Рӯзи байналмилалии гурезаҳо

Шурӯъ аз соли 2001 дар ҷаҳон 20 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии гурезаҳо таҷлил карда мешавад. Мушкилот вобаста ба гуреза шудан яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Зеро гурезаҳо як қишри осебпазире мебошанд, ки маҷбуранд барои наҷоти худ дар шароити фавқулодда мубориза баранд.

Масъалаи гурезаҳо хусусан дар асри ХХI тамоюли глобалӣ пайдо кардааст, ки сабаби асосии он то рафт зиёд шудани низоъҳо ва авҷ гирифтани терроризму экстремизми байналмилалӣ мебошанд.

Ҳуқуқи гурезаҳо дар Конвенсияи СММ «Дар бораи мақоми гурезаҳо» аз соли 1951 ва Протоколи марбут ба он аз соли 1967, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (м.2 ва м.12), Конвенсияи СММ аз соли 1984 ба муқобили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф (м.3), Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак (м.22) ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, соли 1994 ба Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо ва Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳо ҳамроҳ шудааст.

Дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳо танзими ҳуқуқии худро ёфтаанд.

Қонунгузории миллӣ дар самти гурезаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи шаҳодатномаи гуреза» аз 26 сентябри соли 2016 №389, «Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест» аз 26 июли соли 2000, №325, «Дар бораи номгӯи кишварҳое, ки муваққатан зиндагӣ кардан дар онҳо то омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои рад намудани бақайдгирии илтимоснома доир ба гуреза эътироф намудани шахси хориҷӣ ва рад кардани эътирофи гурезагии ӯ» аз 26 июли соли 2000 №323, «Дар бораи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза» аз 30 ноябри соли 2018 №568, Низомномаи шаҳодатномаи муваққатӣ №446 аз 11 июли соли 2019 ва дигар санадҳо иборат аст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда муайян гардида, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳо муқаррар шудаанд. Қонуни мазкур моҳи майи соли 2002 қабул шуда, то ба ҳол ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Тибқи қонунгузории миллӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ ҷустан доранд, тавассути эътироф намудани мақоми гурезагӣ паноҳгоҳ дода мешавад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 тибқи маълумоти ВКД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2300 нафар гуреза ва 533 нафар паноҳҷӯянда ба қайд гирифта шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷуянда ва аъзои оилаи онҳо, ки барои гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд, маркази ҷойгиркунонии муваққатӣ сохта шудааст.

Дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Ба даст овардани мақоми гуреза, гузаштан аз бақайдгирии муваққатӣ, ҳамгироии маҳаллӣ, шуғл, таҳсил ва гирифтани маълумотномаи аз ҷойи зист аз ҷумлаи чунин мушкилиҳо мебошанд.

Механизми амалисозии ҳамгироии гурезаҳо, гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кӯмак, ҳуҷҷати сафарии гурезаҳо, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» пешбинӣ гардидааст, таҳия ва роҳандозӣ нашудааст. Инчунин дар ин самт барномаи давлатии ҳамгироии гурезаҳо қабул нашудааст.

Аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ низ оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти мазкур тавсияҳо пешниҳод шудаанд, ки амалисозии онҳо дар Нақшаи миллии амалҳо оид ба рафъи табъизи нажодӣ барои солҳои 2018-2020 пешбинӣ гардидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо пайваста чораандешӣ менамояд.

Дар ин самт аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон машваратҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо нақшаи кории якҷоя ба имзо расид.

Итминон дорем, ки зимни амалишавии нақшаи мазкур мушкилоти мавҷуда дар ин самт бартараф гардида, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо мусоидат карда мешавад.

Маҷидов П.Б.,                            
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон