Ҷонибдорӣ аз иқдоми Пешвои миллат

ВХиМақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари паҳншавии сирояти COVID-19-ро дарк намуда, аз рӯзҳои аввали фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ бо он алоқаи доимӣ барқарор намудааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 бояд кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расонида шавад.

Аз ин лиҳоз, ҳануз 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуданд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ якдилона бо њисси баланди масъулият ва ҷонибдорӣ аз ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат аз ҳисоби музди меҳнати худ ба суратҳисоби махсус, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст,23 000 сомонӣ интиқол доданд.

Дар ин рӯзҳои душвор ва ҳассос мо бояд бо Ситоди ҷумҳуриявӣ, мақомоти давлатӣ ва махсусан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамкорӣ ва ба онҳо дар амалӣ сохтани вазифаҳояшон мусоидат намоем.

Боварӣ дорем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, ин мушкилотро низ паси сар менамоем.

Хадамоти  матбуотии ВҲИ