Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

2020-06-26vahdati_milli_0Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.

Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Дар ин раванд, мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям.

Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем.

Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст.

Яъне дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан  тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз  харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Мо бо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонидем, ки ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсиро ҳамчун тақозои ҳаётӣ ва умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор намоем.

Дар қадами аввал, мо фаъолияти сохтору мақомоти амалан фалаҷшудаи давлатиро барқарор кардем ва дар ин раванд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамонро, ки ба кишварҳои дуру наздики олам гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонидем.

Баъдан ислоҳоти конститутсиониро роҳандозӣ намуда, парламенти касбиро таъсис додем ва ҳамзамон бо ин, ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдии иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем.

Дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ мо тавонистем, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлатро аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ бахшида, масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Бинобар ин, имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

 Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки сокинони кишвар, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Яъне дар раванди ободонии Ватани маҳбубамон имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузурги мамлакат, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамватанони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории самимӣ баён менамоям.

Мехоҳам нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистонро дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ махсус таъкид намоям.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон мо рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардем.

Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Дар айни замон ин кори муҳим яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият, сохтору мақомоти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф ва муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олии худ қарор додаем, устуворона идома диҳем ва барои сокинони мамлакат шароити мусоиду арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки сохти давлатдории Тоҷикистон, яъне моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад, зеро он бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст.

Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.

 Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд.

Тавре ки борҳо гуфтаам, хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад ва дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат, беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем.

Ҳамватанони арҷманди мо хуб мушоҳида мекунанд, ки вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.

Дар баробари буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бахусус, терроризм, экстремизми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки бехатарии бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахт халалдор месозанд, имрӯз мушкилоти экологӣ, яъне тағйирёбӣ ё гармшавии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, аз ҷумла хушксолӣ, беобӣ, обхезӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи КОВИД-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Бовар дорам, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

26.06.2020, шаҳри Душанбе www.prezident.tj

 

 

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – Созишномаи тақдирсоз

Басо рамзист, ки ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо – Тоҷикистон 27 июн – «Рузи Ваҳдати миллӣ» ҷашн гирифта мешавад.

Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, дар он шароити ҳассос ва вазнини сиёсию иқтисодӣ барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа ба мо шахсияте лозим буд, ки тавонад тамоми мушкилию монеаҳоро бартараф намуда, ватани азиз ва миллатамонро аз нобудшавӣ наҷот диҳад.

Маҳз бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи музокирот, мулоқотҳои расмӣ ва вохӯриҳои ғайрирасмӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсия Россия ба имзо расонида шуд.

Дар баробари ба имзо расонидани Созишномаи мазкур ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон таъмини сулҳу оромӣ, масъалаҳои ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, сарҷамъ намудани миллат, барқарор намудани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ташкили артиши миллӣ дар мадди аввал меистод. Мавриди зикр аст, ки дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик ба вуҷуд омада буд.

Сарвари давлат бо назардошти манфиатҳои бунёдии давлату миллат ва дарки масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои имрузаву оянда, барои аз бӯҳрони шадид баровардани ҷомеа талош варзиданд.

Бо гузашти вақт, барқарор шудани оромӣ, пояҳои давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, бештари кишварҳо таҷрибаи давлати моро дар самти ба даст овардани сулҳу субот мавриди омӯзиш ва истифода қарор доданд.

Бо ба имзо расидани ин Созишнома дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Сулҳу субот барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон – Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омад. Муҳимтар аз ҳама ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ баланд гардид. Ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа имрӯзҳо ба қадри сулҳу субот ва оромӣ расида, онро эҳтиром ва ҳифз менамояд. Маҳз бо баракати ваҳдат ва сулҳу оромӣ давлати ҷавони Тоҷикистон ба ҳадафҳои некбинонаи худ расид, ки шарти ҳатмӣ ва асоси боэътимоди рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мебошад.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ созишномаи тақдирсоз буда, дастоварди бузург ва мақсади миллати мо мебошад. Мо сокинони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро лозим аст, ки бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ба қадри сулҳу субот ва оромӣ, ки асоси пешрафти ҳар як давлат мебошад, бирасем.

 

Ш. Раҷабов,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи байналмилалии гурезаҳо

Шурӯъ аз соли 2001 дар ҷаҳон 20 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии гурезаҳо таҷлил карда мешавад. Мушкилот вобаста ба гуреза шудан яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Зеро гурезаҳо як қишри осебпазире мебошанд, ки маҷбуранд барои наҷоти худ дар шароити фавқулодда мубориза баранд.

Масъалаи гурезаҳо хусусан дар асри ХХI тамоюли глобалӣ пайдо кардааст, ки сабаби асосии он то рафт зиёд шудани низоъҳо ва авҷ гирифтани терроризму экстремизми байналмилалӣ мебошанд.

Ҳуқуқи гурезаҳо дар Конвенсияи СММ «Дар бораи мақоми гурезаҳо» аз соли 1951 ва Протоколи марбут ба он аз соли 1967, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (м.2 ва м.12), Конвенсияи СММ аз соли 1984 ба муқобили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф (м.3), Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак (м.22) ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, соли 1994 ба Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо ва Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо ҳамроҳ шудааст.

Дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳо танзими ҳуқуқии худро ёфтаанд.

Қонунгузории миллӣ дар самти гурезаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи шаҳодатномаи гуреза» аз 26 сентябри соли 2016 №389, «Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест» аз 26 июли соли 2000, №325, «Дар бораи номгӯи кишварҳое, ки муваққатан зиндагӣ кардан дар онҳо то омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои рад намудани бақайдгирии илтимоснома доир ба гуреза эътироф намудани шахси хориҷӣ ва рад кардани эътирофи гурезагии ӯ» аз 26 июли соли 2000 №323, «Дар бораи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза» аз 30 ноябри соли 2018 №568, Низомномаи шаҳодатномаи муваққатӣ №446 аз 11 июли соли 2019 ва дигар санадҳо иборат аст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда муайян гардида, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳо муқаррар шудаанд. Қонуни мазкур моҳи майи соли 2002 қабул шуда, то ба ҳол ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Тибқи қонунгузории миллӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ ҷустан доранд, тавассути эътироф намудани мақоми гурезагӣ паноҳгоҳ дода мешавад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 тибқи маълумоти ВКД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2300 нафар гуреза ва 533 нафар паноҳҷӯянда ба қайд гирифта шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷуянда ва аъзои оилаи онҳо, ки барои гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд, маркази ҷойгиркунонии муваққатӣ сохта шудааст.

Дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Ба даст овардани мақоми гуреза, гузаштан аз бақайдгирии муваққатӣ, ҳамгироии маҳаллӣ, шуғл, таҳсил ва гирифтани маълумотномаи аз ҷойи зист аз ҷумлаи чунин мушкилиҳо мебошанд.

Механизми амалисозии ҳамгироии гурезаҳо, гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кӯмак, ҳуҷҷати сафарии гурезаҳо, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» пешбинӣ гардидааст, таҳия ва роҳандозӣ нашудааст. Инчунин дар ин самт барномаи давлатии ҳамгироии гурезаҳо қабул нашудааст.

Аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ низ оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти мазкур тавсияҳо пешниҳод шудаанд, ки амалисозии онҳо дар Нақшаи миллии амалҳо оид ба рафъи табъизи нажодӣ барои солҳои 2018-2020 пешбинӣ гардидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо пайваста чораандешӣ менамояд.

Дар ин самт аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон машваратҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо нақшаи кории якҷоя ба имзо расид.

Итминон дорем, ки зимни амалишавии нақшаи мазкур мушкилоти мавҷуда дар ин самт бартараф гардида, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо мусоидат карда мешавад.

Маҷидов П.Б.,                            
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ

Масъалаҳои марбути ақаллиятҳои миллӣ чӣ дар дохили ҳар як давлат ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ масоили мубрам ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст ва дар як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ инъикос гардидаанд.

Дар санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, бахусус дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Эъломия дар бораи ҳуқуқи шахсони ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ё забонӣ мансуббуда (Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ), Конвенсияи чорчӯбавӣ дар бораи ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ, Эъломияи Дурбан, Ҳуҷҷати Копенгаген ва дигарҳо ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ эътироф ва ҳифз карда мешаванд.

Моддаи 27 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аввалин меъёри байналмилалии ҳуқуқӣ ба шумор меравад, ки махсус ба ақалиятҳои миллӣ бахшида шудааст. Дар он омадааст, ки дар кишварҳое, ки дар онҳо ақаллиятҳои миллӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуданд, ба шахсоне, ки ба чунин ақалиятҳо тааллуқ доранд, ҳуқуқи онҳо барои якҷоя бо дигар аъзои ҳамон гуруҳ истифода намудан аз фарҳанги худ, пайравӣ кардан ба дини худ ва иҷрои маросимҳои он, ҳамчунин истифода аз забони модарӣ набояд инкор карда шавад.

Меъёрҳои баробарии ақаллиятҳои миллӣ, роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ ва кафолат дода мешаванд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ба худмуайнкунӣ эътироф намуда, муқаррар намудааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд (моддаи 2). Дар матни як қатор қонунҳо манъи вайронкунии баробарии ҳуқуқ ё табъиз пешбинӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, Кодексҳои меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” дорои чунин меъёрҳо мебошанд.

Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд”.

Ақаллиятҳои миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» метавонанд барои қонеъ намудани эҳтиёҷоташон ҷамъиятҳои худро дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.

Тибқи қонунгузории амалкунанда ба ақаллиятҳои миллӣ инчунин озодии интихоби забони муошират, ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти умумии миёна ва иттилоот бо забони модарӣ кафолат дода шудааст.

Сиёсати давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба муттаҳидии миллату халқиятҳои Тоҷикистон равона шуда, ташаббусҳои давлат дар самти сиёсати этникӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Дар ҷумҳурӣ вобаста ба якхела набудани аҳолӣ мушкилот ба назар нарасида, миллату халқиятҳои гуногун дар шароити дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ ва дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамалакат фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият мекунанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо баъзе аз ҷамъиятҳои аққалиятҳои миллӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Тибқи барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ пешбинӣ шудааст. Соли 2019 санҷиши фаъолияти Вазорати фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин самт гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони вазоратҳои мазкур гузоришу тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Соли 2020 санҷиши фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Муроҷиатҳои намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мунтазам аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас ирсол карда мешаванд.

Инчунин бо мақсади мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ аз вохӯрию мулоқот бо намояндагони онҳо, мизҳои мудаввар, машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ, баромад дар воситаҳои ахбори умум, нашри мақола, чоп ва паҳн намудани маводҳои иттилоотонӣ ва сомона истифода карда мешаванд.

Бо мақсади мусоидат ба баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ Ваколатдор ва кормандони Дастгоҳи он дар таҳия ва баррасии Гузоришҳои миллии Тоҷикистон доир ба татбиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ мунтазам иштирок менамоянд.

Дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон   маълумот дар бораи санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Гузоришҳои миллии  Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи мазкур, тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъизи нажодӣ ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи мазкур ҷой дода шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кӯшиш менамояд барои ҳамкориҳои судманди минбаъда бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намояд.

Ашуров Муқим Усмонович –
Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии сovid-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 герб

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19
ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:

— барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;

— нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;

— то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;
— то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд;

— аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

— аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

— фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;

— бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;

— нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;

— аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд;

— то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад;
— барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд;
— барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;
— ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;
— то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон:
— ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд;
— якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд;
— мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд;
— ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад;
— дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд;
— якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд.

3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 июни соли 2020
№1544

Баъзе аз масъалаҳои ҳуқуқи инсон чун дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои олии тамаддуни инсонӣ мебошад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва инфиродиро фаро мегирад. Дар соҳаи таълим ҳуқуқи инсон таълимоти мураккаб ва гуногунҷабҳа буда, он низоми ҳуқуқ ва озодиҳоро на танҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ, балки дар вобастагӣ бо сиёсат, иқтисодиёт, ахлоқ ва фалсафа мекушояд.

Ҳуқуқи инсон ин дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аксарияти халқиятҳои ҷаҳон дар инкишофи падидаи мазкур саҳмгузорӣ кардаанд. Яке аз қадимтарин санадҳо, ки дар он масъалаҳои ҳуқуқи инсон дарҷ гардидааст. Эъломияи Куруши Кабир мебошад, ки соли 539 то милод қабул шудааст. Дар санад бори аввал озодии виҷдон ва ҳуқуқ ба мусофират ба танзим дароварда шуда буданд. Инчунин мо бояд дар баробари Эъломияи мазкур санадҳои зеринро қайд намоем, ки ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд Хартияи бузурги озодихоҳӣ аз соли 1215, Билл оид ба ҳуқуқҳо дар британияи Кабир аз соли 1689, Билл оид ба ҳуқуқҳо дар ШМА 1789-1791, Эъломияи ҳуқуқи инсон дар Фаронса.

Ӯҳдадориҳои байналмилалии таъмини ҳуқуқи инсон нақши муҳимро дар раванди қонунии ҷаҳонишавӣ мебозад. Оғоз аз таъсиси Созмони Милали Мутаҳид дар соли 1945 ва қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948 ӯҳдадориҳои ҳуқуқи инсон қисмати намоёни заминаи чандин созмонҳои байналмилалиро ташкил додааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар агарчи хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст ва зиёда аз 70 сол мешавад, ки ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад. Баъд аз қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бунёд намудани низоми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои инсон шурӯъ намуд ва чандин санадҳои байналмилалии дигари универсалӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои этирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир дораднд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол шудан, ба самти бунёд намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадам мегузорад. Сараввал фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати тарақикарда, ки дар он ҳуқуқи инсон мавқеи хоса дорад, равона карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, меъёрҳои онҳоро ба қонунгузории миллӣ дохил намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, таҳким, такмил ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ, байналмилалӣ ва умумиҷаҳонӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи ҳамкории мутақобилаи судманд, эҳтиром ба тамомияти марзӣ ва баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба арзишҳои демократии ҷаҳони муосир мебошад.

Иҷроиши меъёрҳои умумии ҳуқуқи инсон барои фарҳангҳои мухталиф дар маркази баҳси универсализм қарор дорад. Муҳим аст, ки мушахасоти фарҳангии меъёрҳои ҳуқуқи инсон иҷозат дода мешаванд, бахусус, дар он ҷойҳое, ки ҷомеаҳо ба арзишҳои оммавӣ такя менамоянд. Дар таҳкими реҷаи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳамчун қисмати саҳеҳи ҷаҳонишавӣ дида мешавад. Ин ҷанбаи ҷаҳонишавӣ ба поёнравии фарҳанги халқиятҳои кӯчак оварда намерасонад ва он ба мафҳуми маҳаллишавӣ дар ин ҷода ба якдигар ихтилоф намекунанд.

Тибқи Эъломия ва Барномаи амали Конференсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки дар Вена соли 1993 тасдиқ шудааст, ҳама ҳуқуқҳо на танҳо умумӣ, балки тақсимнашаванда, ба якдигар вобаста ва ба ҳамдигар пайванданд. Ба ин тарз мафҳум ва мақсадҳои ӯҳдадориҳои ҳуқуқи инсон тақсимнашаванда мебошанд. Эъломияи Вена муҳимоти баробарии ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро изҳор намудааст ва эълом доштааст, ки онҳо умумӣ, тақсимнашаванда ва аз ҳамдигар вобастагӣ ва бо ҳамдигар пайвастагӣ доранд.

Боиси ифтихор аст, ки даҳсолаи охир дар Тоҷикистон атрофи ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олитарини инсоният чунин фаҳмише ба миён омадааст, ки он бояд риоя, таъмин ва муҳофизат гардад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чандин маротиба таъкид доштанд – «Ҷумҳурии Тоҷикистон азми сохтмони давлати ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мавқеи марказиро ишғол менамоянд, дорад».

Албата, набояд фаромуш сохт, ки ин ҳуқуқҳо сарчашма мегиранд аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Бобохонов С.С.,
муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фарҳанг ҳастии миллат аст

«Фарҳанг ҳастии миллат аст» — ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои доимию пурвусъати давлату ҳукуматро баҳри ҳифзу рушди сарватҳои маънавии халқамон дақиқ ифода мекунад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассуми таърихи тӯлонию ғанӣ ва тамаддунофарии тоҷикон мебошанд, ниҳоят зиёданд. Баробари табиати зебову иқлими муътадил, таърихи ғанӣ ва ёдгориҳои нодири бостонӣ, анъанаву суннатҳои фаровони мардумӣ Тоҷикистонро ба сифати як мамлакати сайёҳии ҷаҳони имрӯза муаррифӣ менамоянд.

Дар моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

Соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои меъроси таърихию фарҳангӣ» қабул гардид. Дар  моддаи 1 ин Қонун қонуни мазкур нишон дода шудааст:

— танзими ҳуқуқии таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, рушди минбаъдаи онҳо ба манфиати ҷомеа;

— муайян намудани низоми ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун намуди хоси молу мулки ғайриманқул ва сарвати умумимиллӣ;

— муқаррар намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

— татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

— таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

— ҳимояи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муайян намудани ӯҳдадориҳои онҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Саразм бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб буда, ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё қарор гирифтааст. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи халқи тоҷик Саразм аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ буда, аввалин бор бобати он бостоншинос, номзади илмҳои таърих, Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти «Чимқӯрғон» (ҳоло «Саразм») Ашӯралӣ Тайлонов маълумот медиҳад.

Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972 дар вақти сохтмони хонаи истиқоматӣ табареро пайдо карда, ба кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент нишон медиҳад. Бо маслиҳати онҳо бозёфтро ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, месупоранд.

Шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун қадимтарин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм А.Исҳоқӣ масоҳати онро аз 90 то 130 гектар ва шумораи аҳолиашро то 8000 муайян намудааст. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003 — 2005) ба Саразм ташриф оварданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид.

Бо назардошти пешниҳоди хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон оид ба таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, ташаббуси мазкур дар Конфронси кулли ЮНЕСКО (12-28 ноябри соли 2019) мавриди дастгирӣ қарор гирифта, ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Иқдоми Пешвои миллат — таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ идомаи мантиқии ибтикороти қаблии Сарвари хирадманду дурандеши мамлакат маҳсуб шуда, моро водор месозад, ки мероси қадимиамонро ҳифз карда, онро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи маълумоти бостоншиносӣ ба ҳавзаи қадимтарини пайдоиши инсон ва ташаккули ҷомеаи инсонӣ шомил мебошад.

Салоҳуддинов М.М.,
корманди Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Боздид аз Кооперативи истеҳсолии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара

2020-05-29danghara_muhsinjon30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» боздид ба амал оварданд.

Самти асосии Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд.

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, хоҷагидорон дар замин асосан ғалла кишт мекунанд.

Тибқи нақша соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст, ки ин аз оқилонаву самаранок истифода шудани ҳар қитъа замини корам ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд шаҳодат медиҳад.

Қариб 200 гектар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»и ноҳияи Данғара обӣ буда, замини он ҳосилхез мебошад. Дар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат-Данғара кишт карда шуда, ҳамасола ҳосили баланди ғалла ба даст оварда мешавад. Мувофиқи иттилоъи масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи «Фарҳоди», ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст.

 Ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Зеро барзгарон бо мақсади ба даст овардани ҳосилнокии баланди ғалла, таъмин намудани хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тухмии аълосифат навъҳои гандуми ҳосилдеҳи ғалларо кишт намудаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъу намои замини ғаллаи Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бояд зикр сохт, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии ғалла ва офаридани навъҳои тухми гандуми ба иқлими ноҳия мусоид бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ғаллакор маҳсуб ёфта, кишоварзон бо гирифтани ҳосили фаровони гандум дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ноҳияи Данғара ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ғалла ва ба даст овардани ҳосили баланд тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда, заминҳои лалмии ноҳия, ки дар бештари онҳо гандум кишт карда мешавад самаранок истифода бурда мешаванд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, бо истифода аз техникаҳои муосир саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили замини ғаллазор ва ба ҷойи он гузаронидани кишти такрорӣ ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

30.05.2020, ноҳияи Данғара www.prezident.tj

Шиносоӣ аз рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи корхонаи саноатӣ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Данғара

2020-05-30danghara_khuroson_030 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии деҳоти Лолазор бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи мақсадноки замин дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи ниҳоли хоҷагии деҳқонии мазкур, ки дар масоҳати 13 гектар бунёд шудааст, хоҷагидорон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан машғуланд.

Дар ин ҷо 32 намуди ниҳол аз ҷумла, маржавиники зарафшонӣ, тус, булут, шоҳбулут, серенаи ҳиндуӣ, олуи зинатӣ, корнус, саснаи қримӣ, магнолияи ҳамешасабз, лавлариш, ёс, филгуш, зилол, олучаи мичуринӣ, хурмо, себи самаренка, себи хубонӣ, кипариси аризонӣ, арчаи элдарӣ, акатсияи маҳин, сафора, такпайванди себ, такпайванди нок, такпайванди олуча ва гули садбарг мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ниҳол мавҷуд набуд ва барои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ сокинон аз хоҷагиҳои ниҳолпарвари дигар минтақаҳои мамлакат эҳтиёҷоти худро қонеъ месохтанд.

Хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа аз тухм, қаламча ва дигар роҳу усулҳои муосир ба парвариш ва мутобиқсозии ниҳол ва гуллу буттаҳо машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагидорон барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ ва таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.

Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон”  бо фаъолияти  гармхона ва ҷараёни бунёди боғу токзор шинос шуданд.

Масоҳати гармхона ду гектарро ташкил намуда, дар он 1600 бех лиму, 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 10 ҳазор гулу ниҳолҳои хонагӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 80 ҳазор бех ниҳоли гулҳо дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.

Дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни машҳур аз ҷумла, намудҳои салвия, тагетис, тселозия, бегония, колеус, гипоестес, тсиния, пиларгония, алисиум, традескансия, хлорофитум, партулак, хедера хеликс, папоротник, аспарагус, шефлера, фикус, филодендрон, юка, гибискус, питуния ва сукулентӣ мавҷуд аст.

Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2017 таъсис ёфта, дорои 142 гектар замин мебошад, ки 88 гектари онро боғ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 33 гектар гелос, 18 гектар олу, 8 гектар зардолу, 4 гектар бодом, 11 гектар писта, 7 гектар нок, 0,60 гектар анор, 0,20 гектар анҷир, 0,80 гектар хурмо, 1,5 гектар олуча, 1,5 гектар чормағз, 0,50 биҳӣ ва 2 гектар токзор мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 12 гектар гандум, чор гектар ҷав, дар миёни қаторҳо 6 гектар полезӣ, як гектар сабзавот ва 0,50 гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Дар ин хоҷагӣ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, хоҷагидорон вобаста ба пайдо гардидани корҳои мавсимӣ ҳамасола шумораи кормандонро ба таври кироя зиёд менамоянд.

Яке аз тадбирҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия замина гузошт, ин обёрӣ кардани заминҳо мебошад.

Дар марҳилаи якум соли 2006 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм соли 2016 1750 гектар ва дар марҳилаи сеюм шуруъ аз соли 2016 то имрӯз 1750 гектар замин  обёрӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” оид ба рушди соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор, ба муҳити минтақа мутобиқ кардани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли аз ҷиҳати экологи тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқ намудани дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳату тавсияҳои  муфиду судбахш доданд.

Заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи бой, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва тавсияи мутахассисони соҳа аст, ки имрӯз нашъунамои ҳама гуна маҳсулот ва ниҳолҳо дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз солҳои пеш то ба имрӯз сокинони ноҳияи Данғара бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар саҳро ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат шуҳратёр буда, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ва содироти меваю сабзавот нақши бориз доранд.

 Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” корхонаи саноатии “Био Тех”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаи истеҳсолӣ ҳамчун маркази илмию амалӣ ҷиҳати пешбурди парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст.

Дар корхонаи истеҳсолӣ коркарди мевагиҳо, аз ҷумла, тут, ангур, зардолу, олуча, дулона, хуч, растаниҳи фенхел, кавар, бобуна, кокутӣ, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим коркардашонро дар шароити хона анҷом медоданд, бо истифодаи технологияи муосири соҳавӣ коркард мешавад.

Инчунин хатҳои технологии корхонаи саноатии “Био Тех” имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои худӣ ва бо ворид намудани консентрати меваҳои тропикӣ, аз ҷумла апелсин, мандарин ва манго ба таври доимӣ истеҳсоли шарбатҳоро ба роҳ монда шавад.

 Корхона аз ҷониби шахсони ватандӯсти ноҳия дар ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ бунёд карда шуд. Дар сурати ба иқтидори пурра фаъолият намудани  корхонаи “Био Тех” то 120 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Ҳамаи мутахассисоне, ки ба кор ҷалб шудаанд, сокинони маҳаллӣ буда, шакли истифодаи дастгоҳҳо ва коркарди маҳсулотро омӯхтаанд.

Ҳар як маҳсулоти воридшаванда ба корхона қабл аз коркард дар озмоишгоҳи дохили корхона санҷида мешаванд.

 Ба хотири таъмини корхона бо маҳсулот саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар масоҳати 5 гектар помидор, 3 гектар маккаи ширин, 3 гектар лубӣ, 1,8 гектар календула, 1,6 гектар ромашка, 1,5 гектар фенхел, 0,50 гектар укроб, 2 гектар лубиё, 0,7 гектар лаблабуи сурх, 0,3 гектар мармарак, 0,25 гектар кокутӣ, 0,50 гектар анҷибарҷ кишт карда, ҳамчунин  наздики 3 ҳазор дона кавар ва 3 ҳазор дона хуч шинонидаанд.

Таҷриба ва натиҷаи ба даст овардаи саҳмдорони хоҷагӣ собит сохт, ки дар дилхоҳ мавзеъ бунёди боғу токзор, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст, дар сурате, ки ҳангоми шинонидану кишт ва нигоҳубин ҳама талаботи соҳаи кишоварзӣ риоя карда шавад.

Имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳияи Данғара сертарадуд буда, барои истифодаи оқилона аз обу замин ҳамҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат намудан барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стретегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” мебошад.

 Таҷриба собит намуд, ки давоми солҳои охир аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва бо ҷойи кор фаро гирифтани шаҳрвандон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисоди ноҳия такон бахшидааст.

Иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон барои зиёд шудани боғҳои намунавӣ ва ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда дар ноҳияи Данғара имконият фароҳам овард.

Ба хотири нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳои шифобахш дар тобеияти хоҷагӣ сардхона сохта шудааст, ки ғунҷоишаш аз се то чор ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 598 миллиону 837,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли 2019 47 миллиону 693 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар чор моҳи соли 2020 437 ҷойи корӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо таъсис дода шуд, ки нисбати соли гузашта 176 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Данғара дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бунёду ба истифода додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатию қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии имконоти васеъ барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорони ватанӣ ба пешрафти ин соҳа дар ноҳияи Данғара заминаи устуворро фароҳам овардааст.

Тибқи нақша ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллӣ дар ноҳия сохтмони чанд корхонаи саноатии дигар низ идома дорад,  ки ин омил баробари суръат бахшидан ба тавлиди маҳсулоти ватанӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Баъди шиносоӣ бо Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи фаъолияти саҳмдорони изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

30.05.2020, ноҳияи Данғара www.prezident.tj

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

2020-05-30danghara_muloqot30 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат натиҷаи сафари серӯзаашонро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ карда, ба меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолии дохил, содирот ба кишварҳои хориҷ, мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат — таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст, Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд.

Таъкид гардид, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд. Дар вилояти Хатлон маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода шуд, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 — ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Барои рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъмин намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар чор моҳи соли 2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон аз номи Мақомоти иҷроияи давлатии вилоят ва сокинони он ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо, ташаббусҳои созанда, ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва тадбирҳои арзанда баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардум изҳори сипос карданд.

30.05.2020, ноҳияи Данғара www.prezident.tj