Боздид аз як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе

2020-05-20tandurustiИмрӯз, 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода,  аз фаъолияти як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе бо боздид аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”- и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардид.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки Беморхонаи муваққатӣ дар доираи дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани 350 нафар беморони гирифтори коронавирус — COVID-19 аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва як қатор соҳибкорони бо нангу номуси Ватан дар муҳлати як ҳафта созмон дода шуд.

Дар беморхонаи муваққатӣ шароити хуб муҳайё гардида, ҳамзамон он дорои ошхона барои 150 нафар, ҳаммом ва дигар таҷҳизоти тиббӣ мебошад.

Ба муассисаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар он маводи доруворӣ таъмин гардидааст, ҳамчунин, рахти хоб, ҷойи либосивазкунӣ, ҷевон барои гузоштани маводи доруворӣ дар назди бемор ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардида, аз ду тараф бо дарозии 170 метр таҷҳизоти ҳавотозакунӣ насб шудааст.

Дар ин ҷо 7 ҳуҷраи кории табибон ва духтурони соҳавӣ, шуъбаҳо барои қабул ва табобати беморон, ташхисгоҳ, ҳуҷраи махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ, ҷойи шустушӯй ва дигар иншооти зарурӣ маҳайё мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз беморхонаи мазкур мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти вазъияти имрӯза таваҷҷӯҳи бештарро ба ташхису табобати дуруст ва нигоҳубини беморон равона намуда, ба мардум содиқона хизмат намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуданд.

Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

Ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти тиббие, ки барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ зарур аст, таъмин буда, ҳамчунин мутахассисони баландихтисос дар беморхонаи муваққатӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки иншооти нав дорои 208 ҳуҷра мебошад. Ҳамчунин, дар тамоми ошёнаҳо утоқҳои алоҳидаи ёрирасон мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардида, дар ҳар як ошёна ошхонаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти фароҳам овардашуда, табибону беморонро бо маводи хурокворӣ таъмин намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумат аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ корҳои омодагиву пешгириро дар саросари кишвар барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо медошад.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ, алалхусус бо ҷалби мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба, таъмини таҷҳизоти тиббии баландсифат ва доруворӣ ташкил карда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Сарвари давлат супориш доданд, ки корҳои лоиҳакашии беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, худи ҳамин сол корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шавад.

Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварда, аз вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи сироятии муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд.

Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ барои бистарӣ кардан ва ба муолиҷа фаро гирифтани маризон 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб таъмин мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхона 4 кати функсионалӣ,  10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 адад кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 адад оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст.

Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.

Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ 42 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 13 табиб, 30 корманди миёнаи соҳаи тиб барои табобату муолиҷаи ҳамаҷонибаи беморон ба фаъолият ҷалб карда шуда, онҳо бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, либосҳои муҳофизатӣ, айнак, дастпӯшак ва ниқобҳои тиббӣ таъмин мебошанд.

Беморхонаи сироятии муваққатӣ ҳамчунин дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз аст.

Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ҳамчунин аз беморхонаи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда” ташкил шудааст, боздид намуданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар доираи ҳамкориҳои судманди дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери махсуси тиббӣ якҷо бо таҷҳизоти махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) дастрас карда шуд.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошт.

Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст.

Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6 нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмуъ имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шаванд.

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе васлу насби таҷҳизот ба анҷом расида, корҳои чароғонсозӣ ва мумфаршкунии гирду атрофи муассиса корҳо пурра ба итмом расидааст.

Ба андешаи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи сайёр сарбориро дар беморхонаҳои амалкунандаи пойтахт коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои Беморхонаи сайёр, аз сатҳи муносибати ҳамкориҳои ду давлати дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаронӣ карда, кӯмаки кишвари ҳамсояро дар ин рӯзҳо намунаи барҷастаи робитаи мутақобилан судманд маънидод карданд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеи он, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони ҳимматбаланду ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ барои анҷоми босуръату сифати тадбирҳои сохтмонӣ дар ин иншоот арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар ноҳияи Сино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе аз вазъи беморхонаи муваққатӣ шинос шуданд.

Иншооти мазкур тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19 барои қабули 500 нафар беморони мубталои короновирус муҷаҳҳаз бо тамоми техника ва лавозимоти зарурӣ омода гардидааст.

Беморхона дар масоҳати 14 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд шуда, он аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе соли гузашта бунёд гардида буд ва бо дарназардошти пайдо ва паҳн гардидани коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муддати кутоҳ ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шуд.

Иншоот аз 5 қисм иборат буда, дорои 110 ҳуҷраи муолиҷавӣ, 24 утоқи корӣ барои табибон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар беморхона имкон аст дар як вақт то 500 нафар бемор ба табобат фаро гирифта шавад.

Дар ошёнаи якум тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгинӣ мавҷуд аст, ки барои муоина ва муайян намудани ҳолати бемор мусоид аст. Шуъбаи эҳё низ дар ошёнаи якум ҷой дода шудааст.

Ҳамаи утоқҳои муолиҷавӣ бо таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъмин карда шудааст.

Шуъбаи эҳё аз 36 кат, аз ҷумла 23 кати функсионалӣ ва 13 кати оддӣ иборат буда, бо 24 адад дастгоҳи нафаскашии сунъи “Боброва”, 12 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 13 адад балғамкашаки барқӣ, 6 адад дастгоҳи таъминкунандаи нафас, 7 адад монитор, 2 адад инфузомат, 3 адад халтаи амбу, 2 адад лампаҳои кварсӣ ва 1 адад дефибрилятор муҷаҳҳаз аст.

Ҳамзамон як мошини сайёри рентген ва ду мошини ёрии таъҷилӣ дар хизмати беморон мебошад.

Бо назардошти фаъолияти шабонарӯзии табибон ошёнаи шашуми иншоот, ки дорои 22 утоқ мебошад, барои табибон пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизот, ҷой ва рахти хоб таъмин мебошад.

Барои бехатарии наздикони беморон ва инчунин табибону дигар кормандони беморхона долонҳои сабз ва сурх муайян шудааст ва талаботи санитарию беҳдоштӣ қатъиян риоя ва назорат карда мешавад.

Маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, инчунин маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти муҳими тиббӣ дар ин беморхона ва беморхонаҳои муваққатии дигар ба миқдори зарурӣ таъмин мебошад.

Баъди шиносоӣ аз вазъи беморхонаи муваққатӣ дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе мулоқот карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат вобаста ба вазъи баамаломада, пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ дар кишвар ва ба таври оҷилию сифатнок хизмат расондан ба беморон ба кормандони соҳаи тандурустӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо бемории нав гузориши муфассал дода, таъкид намуданд, ки тамоми беморхонаҳои шаҳру навоҳии мамлакат бо маводи доруворӣ, таҷҳизоти тиббии зарурӣ, маводҳои безараргардонӣ таъмин гардида, вазъият пурра таҳти назорат қарор дорад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳисоботи худ таъкид намуданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ҳисобот дода, оид ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон аз ҷониби Роҳбари давлат дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.

Баҳри таъмини хизматрасонии босифат ба беморон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуда, мутахассисони вазорат, олимони шинохтаи соҳаи тиб тавассути технологияҳои муосир тариқи мустақим ба ниёзмандон кумаки машваратӣ расонида истодаанд.

Танҳо имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои қабули беморони мубталои короновирус бештар аз 3200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё карда шуд.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои иловагии хоби беморон бо шароити лозимаи табобат муҳайё шуда истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти бахши тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони беморхонаҳои бо технологияи замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуд.

Дар ин муддат даҳҳо иншооти тиббӣ бунёд ва аксари биноҳои беморхонаҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Имрӯзҳо дар пайравӣ аз ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат вазорату идораҳо, шахсони саховатманд ба марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо маводи доруворӣ ва хӯрокворӣ, таҷҳизоти тиббию маҳлулҳои антисептикӣ дастрас менамоянд.

Рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлат ҳамарӯза ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати пурзур кардани корҳои таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоид барои муолиҷаи гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

20.05.2020, шаҳри Душанбе www.prezident.tj

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ

2020-05-20tandurusti_sМуҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!

Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.

Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд.

Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст.

Ҳакими бузург, инчунин, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст.

Табиби ҳозиқ дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки: — «Воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ӯ имрӯз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд.

Зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва баъдан коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст.

Аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо низ сироятёбӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки дар ин бора Сарвазири мамлакат, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муфассал гузориш медиҳанд.

Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.

Табибони мо дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути телевизиону радио ва дар тамоми маҳалҳои зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт оғоз карданд ва варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Чунин корҳои ташвиқотӣ имкон доданд, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар фикри ҳифзи саломатии худ бошанд.

Бинобар ин, аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, тани сиҳат ва барори кор мехоҳам. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2 фоиз, сил 10,2, саратон қариб 37 ва вируси норасоии масунияти одам 17,4 фоиз кам мебошанд.

Мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис додем. Инчунин, ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд.

Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем.

Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад.

Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.

То имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.

Вақтҳои охир ман борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда будам. Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад.

Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти ситодро ҷиҳати пешгирӣ кардан ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ ҷоннок карда, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои фаврӣ андешад.

Ба Сарвазири мамлакат супориш дода мешавад, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор намояд.

Ғайр аз ин, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат тадбирҳои иловагии зерин бояд татбиқ карда шаванд:

  1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа саривақтӣ гузориш пешниҳод намояд. Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки:

— барои омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис диҳад;

— таъминот бо доруворӣ, либосҳои муҳофизат ва маводи зиддивирусиро дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро ҳар рӯз бо Ситоди ҷумҳуриявӣ мувофиқа созад;

— табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтихоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд;

— барои риояи қоидаҳои беҳдоштии ҳар як сокини мамлакат варақаҳои тавсиявиро паҳн намояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути табибону мутахассисон ҷоннок гардонад;

— дар раванди пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби равоншиносон барои ба мардум фаҳмонидани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад;

— аз ҳисоби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, сабабу оқибатҳои ин бемориро муайян намояд ва ҷиҳати амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад;

— бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фарматсевтӣ» чораҷӯӣ намояд;

— якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ҳарчи зудтар ба роҳ монад;

— марказҳои солимгардонӣ ва дигар марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намояд, ки фаъолияташонро дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ пурзӯр гардонанд;

— бо ҷалби олимон ва табибону мутахассисони баландихтисос тавассути шабакаҳои телевизиону радиои марказиву маҳаллӣ мунтазам барномаҳо ташкил карда, фаҳмонидани қоидаҳои беҳдоштиву тозагӣ, тарзи пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо забони одӣ ва ба мардум фаҳмо идома дода шавад;

— Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав барномаи давлатии ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, инчунин, дар истеҳолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизатро таҳия карда, дар давоми ду моҳ пешниҳод намоянд.

  1. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати дорувории воридшаванда диққати аввалиндараҷа дода, ворид шудани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро пешгирӣ кунанд.
  2. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумакҳои моддӣ ва маънавӣ расонанд ва беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва маводи ғизоӣ таъмин намоянд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар се рӯз ба Ситоди ҷумҳуриявӣ гузориш диҳанд.
  3. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории КОВИД – 19 дар ҳайати табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо Шӯрои байниидоравӣ таъсис дода шавад.
  4. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо олимони соҳаи тиб ва табиатшиносӣ истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитариро ба таври фаврӣ зиёд намояд ва дар ҳар як ҷаласаи ситод доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш диҳад.

Дар баробари ин, механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

  1. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонида шудаанд, таъмин намоянд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

  1. Ба роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб супориши қатъӣ дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.

Онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад. Чунки як шарти муҳимми табобат забони ширини табиб аст. Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем.

  1. Тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки ба кишвар маводи доруворӣ ворид менамоянд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаронида шуда, талаботи аҳолии мамлакат бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоту ашёи тиббӣ сари вақт таъмин карда шавад. Вазъияти баамаломада бори дигар андешаву таъкидҳои дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар зикргардидаро исбот намуд.

Яъне табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол мо корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро таҳия карда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

  1. Тавре мутахассисони соҳаи тиб, бахусус, равоншиносон медонанд, тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд. Ба гурӯҳи чунин бемориҳо диабети қанд, саратон, бемориҳои қалб, гепатит ва баъзе бемориҳои дигар дохил мешаванд. Ҳар як шахс бояд дар мавриди эҳсоси нороҳатӣ ва пайдоиши нишонаҳои беморӣ бидуни тарс ба табибон муроҷиат намояд, то ин ки табобати он ҳарчи зудтар оғоз карда шавад.

Мо бояд бовар дошта бошем, ки бемории коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳое, ки ҳолатҳои вазнинкунандаро пеш меоранд, табобатшаванда мебошад.

  1. Мехоҳам як нуқтаи муҳимро такроран таъкид намоям. Пайдоиш ва дар саросари олам бо суръати тез паҳн гардидани ин беморӣ аксари кишварҳои мутараққӣ ва аз лиҳози технологӣ пешрафтаву дорои иқтидори бузурги саноати дорусозиро дар ҳолати ногувор ва саргумӣ қарор дод.

Чунин вазъ барои мо сабақ мебошад ва мову шуморо водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди саноати дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешем. Зеро дар чунин шароити вазнину ҳассос касе дар фикри касе нест ва табиист, ки дар чунин ҳолатҳо ҳар як кишвар бо ҳалли мушкилоти худаш банд мешавад.

Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо мебошад.

  1. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дода мешавад, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осударо муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем.

Ҳамчунин, мехоҳам сипоси худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён намоям, зеро мебинам, ки сокинони мамлакат аз пойтахт сар карда, тавсияҳои табибону мутахассисонро риоя карда истодаанд.

Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад.

Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем.

Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад.

Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд.

Ҳамчунин, бо итминон изҳор менамоям, ки табибони мо аз уҳдаи ҳалли душвортарин масъалаҳо мебароянд ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ ва табобати он низ бо камоли масъулият ва эҳсоси гарми инсондӯстӣ ғолиб мебароянд.

Дар охир ба ҳамаи шумо — табибон ва ҳамшираҳои шафқат барори кор орзу менамоям. Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост. Мо ҳама якҷо дар ин мубориза ҳатман дастболо мешавем ва солимии мардуми кишварамонро таъмин мекунем.

Саломату сарбаланд бошед!

20.05.2020, шаҳри Душанбе www.prezident.tj