Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ

Саломатии аҳолӣ яке аз арзишҳои асосӣ, омили муҳими таъмин намудани бехатарии миллии ҳар як кишвар ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сиёсати давлат дар самти ҳифзи саломатӣ ба амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба ёрии тиббии дастрас, бехатар ва босифат равона карда шудааст.

Таъмини ҳуқуқи ҳар шахс ба саломатӣ мақсади асосӣ ва афзалияти сиёсати давлатӣ ба шумор меравад, ки мунтазам аз ҷониби Сарвари давлат таъкид карда мешавад.

Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ бомувафақият идома дошта, дастрасии умум ба муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасониҳои босифати тиббӣ таъмин мегардад.

Ҳуқуқ ба саломатӣ ё номи пурраи ин ҳуқуқ аз рӯи мафҳумҳои байналмилалӣ — ҳуқуқ ба сатҳи олитарини дастрасии саломатии ҷисмонӣ ва руҳӣ яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон ба шумор меравад. Тибқи Оинномаи Созмони байналмилалии тандурустӣ “Саломатӣ ин нафақат набудани беморӣ ё нуқсонҳои ҷисмонӣ, балки ҳолати беҳбудии пурраи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мебошад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Эъломияи ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалии оид ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дигарҳо дорои меъёрҳои танзимкунандаи ҳуқуқ ба саломатӣ мебошанд.

Дар моддаи 25 Эъломияи ҳуқуқи инсон омадааст, ки “ҳар инсон бa чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла ба нигоҳубини тиббӣ, ки барои сиҳатию некӯаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминоти иҷтимоӣ дар ҳолатҳои беморӣ ҳуқуқ дорад”.

Моддаи 12 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ менамояд, ки давлатҳои иштирокчии Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба сатҳи олии дастрасии саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ эътироф мекунанд.

Соли 2017 маротибаи аввал дар ҷумҳурӣ Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст. Тибқи Кодекси мазкур ба шаҳрвандон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад.

Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ тавассутӣ расонидани ёрии тиббӣ, солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ таъмин карда мешавад.

Ҳуқуқи инсон ин муносибати ҳамдигарии инсон ва ҳокимият (давлат) мебошад. Ҳуқуқ доштани инсон ҳокимиятро водор менамояд, ки барои амалишавии ин ҳуқуқ чораандешӣ намояд. Аз ин мафҳум ва бо дарназардошти он, ки ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои табии инсон мебошад, бармеояд, ки давлат вазифадор аст барои амалӣ шудани ҳуқуқ ба саломатӣ муассисаҳои тиббӣ бунёд намояд, ки аз он шахс истифода бурда тавонад.

Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи беморон баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Новобаста аз он, ки заминаи қонунгузории батанзимдарории масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ муҳайё карда шудааст, то ҳол маърифати ҳуқуқии патсиентҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Шаҳрвандон ба пуррагӣ аз ҳуқуқҳои худ дар ин самт ва ҳифзи ин ҳуқуқҳо огаҳӣ надоранд. Ба ғайр аз ин камфаъолиятии беморон дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ имконият намедиҳад, ки онҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла дар самти ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ВҲИ мебошад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аз воситаҳои гуногун, аз қабили вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ, семинару тренингҳои омӯзишӣ, баромад дар телевизион ва радио, нашри мақола, чоп ва паҳн намудани “Ахбори ВҲИ ҶТ”, китобу брошура, сомонаи мақомот ва дигарҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Кормандони сохторҳои маҳаллии ВҲИ низ дар минтақаҳо мунтазам машваратҳои сайёр гузаронида, дар вохӯриву мулоқотҳо ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд.

Густариш додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳо дар самти ҳифзи саломатӣ хеле муҳим аст.

Таъмини дастрасии саривақтии маҳбусон ба ташхис ва табобат, тақвияти ҳамкориҳо бо давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба таъмини дастрасии онҳо ба ташхис ва табобат беҳбудиро тақозо мекунад.

Ташвиқу тарғиби идеологияи бурдани тарзи ҳаёти солим аз манфиат холӣ нест.

Масъалаи дигаре, ки ба ҳуқуқи инсон дахл дорад-ин манъи табъиз мебошад. Ҳолатҳои мавриди табъиз қарор гирифтани гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ — гирифторони вируси норасоии масунияти одам, шахсони маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмолкунанда, беморони сил, майзадагон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир аз ҷониби кормандони тиб ба назар мерасанд.

Аз натиҷаи баррасии Гузоришҳои даврии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ мақомоти шартномавии СММ дар самти ҳуқуқ ба саломатӣ тавсияҳои худро пешниҳод намудаанд.

Дар вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Маърӯзачии махсуси СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи ҳар шахс ба сатҳи олитарини дастрасии саломатии ҷисмонӣ ва руҳӣ Ананд Гровер 28 майи соли 2012 камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта қайд карда шуданд. Маърӯзачӣ барои беҳтар намудани вазъ дар самти ҳуқуқ ба саломатӣ ба Тоҷикистон якчанд тавсияҳои зеринро пешниҳод намуд:

Дар самти низоми тандурустӣ ва маблағгузории он:

— аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд намудани маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ;

Дар самти пешгирӣ, табобат ва мубориза бар зидди бемориҳои сил:

— зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо барои пешгирӣ, табобат ва мубориза бар зидди бемориҳоии сил;

— пешбинӣ намудани хизматрасониҳои ройгон дар самти ташхис ва табобати бемориҳои сил, таъмини дастрасии чунин хизматрасониҳо ба аҳолии деҳот ва ноҳияҳои дурдаст;

— ҳифз намудани ҳуқуқ ба махфиёти маълумотҳои шахсии тиббии беморони гирифтори сил, бахусус иттилоот вобаста ба ташхис ва табобат;

— тақвияти ҳамкориҳо бо давлатҳои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба таъмини дастрасии бефосилаи онҳо ба ташхис ва табобат дар Тоҷикистон ва ҳам дар вақти будубош дар давлатҳои қабулкунанда;

— таъмини дастрасии саривақтии маҳбусон ба ташхис ва табобати касалиҳои сил ва амалӣ намудани низоми мониторинг ва низоми бақайдгирии тиббӣ дар муассисаҳои пӯшида бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои қатъ шудани табобати маҳбусон ва собиқ маҳбусони дорои касалиҳои сил;

— гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба усулҳои пешгирӣ ва роҳҳои паҳн шудани ин беморӣ.

Дар самти саломатии руҳӣ:

— тибқи меъёрҳои тиббии байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ таъмин намудани муассисаҳои табобатӣ ва хизматрасониҳо дар сатҳи ҷамоатҳо барои шахсони гирифтори касалиҳои руҳӣ;

— беҳтар намудани шароити санитарӣ-гигиении будубош дар муассисаҳои руҳӣ ва аз байн бурдани камбудиҳои мавҷуда дар таъмини базаи моддӣ-техникӣ;

— васеъ намудани омодагии аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба масъалаҳои саломатии руҳӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, бахусус барои омода намудани равоншиносон ва кормандони равонӣ-иҷтимоӣ;

— гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба табъиз нисбати шахсони гирифтори касалиҳои руҳӣ;

— таъмини ҳифзи ҳуқуқ ба махфиёти маълумотҳои шахсии тибии шахсони гирифтори касалиҳои руҳӣ;

— таъмини расмиёти гирифтани розигии беморони руҳӣ то лаҳзаи ҷойгиркунӣ дар муассисаҳои психиатрӣ ё истифода намудани табобати дахлдор.

Барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба саломатӣ низоми самаранок ва маҷмӯии тандурустӣ, ки ҳифзи саломатӣ ва дигар омилҳои ба саломатӣ таъсиркунандаро дарбар мегирад ва барои ҳама дастрас аст, зарур аст. Хушбахтона, чунин низом дар давраи начандон тулонии мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъсис дода шуд ва он устуворона фаъолият мекунад. Дар марҳилаи кунунии рушди батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои соҳаи тандурустӣ зарур аст, ки диққати асосӣ ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқи шахс ба саломатӣ, ба беҳтар намудани муносибати бемор ва табиб равона карда шавад.

Салоҳуддинов М.М.,
сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон