Падидаи душаҳрвандӣ ва вазъи ҳуқуқии он

Шаҳрвандӣ – ин алоқаи устувори ҳуқуқии шахс бо давлат мебошад‚ ки тибқи он ҳар як шаҳванд нисбати давлат ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мушаххас дорад. Яъне шаҳрвандӣ муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Зикр кардан ба маврид аст‚ ки масъалаи шаҳрвандӣ асосан ҳуқуқи дохилидавлатӣ бошад ҳам‚ вале он бо созишномаҳои универсалӣ бевосита бояд иртибот дошта бошад.

Душаҳрвандӣ ва ё бисёршаҳрвандӣ яке аз падидаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ буда‚ имрӯзҳо диққати баъзе давлатҳо ва ҳуқуқшиносонро ба худ ҷалб кардааст. Шахсоне‚ ки душаҳрвандӣ ва ё бисёршаҳрвандӣ доранд‚ онҳо «Бипатрид» номида мешаванд. Яъне шахс дар як вақт бо ҳуҷҷати расмӣ‚ шиноснома ва ғайра исбот карда метавонад‚ ки дорои ду ва ё якчанд шаҳрвандӣ аст ва мансубият ба кадом давлатро дорад.

Дар замони муосир задухурдҳои фарҳангу тамаддунҳо ва тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳон ба чашм мерасад‚ ки баъзе давлатҳо дар қонунгузории миллии худ оиди ин масъала меъёрҳои махсус пешбинӣ карда истодаанд. Аз он ҷумла‚ дар Конститутсияи Руминия пешбинӣ шудааст‚ ки вазифаҳои оммавӣ‚ мансабҳои олии давлатиро шахсоне ишғол карда метавонанд‚ ки танҳо шаҳрвандии Руминияро доранд.

Агар атрофи масъалаи душаҳрвандӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назар кунем‚ дар моддаи 15 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ва моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумхурии Тоҷикистон» чунин меъёр пешбинӣ шудааст. «Мансубияти шаҳрвандии Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад‚ ба истиснои мавридҳое‚ ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи душаҳрвандӣ танҳо бо Федератсияи Россия аз 7-уми сентябри соли 1995 шартномаи дуҷониба бастааст‚ ки ин шартномаи байнидавлатӣ аз 10 модда иборат буда‚ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди Федератсияи Россия қувваи якхелаи ҳуқуқӣ дорад. Ин шартнома ба мӯҳлати 5 сол баста шудааст ва агар тарафҳо 6 моҳ пеш аз ба охир расидани шартнома мӯҳлати шартнома бо тариқи хаттӣ барои бекор кардани шартнома тарафи дигарро огоҳ накунанд шартномаи мазкур ба мӯҳлати 5-сол баста шуда‚ ба ҳисоб меравад ва то ҳол ин шартнома амал мекунад.

Дар моддаи 1 ин шартномаи байнидавлатӣ омадааст‚ ки  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳолати ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд‚ яъне дар як вақт соҳиби душаҳрвандӣ бошанд. Дар моддаи 3 ин шартномаи байнидавлатӣ масъалаҳои ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодӣ‚ ӯҳдадориҳо ва таъминоти иҷтимоии шахсони дорои душаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.

Баъди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2016 агар мо баъзе меъёрҳои онро шарҳ диҳем‚ масъалаи  доштани душаҳрвандиро дар бар мегирад. Аз он ҷумла дар бобҳои 3‚4‚5‚8 нисбати вакили Маҷлиси намояндагон‚ узви Маҷлиси Миллӣ‚ номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон‚ аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон‚ судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои махсус пешбинӣ шудааст‚ ки таъин ва интихоб шудан дар ин вазифаҳои мансаби давлатӣ танҳо доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекунад.

Новобаста аз он‚ ки шартномаи байнидавлатӣ доштани душаҳрвандиро иҷозат додааст‚ аммо дар баъзе ҳолатҳо он  таъсири худро ба бештари соҳаҳои дохилидавлатӣ  мерасонад‚ ки дар меъёрҳои конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст.Аз қоидаҳои умумӣ бармеояд‚ ки масъулияти шахси душаҳрванд мансуб ба ду кишвар аст‚ лекин ҳуқуқу озодии он дар он кишваре татбиқ мегардад‚ ки истиқомати доимӣ дошта бошад.

Ҳамин тариқ‚ махсусиятнокии падидаи «душаҳрвандӣ» дар он ифода меёбад‚ ки он на ба санадҳои қонунгузорӣ‚ балки бо мавҷуд будани шартномаҳои дуҷониба бо давлатҳои алоҳида танзим мегардад.

Қурбонов А.
нозир-коргузори Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Kasri-millat1Ҷавонони азиз!

Ҳамаи шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат самимона табрик мегӯям.

Бо дарназардошти он, ки ҷавонон нерӯи бузурги ҷомеа мебошанд, мо илова ба мақоми ваколатдор доир ба пешбурди сиёсати давлат оид ба ҷавонон боз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем.

Яъне мо ба ҳаллу фасли масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, такмили боз ҳам бештари заминаи ҳуқуқии соҳа ва муҳайё кардани шароити мусоид барои онҳо дар ҳамаи арсаҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем.

Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доранд.

Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас мегузоранд. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд.

Ҷавонон, инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.

Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзиш, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.

Доир ба ин масъала ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардам, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, худи ҷавонон бо истифода аз қобилият ва донишу малакаи хеш ташаббускору фаъол бошанд.

Бо мақсади рушди деҳот ва дастгирии аҳолии он, ки аксарияти сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавононро ташкил менамоянд, мо солҳои 2019 – 2021 -ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем.

Дар татбиқи ин ҳадафи Ҳукумат бояд аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, занон ва оила, сохтору мақомоти марказиву маҳаллии давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳарчи бештар фаъол бошанд. Бахусус, раисони шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавононро зарур аст, ки фаъолияташонро дар самти бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои соҳибкорӣ, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.

Бовар дорам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии ба нақша гирифташуда фаъолона ширкат карда, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд.

Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.

Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ ва дар кору фаъолияти созандаашон иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!

22.05.2020, шаҳри Душанбе www.prezident.tj