Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ

Масъалаҳои марбути ақаллиятҳои миллӣ чӣ дар дохили ҳар як давлат ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ масоили мубрам ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст ва дар як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ инъикос гардидаанд.

Дар санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, бахусус дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Эъломия дар бораи ҳуқуқи шахсони ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ё забонӣ мансуббуда (Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ), Конвенсияи чорчӯбавӣ дар бораи ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ, Эъломияи Дурбан, Ҳуҷҷати Копенгаген ва дигарҳо ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ эътироф ва ҳифз карда мешаванд.

Моддаи 27 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аввалин меъёри байналмилалии ҳуқуқӣ ба шумор меравад, ки махсус ба ақалиятҳои миллӣ бахшида шудааст. Дар он омадааст, ки дар кишварҳое, ки дар онҳо ақаллиятҳои миллӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуданд, ба шахсоне, ки ба чунин ақалиятҳо тааллуқ доранд, ҳуқуқи онҳо барои якҷоя бо дигар аъзои ҳамон гуруҳ истифода намудан аз фарҳанги худ, пайравӣ кардан ба дини худ ва иҷрои маросимҳои он, ҳамчунин истифода аз забони модарӣ набояд инкор карда шавад.

Меъёрҳои баробарии ақаллиятҳои миллӣ, роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ ва кафолат дода мешаванд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ба худмуайнкунӣ эътироф намуда, муқаррар намудааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд (моддаи 2). Дар матни як қатор қонунҳо манъи вайронкунии баробарии ҳуқуқ ё табъиз пешбинӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, Кодексҳои меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” дорои чунин меъёрҳо мебошанд.

Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд”.

Ақаллиятҳои миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» метавонанд барои қонеъ намудани эҳтиёҷоташон ҷамъиятҳои худро дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.

Тибқи қонунгузории амалкунанда ба ақаллиятҳои миллӣ инчунин озодии интихоби забони муошират, ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти умумии миёна ва иттилоот бо забони модарӣ кафолат дода шудааст.

Сиёсати давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба муттаҳидии миллату халқиятҳои Тоҷикистон равона шуда, ташаббусҳои давлат дар самти сиёсати этникӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Дар ҷумҳурӣ вобаста ба якхела набудани аҳолӣ мушкилот ба назар нарасида, миллату халқиятҳои гуногун дар шароити дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ ва дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамалакат фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият мекунанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо баъзе аз ҷамъиятҳои аққалиятҳои миллӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Тибқи барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ пешбинӣ шудааст. Соли 2019 санҷиши фаъолияти Вазорати фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин самт гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони вазоратҳои мазкур гузоришу тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Соли 2020 санҷиши фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Муроҷиатҳои намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мунтазам аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас ирсол карда мешаванд.

Инчунин бо мақсади мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ аз вохӯрию мулоқот бо намояндагони онҳо, мизҳои мудаввар, машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ, баромад дар воситаҳои ахбори умум, нашри мақола, чоп ва паҳн намудани маводҳои иттилоотонӣ ва сомона истифода карда мешаванд.

Бо мақсади мусоидат ба баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон ва иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ Ваколатдор ва кормандони Дастгоҳи он дар таҳия ва баррасии Гузоришҳои миллии Тоҷикистон доир ба татбиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ мунтазам иштирок менамоянд.

Дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон   маълумот дар бораи санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Гузоришҳои миллии  Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи мазкур, тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъизи нажодӣ ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи мазкур ҷой дода шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кӯшиш менамояд барои ҳамкориҳои судманди минбаъда бо мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намояд.

Ашуров Муқим Усмонович –
Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон