Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида

Дар санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои маҳкумшудагон ва муносибат бо онҳо таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Бахусус Қоидаҳои стандартии ақалли муносибат бо маҳкумшудагон, Маҷмӯи принсипҳои ҳифзи ҳамаи шахсоне, ки дар ин ё он шакл мавриди боздошт ё ҳабс қарор дода мешаванд ва Принсипҳои асосии муносибат бо маҳкумшудагон дорои маҷмӯи кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи шахсони мавриди боздошт ё ҳабс қароргиранда мебошанд. Мазмуни санадҳои мазкур барои ҷорӣ намудани ҳар гуна низоми маҳбасҳо асос мебошад. Дар санадҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, ки ҳар як шахси маҳкумшуда ё боздоштшуда бояд аз ҳуқуқи эҳтироми қадру қимати инсонӣ бархӯрдор бошанд.

Ҳамзамон дар санадҳои миллии самти мазкур талаботи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ ба назар гирифта шудаанд.

Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ҳамчун воситаи иловагии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бетараф гузошта наметавонад.

Дар Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016–2020 мониторинги риояи ҳуқуқҳои инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида самти афзалиятнок муайян шудааст.

Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Соли 2020 аз номи шахсони дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдошташаванда ва наздикони онҳо дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 13 муроҷиатҳо ба қайд гирифта шудаанд. Мазмуни асосии муроҷиатҳоро масъалаҳо оид ба мусоидат намудан барои ба табобат фаро гирифтани маҳкумшуда,  озод намудани маҳкумшуда аз адои ҷазо бинобар вазъи саломатӣ, бахшиши ҷазо, таъин намудан ба сифати ҳимоятгар, кам кардани муҳлати адои ҷазо, вохӯрӣ бо маҳкумшуда, гузаронидан ба муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ аз дигар кишвар, огоҳӣ ёфтан аз вазъи саломатии маҳкумшуда, инчунин норозигӣ аз ҷазои таъиншуда, амали кормандони муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла, аз қарори ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ҷойгир намудани маҳкумшуда ва дигарҳо ташкил мекунанд.

Бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шаҳрвандон Ф.С. барои вохӯрӣ намудан бо хешовандаш маҳкумшуда М.А., ба Д.Б. ва Ш.А. барои огоҳӣ ёфтан аз вазъи саломатии маҳкумшудагон ва дастрас намудани маводи доруворӣ, ба шаҳрванд Ш.Б.  барои аз муоинаи тиббӣ ва ташхиси ултрсадоӣ гузаронидани бародараш маҳкумшуда А.Б. мусоидат карда шуд.

Шаҳрвандон Д.Б. ва Ш.Б.  ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои дастгирӣ ва мусоидат намудан барои ҳалли мушкилоташон изҳори сипос намуданд.

Бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар ҷойҳои маҳрумӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ ва беҳтар намудани шароити  нигоҳдорӣ аз соли 2014 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Гурӯҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ амал мекунад.

Дар доираи Гурӯҳи мониторингӣ намунаи нодири ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба аз байн бурдани шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриқонунӣ дар тамоми муассисаҳои шакли пӯшида ва нимпӯшида равона карда шудааст.

Гурӯҳи мониторингӣ дар рафти мониторинг вазъи ҳуқуқи инсонро дар ҷойҳои маҳрумӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ аз нуқтаи назари пуштибонии қадру қиммати инсонӣ, принсипи дахлнопазирии он, муайянкунӣ ва бақайдгирии ҳолатҳо, оқибатҳои муносибати бераҳмона ё шиканҷа мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

Ҷиҳати мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи шахсони дар ҷойҳои маҳрумӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ нигоҳдошташаванда соли 2020 як қатор чорабиниҳо, ба мисли ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ дар шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ба забони давлатӣ тарҷума кардани ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа, аз ҷумла Принсипҳои асосии истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон ва Кодекси рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили баромад дар ВАО ва чопи мақолаҳо, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Гурӯҳи корӣ оид ба пешбурд ва батасвибрасонии Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  дар самти мазкур, мониторинги риояи ҳуқуқҳои инсон дар 18  муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ва дигарҳо пешбинӣ шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотӣ ва маърифати ҳуқуқӣ 17 январи соли 2020 корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо даъвати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Форуми якуми пенитенсиарӣ ҷиҳати пешниҳод намудани таклифҳо барои рушди соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иштирок намуд.

Соли 2020 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ду  санҷиши шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон дар муассисаҳои пӯшида, аз ҷумла, Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 ва Муассисаи ислоҳии ЯС 3/4-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Натиҷаи санҷишҳо нишон доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити нигоҳдошт корҳои муайян анҷом дода шуда, шароити нигоҳдошт дар ин муассисаҳо қаноатбахш ва муносибати кормандон бо маҳкумшудагон хуб аст. Аз суҳбатҳо бо маҳкумшудагон бармеояд, ки онҳо аз шароити нигоҳдошт ягон шикоят надоранд.

Аз натиҷаи санҷишҳои мазкур барои беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон ба роҳбарияти муассисаҳои зикршуда тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

 Вобаста ба санҷишҳои гузаронидашуда рӯзи 24 апрели соли 2020 корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мухбири Нашрияи “Фараж” мусоҳиба доир намуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аз воситаҳои гуногун, аз қабили баромад дар ВАО, нашри мақола ва дигарҳо васеъ истифода бурда шуданд. Аз ҷумла, дар Радиои Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқи инсон» баромад, дар сомонаи “Сaвar. Asia” дар мавзӯи “Таджикистан: как остановить расползание экстремизма в тюрмах?” хабар ва дар сомонаи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” мақола нашр карда шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муассисаҳои пӯшида на қисман пӯшида тақвият медиҳад.

Ашуров Муқим Усмонович –
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон