор дорад ва умедворем, ки дар сурати дастгирӣ аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ баҳтар мегардад.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ш. Раҷабов