Мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои гурезаҳо

Мушкилоти гурезаҳо айни ҳол ба мушкилоти фарогири умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, ба вазъи устуворию бехатарии кишварҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалии батанзимдароварандаи вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, аз ҷумла, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи мақоми гурезаҳо” ва Протоколи марбут ба он ҳамроҳ шудааст. Чунин ҳамроҳшавӣ қадами муҳим дар таъмини ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо муҳайё карда шуда, бо мақсади мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои онҳо пайваста  тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.

Қобили тазаккур аст, ки аксари гурезаҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ гардида, аз ҳифзи давлат аз таъқиби кишвари худ истифода менамоянд.

Ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо яке аз самтҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Ваколатдор нисбати муроҷиатҳои гурезаҳо, ба хабару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма дар ин самт диққати махсус медиҳад.

Нисбати ҳар як муроҷиат дар хусуси вайроншавии эҳтимолии ҳуқуқи гурезаҳо ба мақомоти дахлдор дархост фиристода шуда, зарурати риояи стандартҳои байналмилалии кор бо гурезаҳо ишора карда мешавад.

Барномаи амали Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2020 ба таҳлили ҳисоботҳо, матбуот, тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои гурезаҳо, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ, санҷиши фаъолияти Қабулгоҳи  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Маркази зисти шахсони паноҳҷӯянда дар шаҳри Ҳисор, таҳияи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳуқуқи гурезаҳо ва ташкили баромад дар ВАО ва чопи мақолаҳо дар Ахбор ва сомонаи Ваколатдор дар самти риояи ҳуқуқҳои гурезаҳо ва  имконияти муроҷиати онҳо ба Ваколатдор нигаронида шудааст.

Ҳангоми амалӣ намудани фаъолият гузаронидани вохӯриҳо бо гурезаҳо ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин қабули гурезаҳо дар ҷойҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорабиниҳои мазкур диққати асосӣ ба паҳн намудани донишҳо дар хусуси стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва риояи онҳо нигаронида мешаванд.

Ҳамшарикони асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди маѕомоти коріои дохилҳ оид ба муайян намудани маѕоми гуреза, сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои  ҷамъиятӣ ба шумор мераванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ бо Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро густариш дода, мунтазам бо намояндагони он вохӯриҳо анҷом медиҳад. Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳои якҷоя, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, пешомадҳои ҳамкориҳои минбаъда ва эътино ба вазъи гурезаҳо мавриди муҳокимаи фаврӣ қарор дода мешаванд.

Соли 2020 дар доираи ин ҳамкориҳо Нақшаи кории муштарак байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва  Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ карда шуд.

Тибқи даъвати Намояндагии Раёсати Комиссари Олии  СММ  оиди кор бо гурезаҳо дар Тоҷикистон роҷеъ ба барномаи махсусгардонидашуда оид ба муайянсозии вазъи паноҳандагон соли 2020 иштироки намояндаи Дастгоҳи Ваколатдор дар омӯзиши фосилавӣ (дистансионӣ) ва семинар дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст. Мақсади барномаи мазкур ин баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон дар самти муайян намудани вазъи паноҳандагон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва дастгирии гурезаҳо ва паноҳандагон, мусоидат дар таҳияи фаҳмиши муайян намудани вазъи гурезаҳо ва паноҳандагон дар байни мутахассисон, баррасии масъалаҳои бехатарии давлатҳо бо дарназардошти принсипи ҳифзи гурезаҳо ва паноҳандагон, такмили сифати расмиёти муайян намудани вазъи гурезаҳо ва паноҳандагон мебошад.

Ҳамзамон ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо созмонҳои ѓайридавлатӣ хусусияти мунтазамро касб намудааст. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гурезаҳо дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” барои аъзои комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди маѕомоти коріои дохилҳ оид ба муайян намудани маѕоми гуреза гузаронидани мизи мудаввар пешбинӣ шудааст. Дар барномаи чорабинии мазкур талаботҳои асосӣ  дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, баҳогузории қонунгузории миллӣ аз нигоҳи стандартҳои байналмилалӣ, таҷрибаи кори мақомоти давлатии ҷумҳурӣ дар самти кор бо гурезаҳо, мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, стандартҳои байналмилалии самти мазкур ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.

Бо истифода аз воситаҳои муқаррарнамудаи қонун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд кӯшиш менамояд, ки барои ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла, гурезаҳо, оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Ашуров Муқим Усмонович –
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон