Мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои гурезаҳо

Мушкилоти гурезаҳо айни ҳол ба мушкилоти фарогири умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, ба вазъи устуворию бехатарии кишварҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалии батанзимдароварандаи вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, аз ҷумла, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи мақоми гурезаҳо” ва Протоколи марбут ба он ҳамроҳ шудааст. Чунин ҳамроҳшавӣ қадами муҳим дар таъмини ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо муҳайё карда шуда, бо мақсади мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои онҳо пайваста  тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.

Қобили тазаккур аст, ки аксари гурезаҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ гардида, аз ҳифзи давлат аз таъқиби кишвари худ истифода менамоянд.

Ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо яке аз самтҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Ваколатдор нисбати муроҷиатҳои гурезаҳо, ба хабару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма дар ин самт диққати махсус медиҳад.

Нисбати ҳар як муроҷиат дар хусуси вайроншавии эҳтимолии ҳуқуқи гурезаҳо ба мақомоти дахлдор дархост фиристода шуда, зарурати риояи стандартҳои байналмилалии кор бо гурезаҳо ишора карда мешавад.

Барномаи амали Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2020 ба таҳлили ҳисоботҳо, матбуот, тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои гурезаҳо, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ, санҷиши фаъолияти Қабулгоҳи  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Маркази зисти шахсони паноҳҷӯянда дар шаҳри Ҳисор, таҳияи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳуқуқи гурезаҳо ва ташкили баромад дар ВАО ва чопи мақолаҳо дар Ахбор ва сомонаи Ваколатдор дар самти риояи ҳуқуқҳои гурезаҳо ва  имконияти муроҷиати онҳо ба Ваколатдор нигаронида шудааст.

Ҳангоми амалӣ намудани фаъолият гузаронидани вохӯриҳо бо гурезаҳо ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин қабули гурезаҳо дар ҷойҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорабиниҳои мазкур диққати асосӣ ба паҳн намудани донишҳо дар хусуси стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва риояи онҳо нигаронида мешаванд.

Ҳамшарикони асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди маѕомоти коріои дохилҳ оид ба муайян намудани маѕоми гуреза, сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои  ҷамъиятӣ ба шумор мераванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ бо Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро густариш дода, мунтазам бо намояндагони он вохӯриҳо анҷом медиҳад. Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳои якҷоя, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, пешомадҳои ҳамкориҳои минбаъда ва эътино ба вазъи гурезаҳо мавриди муҳокимаи фаврӣ қарор дода мешаванд.

Соли 2020 дар доираи ин ҳамкориҳо Нақшаи кории муштарак байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва  Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ карда шуд.

Тибқи даъвати Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Тоҷикистон роҷеъ ба барномаи махсусгардонидашуда оид ба муайянсозии вазъи паноҳандагон соли 2020 иштироки намояндаи Дастгоҳи Ваколатдор дар омӯзиши фосилавӣ (дистансионӣ) ва семинар дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст. Мақсади барномаи мазкур ин баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон дар самти муайян намудани вазъи паноҳандагон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва дастгирии гурезаҳо ва паноҳандагон, мусоидат дар таҳияи фаҳмиши муайян намудани вазъи гурезаҳо ва паноҳандагон дар байни мутахассисон, баррасии масъалаҳои бехатарии давлатҳо бо дарназардошти принсипи ҳифзи гурезаҳо ва паноҳандагон, такмили сифати расмиёти муайян намудани вазъи гурезаҳо ва паноҳандагон мебошад.

Ҳамзамон ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо созмонҳои ѓайридавлатӣ хусусияти мунтазамро касб намудааст. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гурезаҳо дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” барои аъзои комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди маѕомоти коріои дохилҳ оид ба муайян намудани маѕоми гуреза гузаронидани мизи мудаввар пешбинӣ шудааст. Дар барномаи чорабинии мазкур талаботҳои асосӣ  дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, баҳогузории қонунгузории миллӣ аз нигоҳи стандартҳои байналмилалӣ, таҷрибаи кори мақомоти давлатии ҷумҳурӣ дар самти кор бо гурезаҳо, мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, стандартҳои байналмилалии самти мазкур ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.

Бо истифода аз воситаҳои муқаррарнамудаи қонун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд кӯшиш менамояд, ки барои ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла, гурезаҳо, оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Ашуров Муқим Усмонович –
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кашфи Саразм – падидаи таърихист

Яке аз ёдгориҳои қади772мтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна шаҳраки Саразм ба шумор меравад. Дар натичаи тадқиқотҳо дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқтае бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. Ақидаест, ки «Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳорахои таърихиро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён — Саразмро кашф мекунад».

Саразм аз калимаи тоҷикии «Сари замин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад. Пайдоиши Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 п.м. мансуб аст.

Дар илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир ва нодир ба шумор меравад. Бояд таъкид кард, ки бо заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқӣ нимаи дуюми солҳои 70-ум оғози кашфи Саразм шурӯъ гардид. Чунончӣ дар боло зикр гардид ақидахо доир ба бозёфт ва кашфи Саразм мухталиф буда, дар ҳар марҳила ин ақидаҳо пайдарҳам ёдоварӣ мегарданд. Масалан, бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм рушан мешавад. Акнун бахти археолог хандида тадқиқот ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буда, шуғли муҳимтарини Саразмиҳо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ ба шумор рафта, онро рӯз то рӯз густариш медоданд. Дар он давра аҳолии Саразм соҳаи истеҳсол ва коркарди фулузотро низ хеле инкишоф дода буданд. Маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ковишҳои археологӣ аз Саразми бостон кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагиро дарёфт намуд. Мардуми ин сарзамин ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигарро низ тараққӣ додаанд. Мардуми Саразм бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон робитаи фарҳангӣ доштанд.

Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат барои бозёфт ва кашфи қисматҳои боқимондаи Саразм Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот бурда истодаанд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 ҳандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Дар кашф ва бозёфтҳои нодири таърихии Саразм саҳми бостоншиносон ва олимони соҳаи археологӣ бузург буда, ҳанӯз ҳам ковишҳо дар ин самт идома доранд. Масалан, соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К.К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.

Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) Ю. А. Заднепровский, Ю. Ф. Буряков — доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар — доктори илм¬ҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров – аъзо-корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б. А. Литвинский — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев – муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б. И. Маршак — мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих, Р. М. Масов — доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод — бостоншиноси машҳури Франсия пажӯҳиш гузаронидаанд. Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Россия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.

Аз бозёфтҳои Саразм дида мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Сиистону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқи Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели мӯътамад аст, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон мутмаин шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон тамаддун додаем ва оғози тамаддун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад.

Саразм чор давраи чандҳазорсоларо аз сар гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист.Дар масоҳати беш аз 100 гектар Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳарф задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додааст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар осорхонаи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд. Бостоншиносон чунин мешуморанд, ки сабаби хуруҷи мардум аз Саразм хушксолӣ буд. Дар охири ҳазораи 3-юми пеш аз милод офатҳои экологӣ ба баъзе қисматҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасониданд. Зиндагӣ дар Саразм тақрибан се ҳазор сол пеш хотима ёфта буд. Таърихшиносон тадқиқ ва тасдиқ мекунанд, ки ин вобаста ба тағйирёбии шароити табиӣ рӯй дода буд. Одамон дар мубориза бо оқибатҳои хушксолӣ малакаи кофӣ надоштанд ва ба кӯҳдоманаҳои назди дарёи Зарафшон кӯчиданд.

Ҳамин тавр, шаҳри Панҷакенти қадим эҳё шуд ва баъдтар шаҳрҳои дигари Суғдиёни қадим пайдо шуданд. Дар ин замина Саразм ба таназзул афтод.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 (таҳти № 391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон — А. Исҳоқов, А. Раззоқов, Р. Масов, Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинатсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд . Дар натиҷа, 31 июли соли 2010 Саразм ҳамчун «маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Муҳаммадлоиқи Идибек,
нозири шубачаи хоҷагидории
МДТ Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия.

www.vkd.tj